Ё мегӯянд: «[Муҳаммад] Қуръонро худ ҷаъл карда [ва ба Аллоҳ таоло нисбат дода] аст». [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Агар ман онро ҷаъл карда [ва ба Аллоҳ таоло нисбат дода] бошам, пас, шумо наметавонед дар баробари [азоб ва хашми] Аллоҳ таоло аз ман дифоъ кунед. Аллоҳ таоло ба он чи шумо дар борааш суханчинӣ мекунед, огоҳтар аст ва ба унвони гувоҳ байни ману шумо кофист ва Ӯ омурзгори меҳрубон аст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
8. Ё мегӯянд мушрикон: Ин Қуръон дурӯғест, ки худ Муҳаммад бофтааст! Бигӯ эй Паёмбар: Агар ман онро чун дурӯғе ба ҳам бофта бошам, шумо наметавонед хашми Аллоҳро аз ман боздоред.
Аллоҳ аз он таънаҳое, ки ба ин Қуръон мезанед, огоҳтар аст. Ва шаҳодати Ӯ миёни ману шумо кофист. Ва Ӯст омӯрзандаи тавбакунандагон, меҳрубони бандагони муъмин!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/779
Аллоҳ аз он таънаҳое, ки ба ин Қуръон мезанед, огоҳтар аст. Ва шаҳодати Ӯ миёни ману шумо кофист. Ва Ӯст омӯрзандаи тавбакунандагон, меҳрубони бандагони муъмин!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/779
الترجمة الطاجيكية
أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰهُۖ قُلۡ إِنِ ٱفۡتَرَيۡتُهُۥ فَلَا تَمۡلِكُونَ لِي مِنَ ٱللَّهِ شَيۡـًٔاۖ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَا تُفِيضُونَ فِيهِۚ كَفَىٰ بِهِۦ شَهِيدَۢا بَيۡنِي وَبَيۡنَكُمۡۖ وَهُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ
Ё мегӯянд: «Ин китоб дурӯғест, ки худ бофтааст!» Бигӯ: «Агар ман онро чун дурӯғе ба ҳам бофта бошам, шумо наметавонед хашми Худоро аз ман боздоред. Худо аз он таънаҳо, ки ба он мезанед, огоҳтар аст. Ва шоҳидии Ӯ миёни ману шумо кофист. Ва Ӯст бахшояндаву меҳрубон!»
Tajik - Tajik translation