[Эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Он маъбудоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, нишонам диҳед, чи чизе аз заминро офаридаанд? Ё [ҳамроҳи Аллоҳ таоло] дар офариниши осмонҳо ширкат доштаанд? Ё ба онон [мушрикон] китобе додаем ва аз [матолиби] он нишонаи равшане [бар ҳаққонияти худ] доранд?» [Чунин нест] Балки ситамгорон [-и мушрик] ҷуз фиреб, ба якдигар ваъдае намедиҳанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
40. Эй Расул, барои мушрикон бигӯ: «Оё шариконеро, ки ба ҷои Аллоҳи якто мехондед, дидед? Ба ман нишон диҳед, ки аз замин чӣ чизро офаридаанд? Ё ин ки дар офариниши осмон ширкате доранд? Оё бар он мушрикҳо китобе аз осмон фиристодаем, ки онро дар кори ширк ва бутпарастиашон ҳуҷҷати худ созанд? Балки, ҳақ ин аст, ки ситамкорон ба якдигар ҷуз фиреб ваъдае намедиҳанд».
الترجمة الطاجيكية
قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ شُرَكَآءَكُمُ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَرُونِي مَاذَا خَلَقُواْ مِنَ ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ لَهُمۡ شِرۡكٞ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ أَمۡ ءَاتَيۡنَٰهُمۡ كِتَٰبٗا فَهُمۡ عَلَىٰ بَيِّنَتٖ مِّنۡهُۚ بَلۡ إِن يَعِدُ ٱلظَّـٰلِمُونَ بَعۡضُهُم بَعۡضًا إِلَّا غُرُورًا
Бигӯ: «Он шариконеро, ки ба ҷои Худои якто мехондед, дидед? Ба ман бинамоед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар офариниши осмон чӣ шарикие доштаанд? Оё бар онҳо китобе фиристодаем, ки онро ҳуҷҷати худ созанд? На, ситамкорон ба якдигар ғайри фиреб ваъдае намедиҳанд».
Tajik - Tajik translation