Ӯ [Аллоҳ таоло] фариштагоне дорад, ки ҳамвора [бандаи] Ӯро аз пешорӯ ва аз пушти сараш ба фармони Аллоҳ таоло ҳифз мекунанд. Бе гумон, Аллоҳ таоло ҳол [ва сарнавишти накуи] ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, магар он ки онон он чиро, ки дар дилҳояшон доранд, дигаргун созанд [ва муртакиби гуноҳ шаванд]. Ва ҳангоме ки Аллоҳ таоло барои қавме [гирифторӣ ва] бадӣ бихоҳад, ҳеҷ чиз монеаш нахоҳад шуд ва онон ҷуз [Зоти поки] Ӯ ҳеҷ корсозе надоранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
11. Одамиро фариштагонест, ки паёпай ба амри Аллоҳ аз рӯбарӯву пушти сараш меоянд ва нигаҳбонияш мекунанд ва амалҳои неку бадашро менависанд. Ҳароина, Аллоҳ он неъматеро, ки аз они мардумест, дигаргун накунад, то он мардум худ гуноҳ карда дигаргун шаванд. Чун Аллоҳ барои мардуме бадӣ хоҳад, ҳеҷ чиз монеъи он бадӣ натавонад шуд ва онҳоро ҷуз Аллоҳ ҳеҷ тадбиркунандае нест, ки он бадиро дур кунад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\414
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\414
الترجمة الطاجيكية
لَهُۥ مُعَقِّبَٰتٞ مِّنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَمِنۡ خَلۡفِهِۦ يَحۡفَظُونَهُۥ مِنۡ أَمۡرِ ٱللَّهِۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوۡمٍ حَتَّىٰ يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنفُسِهِمۡۗ وَإِذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِقَوۡمٖ سُوٓءٗا فَلَا مَرَدَّ لَهُۥۚ وَمَا لَهُم مِّن دُونِهِۦ مِن وَالٍ
Одамиро фариштагонест, ки паёпай ба амри Худо аз рӯбарӯву пушти сараш меоянд ва нигаҳбонияш мекунанд. Худо чизеро, ки аз они мардумест, дигаргун накунад, то он мардум худ дигаргун шаванд. Чун Худо барои мардуме бадӣ хоҳад, ҳеҷ чиз монеъи Ӯ натавонад шуд ва онҳоро ғайри Худо ҳеҷ корсозе нест!
Tajik - Tajik translation