Ва [ёдовар бош] ҳангоме ки Исо писари Марям гуфт: «Эй Бани Исроил, бе гумон, ман фиристодаи Аллоҳ таоло ба сӯйи шумо ҳастам. Он чи аз Таврот, ки пеш аз ман буда тасдиқ мекунам ва [низ] муждадиҳанда ба расуле ҳастам, ки баъд аз ман меояд ва номаш «Аҳмад» аст». Пас ҳангоме ки ӯ [Аҳмад] бо муъҷизаҳо [ва далоили равшан] ба сӯи онон омад, гуфтанд: «Ин ҷодуи ошкор аст».
الترجمة الطاجيكية - عارفي
6. Ва баён кун ба қавмат эй Паёмбар, ҳангоме, ки Исо писари Марям ба қавмаш гуфт: «Эй бани Исроил, ҳароина, ман паёмбари Аллоҳ фиристодашуда ба сӯи шумо ҳастам. Тавротеро, ки пеш аз ман будааст, тасдиқ мекунам ва ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номаш Аҳмад(1) аст, хушхабаратон медиҳам». Чун он Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо оёти равшани худ омад, гуфтанд: «Ин чизе,
ки овардаӣ ба мо ҷодуи ошкорест!»
____________________
1. Яъне, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам.
ки овардаӣ ба мо ҷодуи ошкорест!»
____________________
1. Яъне, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам.
الترجمة الطاجيكية
وَإِذۡ قَالَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ يَٰبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ إِنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُم مُّصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيَّ مِنَ ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَمُبَشِّرَۢا بِرَسُولٖ يَأۡتِي مِنۢ بَعۡدِي ٱسۡمُهُۥٓ أَحۡمَدُۖ فَلَمَّا جَآءَهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ قَالُواْ هَٰذَا سِحۡرٞ مُّبِينٞ
Ва Исо бинни Марям гуфт: «Эй банӣ-Исроил, ман паёмбари Худо бар шумо ҳастам. Тавротеро, ки пеш аз ман будааст, тасдиқ мекунам ва ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номаш Аҳмад аст, хушхабаратон медиҳам». Чун он паёмбар бо мӯъҷизаҳои равшан омад, гуфтанд: Ин ҷодуест ошкор!»
Tajik - Tajik translation