Эй касоне, ки имон овардаед, барои Аллоҳ таоло ба адл бархезед, [ва] ба адолат шаҳодат диҳед. Ва албатта, набояд душмании як гурӯҳ шуморо бар он дорад, ки адолат накунед. Адолат кунед, ки ин [кор] ба парҳезкорӣ наздиктар аст ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед], [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
8. Эй касоне, ки имон овардаед, барои Аллоҳ, ҳақ гуфтанро бар пой доред ва ба адл гувоҳӣ диҳед. Душманӣ бо гурӯҳи дигар водоратон накунад, ки беадолатӣ кунед яъне, ҳамон тавр ки ба зиёни душмани худ гувоҳӣ медиҳед ба нафъи ӯ низ гувоҳӣ диҳед. Гарчӣ кофир ҳам бошад воҷиб аст дар мавриди ӯ адолат пеша кунед. Адолат варзед, ки ба тақво наздиктар аст (яъне, агар адолат бошад, пас тақво мешавад) ва аз Аллоҳ битарсед, ки Ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст, пас шуморо мувофиқи амалҳоятон, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират ҷазо медиҳад! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/222
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/222
الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُونُواْ قَوَّـٰمِينَ لِلَّهِ شُهَدَآءَ بِٱلۡقِسۡطِۖ وَلَا يَجۡرِمَنَّكُمۡ شَنَـَٔانُ قَوۡمٍ عَلَىٰٓ أَلَّا تَعۡدِلُواْۚ ٱعۡدِلُواْ هُوَ أَقۡرَبُ لِلتَّقۡوَىٰۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, барои Худо, ҳақ гуфтанро бар пой доред ва ба адл гувоҳӣ диҳед. Бадбинӣ бо гурӯҳе дигар водоратон накунад, ки адолат накунед. Адолат варзед, ки ба тақво наздиктар аст ва аз Худо битарсед, ки Ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!
Tajik - Tajik translation