Ва ҳангоме ки ба онон гуфта мешавад: «Аз он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, пайравӣ кунед». Мегӯянд: «[На] Балки аз чизе пайравӣ мекунем, ки падаронамонро бар он ёфтем». Оё агар шайтон ононро ба сӯйи азоби [оташи] сӯзон даъват кунад [боз ҳам аз падаронашон пайравӣ мекунанд]?
الترجمة الطاجيكية - عارفي
21. Ва чун барои онҳое, ки дар ибодати ягонагии Аллоҳ ҷидол мекунанд, гуфта шавад: «Аз он чи Аллоҳ нозил кардааст, пайравӣ кунед», гӯянд: «(На), балки мо аз чизе пайрвӣ мекунем, ки падарони худро бар он ёфтем». Оё ҳатто агарчи шайтон онҳоро ба азоби оташи сӯзон даъват кунад, боз ҳам ба онҳо пайравӣ мекунанд?!(1).
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\347
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\347
الترجمة الطاجيكية
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱتَّبِعُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ قَالُواْ بَلۡ نَتَّبِعُ مَا وَجَدۡنَا عَلَيۡهِ ءَابَآءَنَآۚ أَوَلَوۡ كَانَ ٱلشَّيۡطَٰنُ يَدۡعُوهُمۡ إِلَىٰ عَذَابِ ٱلسَّعِيرِ
Ва чун ба онҳо бигӯянд: «Ба он чӣ Худо нозил кардааст, пайравӣ кунед», гӯянд: «На! Мо аз дине, ки падарони худро бар он ёфтаем, пайравӣ мекунем». Агарчи шайтон ба азоби оташашон даъват карда бошад.
Tajik - Tajik translation