Ва агар он ду [мушрик бошанд ва] талош кунанд, ки ту чизеро шарики Ман қарор диҳӣ, ки нисбат ба он донише надорӣ, пас, аз он ду итоат накун ва дар дунё бо эшон ба шоистагӣ [ва накуӣ] рафтор кун ва аз роҳи касе пайравӣ кун, ки [муваҳҳидона] ба сӯйи Ман бозомадааст. Бозгашти ҳама ба сӯйи Ман аст ва аз он чи мекардед, огоҳатон мекунам
الترجمة الطاجيكية - عارفي
15. Эй фарзанди мӯъмин, агар он ду (падару модарат мушрик бошанд), талош кунанд, ки чизеро ба ҳақиқати он дониш надорӣ онро шарики ман қарор диҳӣ, аз он итоат макун. Дар дунё ба хубӣ бо онон рафтор кун ва худ роҳи касеро пайравӣ кун, ки ба даргоҳи Ман тавба карда бозмегарданд. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон мекунам ва ҳар якеро ҷазои муносиб ҷазо хоҳам дод.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\139
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\139
الترجمة الطاجيكية
وَإِن جَٰهَدَاكَ عَلَىٰٓ أَن تُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَاۖ وَصَاحِبۡهُمَا فِي ٱلدُّنۡيَا مَعۡرُوفٗاۖ وَٱتَّبِعۡ سَبِيلَ مَنۡ أَنَابَ إِلَيَّۚ ثُمَّ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Агар он ду ба кӯшиш аз ту бихоҳанд, то чизеро, ки намедонӣ чист, бо Ман шарик гардонӣ, итоъаташон накун. Дар дунё бо онҳо ба тарифе писандида зиндагӣ кун ва худ роҳи касонеро, ки ба даргоҳи Ман бозмегарданд, дар пеш гир. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва Ман аз корҳое, ки мекардаед, огоҳатон мекунам.
Tajik - Tajik translation