[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: « Парвардигори осмонҳо ва замин кист»? Бигӯ: «Аллоҳ таоло». [Сипас] Бигӯ: «Оё ба ҷойи Ӯ [дӯстону] корсозоне баргузидаед, ки [ҳатто] молики суду зиёни худ нестанд»? Бигӯ: «Оё нобино ва бино баробаранд? Ё торикиҳо ва нур яксонанд? Ё онон шариконе барои Аллоҳ таоло қарор додаанд, ки ҳамчун офариниши Ӯ офаридаанд ва [дар натиҷа амри] офариниш бар онон муштабаҳ шудааст»? Бигӯ: «Аллоҳ таоло офаринандаи ҳама чиз аст ва Ӯ ягонаи пирӯзманд аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
16. Бигӯ эй Паёмбар: «Кист Парвардигори осмонҳову замин?» Бигӯ: «Аллоҳ». Бигӯ: «Оё ғайри Ӯ маъбудоне баргузидаед, ки қодир ба фоидаву зиёни хеш нестанд? Бигӯ эй Паёмбар: «Оё нобинову (кофир) бино (мӯъмин) баробаранд? Ё торики (куфр)-у равшанӣ (имон) баробаранд? Ё шариконе, ки барои Аллоҳ муқаррар карданд, чизҳое офаридаанд, монанди он чӣ Аллоҳ офаридааст ва онон дар бораи офариниш ба инштибоҳ афтодаанд?» Бигӯ: «Аллоҳ офаринандаи ҳар чизест ва Ӯ ягона сазовори ибодат аст ва қаҳҳор аст болои бандагон!»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\307
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\307
الترجمة الطاجيكية
قُلۡ مَن رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ قُلِ ٱللَّهُۚ قُلۡ أَفَٱتَّخَذۡتُم مِّن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَ لَا يَمۡلِكُونَ لِأَنفُسِهِمۡ نَفۡعٗا وَلَا ضَرّٗاۚ قُلۡ هَلۡ يَسۡتَوِي ٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡبَصِيرُ أَمۡ هَلۡ تَسۡتَوِي ٱلظُّلُمَٰتُ وَٱلنُّورُۗ أَمۡ جَعَلُواْ لِلَّهِ شُرَكَآءَ خَلَقُواْ كَخَلۡقِهِۦ فَتَشَٰبَهَ ٱلۡخَلۡقُ عَلَيۡهِمۡۚ قُلِ ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖ وَهُوَ ٱلۡوَٰحِدُ ٱلۡقَهَّـٰرُ
Бигӯ: «Кист Парвардигори осмонҳову замин?» Бигӯ: «Оллоҳ». Бигӯ; «Оё ғайри Ӯ худоёне гирифтаед, ки қодир ба суду зиёни худ нестанд? Бигӯ: «Оё нобинову бино баробаранд? Ё торикиву равшанӣ яксонанд? Ё шариконе, ки барои Худо қоил шудаанд, чизҳое офаридаанд, монанди он чӣ Худо офаридааст ва онон дар бораи офариниш ба иштибоҳ афтодаанд?» Бигӯ: «Оллоҳ офаринандаи ҳар чизест ва Ӯ ягонаву қаҳҳор аст!»
Tajik - Tajik translation