Аллоҳ таоло руъёи расулашро ба дурустӣ таҳаққуқ бахшид, ки ба хости илоҳӣ, дар ҳоле ки сарҳоятонро тарошида муйҳоятонро кӯтоҳ кардаед, дар эминӣ ва бидуни тарс [аз душман] ба Масҷиду-л-ҳаром ворид хоҳед шуд. [Аллоҳ таоло] Чизҳоеро медонист, ки шумо намедонистед; ва илова бар фатҳи Макка пирӯзии наздики [Хайбар]-ро [низ бароятон] муқаррар намуд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
27. Бегумон, Аллоҳ хоби паёмбарашро ба ростӣ пайваст, ки гуфта буд: "Агар Аллоҳ бихоҳад, Ӯ ва асҳобаш эмин, гурӯҳе сар тарошида ва гурӯҳе мӯй кӯтоҳ карда, бе ҳеҷ биме аз аҳли ширк ба масҷидулҳаром дохил мешаванд". Пас Аллоҳ чизҳое медонист, (1) ки шумо намедонистед. Пас осон кард ба шумо пеш аз даромадани Макка як фатҳи наздикро (яъне, сулҳи Ҳудайбия ё фатҳи Хайбарро). (2)
____________________
1. Яъне, дохил нашуданатон ба Макка дар ин сол, балки соли оянда. Тафсири
Бағавӣ 7/323. 2.Тафсири Бағавӣ 7/323.
____________________
1. Яъне, дохил нашуданатон ба Макка дар ин сол, балки соли оянда. Тафсири
Бағавӣ 7/323. 2.Тафсири Бағавӣ 7/323.
الترجمة الطاجيكية
لَّقَدۡ صَدَقَ ٱللَّهُ رَسُولَهُ ٱلرُّءۡيَا بِٱلۡحَقِّۖ لَتَدۡخُلُنَّ ٱلۡمَسۡجِدَ ٱلۡحَرَامَ إِن شَآءَ ٱللَّهُ ءَامِنِينَ مُحَلِّقِينَ رُءُوسَكُمۡ وَمُقَصِّرِينَ لَا تَخَافُونَۖ فَعَلِمَ مَا لَمۡ تَعۡلَمُواْ فَجَعَلَ مِن دُونِ ذَٰلِكَ فَتۡحٗا قَرِيبًا
Худо хоби паёмбарашро рост баровард, ки гуфта буд: «Агар Худо бихоҳад, эмин гурӯҳе сартарошида ва гурӯҳе мӯй кӯтоҳ карда бе ҳеҷ тарс ба масҷидулҳаром дохил мешавед. Ӯ чизҳое медонист, ки шумо намедонистед. Ва ҷуз он дар ҳамин наздикӣ фатҳе насиби шумо карда буд.
Tajik - Tajik translation