Ва он ки ба падару модараш гуфт: «Уф бар шумо! Чи гуна ба ман ваъда медиҳед ки [аз гӯр] берун оварда хоҳам шуд, дар ҳоле ки пеш аз ман наслҳои фаровоне рафтанд [ва боз нагаштанд]?» Падару модараш ба даргоҳи илоҳӣ зорӣ мекунанд [ки фарзандашонро ҳидоят кунад ва ба ӯ мегӯянд] «Вой бар ту! Имон биёвар, ки ваъдаи илоҳӣ рост аст», [аммо] ӯ посух медиҳад: «Ин [ваъдаҳо] фақат афсонаҳои пешиниён аст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
17. Ва касе, ки ба падару модараш, гуфт: «Уф (безорам) аз шумо, оё ба ман ваъда медиҳед, ки аз гӯрам зинда берун оварда хоҳам шуд ва ҳол он ки мардуме пеш аз ман будаанд ва зинда нашуданд. Ва он ду (волидайн) аз даргоҳи Аллоҳ мепурсанд ҳидояташро ва гӯянд: «Вой бар ту, имон биёвар, ки албатта, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ҳамаро зинда мекунад!», мегӯяд: «Инҳо (яъне, он чи ки шумо дар бораи зинда шудани пас аз марг мегӯед) ҷуз ҳамон афсонаҳои пешиниён нест!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\118
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\118
الترجمة الطاجيكية
وَٱلَّذِي قَالَ لِوَٰلِدَيۡهِ أُفّٖ لَّكُمَآ أَتَعِدَانِنِيٓ أَنۡ أُخۡرَجَ وَقَدۡ خَلَتِ ٱلۡقُرُونُ مِن قَبۡلِي وَهُمَا يَسۡتَغِيثَانِ ٱللَّهَ وَيۡلَكَ ءَامِنۡ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞ فَيَقُولُ مَا هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
Ва он ки ба падару модараш гуфт: «Уф бар шумо, оё ба ман ваъда медиҳед, ки аз гӯрам бархезонанд ва ҳол он ки мардуме пеш аз ман будаанд, ки барнахостаанд? Ва он ду ба даргоҳи Худо истиғоса (додхоҳӣ) мекунанд ва, гӯянд: «Вой бар ту, имон биёвар, ки ваъдаи Худо ҳақ аст!» Мегӯяд: «Инҳо чизе ҷуз ҳамон афсонаи пешиниён нест!»
Tajik - Tajik translation