Ва он ду дарё яксон нестанд: ин яке ширин ва хушгувор аст ва нӯшиданаш гуворост ва он яке шӯру талх аст; ва аз [сайди] ҳар як гӯште тоза мехӯред ва зеваре [ҳамчун марворид ва марҷон аз аъмоқаш] берун меоваред, ки онҳоро бар тан мекунед; ва киштиҳоро дар он дарё мебинӣ, ки [синаи амвоҷро] мешикофанд, то аз бахшоиши он баҳраманд гардед; бошад, ки сипос гузоред
الترجمة الطاجيكية - عارفي
12. Ин ду баҳр баробар нестанд: яке обаш ширину гуворост ва яке шӯру талх. Аз ҳарду гӯшти (моҳӣ) тоза мехӯред ва аз онҳо чизҳое барои ороиши тани хеш (аз дурру марҷон) берун мекашед ва мебинӣ киштиҳоро барои ёфтани ризқу рӯзӣ ва ғанимат, ки обро мешикофанд ва пеш мараванд, то шумо аз фазли Аллоҳ ризқу рӯзӣ талабед
ва бошад, ки сипостузор бошед!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\417
ва бошад, ки сипостузор бошед!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\417
الترجمة الطاجيكية
وَمَا يَسۡتَوِي ٱلۡبَحۡرَانِ هَٰذَا عَذۡبٞ فُرَاتٞ سَآئِغٞ شَرَابُهُۥ وَهَٰذَا مِلۡحٌ أُجَاجٞۖ وَمِن كُلّٖ تَأۡكُلُونَ لَحۡمٗا طَرِيّٗا وَتَسۡتَخۡرِجُونَ حِلۡيَةٗ تَلۡبَسُونَهَاۖ وَتَرَى ٱلۡفُلۡكَ فِيهِ مَوَاخِرَ لِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
Ин ду дарё яксон нестанд: яке обаш ширину гуворост ва яке шӯру талх. Аз ҳар ду гушти тоза мехӯред ва аз онҳо чизҳое барои ороиши тани худ берун мекашед. Ва мебинӣ киштиҳоро, ки обро мешикофанд, то шумо аз фазли Худо рӯзӣ талабед ва шояд, ки шукргузор бошед!
Tajik - Tajik translation