Ва дар гардиши паёпайи шабу рӯз ва ризқе, ки Аллоҳ таоло [ба сурати борон] аз осмон мефиристад ва бо он заминро пас аз хазон ва хушкиаш зинда месозад ва [низ] дар гардиши бодҳо барои хирадварзон, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
5. Ва аз пайи якдигар омадани шабу рӯз ва ризқе, ки Аллоҳ аз осмон (борон) мефиристад ва замини мурдаро бо он борон зинда мекунад ва низ дар вазидани бодҳо, ки аз ҳар ҷиҳат барои манфиати шумо мевазанд, ибратҳоест барои оқилон.
الترجمة الطاجيكية
وَٱخۡتِلَٰفِ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن رِّزۡقٖ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَا وَتَصۡرِيفِ ٱلرِّيَٰحِ ءَايَٰتٞ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ
Омадушуди шабу рӯз ва ризқе, ки Худо аз осмон мефиристад ва замини мурдаро ба он зинда мекунад ва низ дар вазиши бодҳо ибратҳост барои оқилон.
Tajik - Tajik translation