Пас, [эй паёмбар] ту низ ҳамчун паёмбарони улулазм [ки ҳамвора собитқадам буданд, дар баробари озору такзиби қавмат] шикебо бош ва дар мавриди [дархости азоби] онон шитоб накун. Рӯзе, ки [ин кофирон] азоби мавъудашонро [дар ҷаҳони охират] бубинанд, [кайфарашон чунон тӯлонӣ аст, ки] гӯӣ фақат бахше аз рӯзро [дар дунё] ба сар бурдаанд. Ин Қуръон паёми [умумӣ барои ҷинну инс] аст. Оё ҷуз нофармонон ҳалок мешаванд?
الترجمة الطاجيكية - عارفي
35. Пас, сабр кун эй паёмбар, ба озору азияти мушрикон, ҳамчунон ки паёмбарони улулазм(1) сабр карда буданд. Ва дар азоб додани онҳо шитоб макун. Он рӯз, ки он ваъдаеро, ки ба онҳо дода шудааст, бингаранд, пиндоранд, ки ҷуз дар дунё ба қадри соате аз рӯз ҳаёт надидаанд. Ин хабар асту бас барои онон ва ғайрашон.
Пас танҳо мардуми фосиқи бадкор, ҳалок (азоб) карда мешаванд.
____________________
1. Яъне, ҳиммати олидошта ба мисли Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо ва ту эй Паёмбар (саллаллоху алайка ва алайҳимуссаллоту ва саллом). Тафсири ибни Касир 7/305
Пас танҳо мардуми фосиқи бадкор, ҳалок (азоб) карда мешаванд.
____________________
1. Яъне, ҳиммати олидошта ба мисли Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо ва ту эй Паёмбар (саллаллоху алайка ва алайҳимуссаллоту ва саллом). Тафсири ибни Касир 7/305
الترجمة الطاجيكية
فَٱصۡبِرۡ كَمَا صَبَرَ أُوْلُواْ ٱلۡعَزۡمِ مِنَ ٱلرُّسُلِ وَلَا تَسۡتَعۡجِل لَّهُمۡۚ كَأَنَّهُمۡ يَوۡمَ يَرَوۡنَ مَا يُوعَدُونَ لَمۡ يَلۡبَثُوٓاْ إِلَّا سَاعَةٗ مِّن نَّهَارِۭۚ بَلَٰغٞۚ فَهَلۡ يُهۡلَكُ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ
Пас пойдорӣ кун, ҳамчунон ки паёмбарони улулазм (боазм) пойдорӣ карда буданд, Ва дар уқубаташон шитоб макун. Он рӯз, ки он ваъдаеро, ки ба онҳо дода шуда, бингаранд, пиндоранд, ки ҷуз ба қадри соъате аз рӯз дар гӯр намонда буданд. Ин расонидани пайғом аст. Оё ҷуз нофармонон ба ҳалокат мерасанд?
Tajik - Tajik translation