Ӯст, ки дар Ҳудайбия дасти ононро аз шумо кӯтоҳ намуд [ва монеъ аз он шуд, ки шуморо ба ҷанг во доранд]; ва пас аз пирӯз сохтани шумо дар Макка низ дасти шуморо аз онон боздошт [ки ононро накушед ва ба асорат нагиред]; ва Аллоҳ таоло ҳамвора ба он чӣ мекунед, биност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
24. Ва Ӯ Аллоҳ Зотест, ки боздошт дасти мушриконро аз зарар расонидан ба шумо (дар Ҳудайбия) ва дасти шуморо аз мушрикон дар даруни Макка (боздошт). Баъд аз он, ки ғолибу пирӯз сохт шуморо бар болои мушрикон. (1) Ва Аллоҳ бар ҳар корҳое, ки мекардед, огоҳу бино буд!
____________________
1. Яъне, ҳаштод нафар аз мушрикони Макка бо силоҳҳои худ дар Ҳудайбия бар Расулуллоҳ ва ёронаш фурӯд омаданд ва мехостанд, ки ногаҳон ҳамла оранд, вале асҳоби Расулуллоҳ дастгирашон карданд ва сипас озодашон карданд. Тафсири Табарӣ 22 \ 236

الترجمة الطاجيكية
وَهُوَ ٱلَّذِي كَفَّ أَيۡدِيَهُمۡ عَنكُمۡ وَأَيۡدِيَكُمۡ عَنۡهُم بِبَطۡنِ مَكَّةَ مِنۢ بَعۡدِ أَنۡ أَظۡفَرَكُمۡ عَلَيۡهِمۡۚ وَكَانَ ٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرًا
Ӯст, ки чун дар батни (мобайни) Макка бар онҳо ғолибиятатон дод, дасти онҳоро аз шумо ва дасти шуморо аз онҳо боздошт. Ва Худо ба корҳое, ки мекардед, огоҳу бино буд!
Tajik - Tajik translation