Пас, ба [сазои] паймоншиканиашон ононро аз раҳмати хеш дур сохтем ва дилҳояшонро сахт гардондем, [зеро бо тағйири лафзу таъвили маъно] суханон [-и Аллоҳ таоло]-ро аз ҷойгоҳаш таҳриф мекунанд ва бахше аз он чиро бад-он панд дода шуданд, фаромӯш карданд. Ва [эй паёмбар] ту пайваста дар бораи хиёнате аз сӯйи онон огоҳ мешавӣ, магар [шумори] андак аз эшон [ки хиёнаткор нестанд]. Пас, аз онон даргузар ва чашмпӯшӣ кун, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
13. Пас ба хотири ин ки паймонашонро шикастанд, онҳоро лаънат кардем (аз раҳматамон дур кардем) ва дилҳояшонро сахт гардондем, ки сухани ҳақро қабул намекард. Суханро аз ҷойгоҳаш таҳриф ва табдил мекунанд, (яъне, маъноеро, ки Аллоҳ ва паёмбараш аз сухане дар назар доранд, дигаргун
карда ва маънои дигаре бар он медиҳанд.) Ва қисми бисёреро аз он чиро ки бар он панд дода шуда буданд дар Таврот, фаромӯш карданд. Ва ту ҳамеша хиёнатеро аз онҳо нисбат ба Аллоҳ ва мардум мебинӣ, ғайр аз теъдоди андаке аз онон, ки ба паймони бо Аллоҳ бастаашон вафо карданд. Пас, аз онҳо ба сабаби он озорҳое, ки ба ту мерасонанд, даргузар ва ононро бубахш, ҳамоно Парвардигор некӯкоронро дӯст дорад (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/225

الترجمة الطاجيكية
فَبِمَا نَقۡضِهِم مِّيثَٰقَهُمۡ لَعَنَّـٰهُمۡ وَجَعَلۡنَا قُلُوبَهُمۡ قَٰسِيَةٗۖ يُحَرِّفُونَ ٱلۡكَلِمَ عَن مَّوَاضِعِهِۦ وَنَسُواْ حَظّٗا مِّمَّا ذُكِّرُواْ بِهِۦۚ وَلَا تَزَالُ تَطَّلِعُ عَلَىٰ خَآئِنَةٖ مِّنۡهُمۡ إِلَّا قَلِيلٗا مِّنۡهُمۡۖ فَٱعۡفُ عَنۡهُمۡ وَٱصۡفَحۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Ва аҳли китоб, ҷуз андаке аз онҳо, чун паймонашонро шикастанд, лаънаташон кардем ва дилҳояшонро сахт гардонидем. Калимотро аз маънии худ тағйир месозанд ва аз он панд, ки ба онҳо дода шуда буд, насиби хеш фаромӯш кардаанд ва ҳамеша аз корҳои хоинонаашон огоҳ мешавӣ. Афвашон кун ва аз гуноҳашон даргузар, ки Худо некӯкоронро дӯст медорад.
Tajik - Tajik translation