[Аллоҳ таоло] Аз осмон обе фурӯ борид, он гоҳ рӯдҳо ҳар як ба андозаи [ғунҷоиши] худ ҷорӣ шуданд ва селоб кафк рӯйи худ баровард ва аз он чи бар оташ меафрузанд [ва мегудозанд], то зевар ё колое ба даст оваранд, [низ] кафке ҳаммонанди он [аз об бармеояд]. Аллоҳ таоло ҳаққу ботилро инчунин мисол мезанад. Ва аммо кафк ба каноре меравад ва нест мегардад, вале он чи ба мардум суд мерасонад, бар замин [боқӣ] мемонад. Аллоҳ таоло масалҳо инчунин баён мекунад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
17. Аллоҳ, аз осмон об фиристод ва ҳар рӯдхона ба андозаи хеш ҷорй шуд ва оби равон кафк бар сар овард. Ва аз он чӣ бар оташ мегудозанд аз маъданҳо ба монанди тиллову нуқраю мис, то зевару матоъе созанд, низ кафке бар сар ояд. Аллоҳ бадин сон ҳақ ва ботилро баён мекунад. Аммо кафк (ботил) ба каноре афтад ва нобуд шавад ва он чӣ (оби соф, яъне ҳақ) барои мардум судманд аст, дар замин пойдор бимонад. Аллоҳ инчунин барои мардум мисол меорад,(1) то ҳақ аз ботил равшан шавад.(2)
____________________
1. Яъне, Қуръонро ба борон, диди бандагонро ба рудхонаҳо, ҳақро ба оби соф ва ботилро ба кафк тамсил кардааст. 2. Тафсири Бағавӣ 4/ 308
____________________
1. Яъне, Қуръонро ба борон, диди бандагонро ба рудхонаҳо, ҳақро ба оби соф ва ботилро ба кафк тамсил кардааст. 2. Тафсири Бағавӣ 4/ 308
الترجمة الطاجيكية
أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَسَالَتۡ أَوۡدِيَةُۢ بِقَدَرِهَا فَٱحۡتَمَلَ ٱلسَّيۡلُ زَبَدٗا رَّابِيٗاۖ وَمِمَّا يُوقِدُونَ عَلَيۡهِ فِي ٱلنَّارِ ٱبۡتِغَآءَ حِلۡيَةٍ أَوۡ مَتَٰعٖ زَبَدٞ مِّثۡلُهُۥۚ كَذَٰلِكَ يَضۡرِبُ ٱللَّهُ ٱلۡحَقَّ وَٱلۡبَٰطِلَۚ فَأَمَّا ٱلزَّبَدُ فَيَذۡهَبُ جُفَآءٗۖ وَأَمَّا مَا يَنفَعُ ٱلنَّاسَ فَيَمۡكُثُ فِي ٱلۡأَرۡضِۚ كَذَٰلِكَ يَضۡرِبُ ٱللَّهُ ٱلۡأَمۡثَالَ
Аз осмон об фиристод ва ҳар як ҷӯйе ба андозаи худ ҷорӣ шуд ва оби равон каф (к) бар сар овард. Ва аз он чӣ бар оташ мегудозанд, то зевару матоъе созанд, низ кафке бар сар ояд. Худо барои ҳаққу ботил чунин масал занад, Аммо кафк ба каноре афтад ва нобуд шавад ва он чӣ барои мардум судманд аст, дар замин пойдор бимонад. Худо инчунин мисол меорад.
Tajik - Tajik translation