Surah Al-Ma'arij in Тоҷикӣ
МАЪОРИҶ · سورة المعارج · Verses: 44 · Meccan
Translation: Тоҷикӣ translation 1 (الترجمة الطاجيكية - عارفي)
-
1
سَأَلَ سَآئِلُۢ بِعَذَابࣲ وَاقِعࣲ
Дархосткунандае [ба тамасхур] тақозои азоберо кард, ки вуқуаш [дар қиёмат] ҳатмӣ аст -
2
لِّلۡكَٰفِرِينَ لَيۡسَ لَهُۥ دَافِعࣱ
[Ин азоб] Барои кофирон аст [ва] ҳеҷ дафъкунандае надорад -
3
مِّنَ ٱللَّهِ ذِي ٱلۡمَعَارِجِ
Аз сӯйи Аллоҳ таоло [ба вуқуъ мепайвандад, ки] соҳиби маротиб ва дараҷоти волост -
4
تَعۡرُجُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَٱلرُّوحُ إِلَيۡهِ فِي يَوۡمࣲ كَانَ مِقۡدَارُهُۥ خَمۡسِينَ أَلۡفَ سَنَةࣲ
Фариштагон ва Рӯҳ [Ҷабраил] ба сӯйи Ӯ уруҷ мекунанд, дар рӯзе, ки миқдораш [дар миқёси башарӣ] панҷоҳ ҳазор сол аст -
5
فَٱصۡبِرۡ صَبۡرࣰا جَمِيلًا
Пас, ту [эй паёмбар, дар баробари тамасхури эшон] сабри наку пеша кун -
6
إِنَّهُمۡ يَرَوۡنَهُۥ بَعِيدࣰا
Бе гумон, онҳо он [рӯз]-ро дур мебинанд -
7
وَنَرَىٰهُ قَرِيبࣰا
Ва Мо онро наздик мебинем -
8
يَوۡمَ تَكُونُ ٱلسَّمَآءُ كَٱلۡمُهۡلِ
[Ҳамон] Рӯзе, ки осмон чун миси гудохта шавад -
9
وَتَكُونُ ٱلۡجِبَالُ كَٱلۡعِهۡنِ
Ва кӯҳҳо монанди пашми рангин [муталошӣ ва пароканда] шавад -
10
وَلَا يَسۡـَٔلُ حَمِيمٌ حَمِيمࣰا
Ва ҳеҷ дӯсти самимӣ [ва хешованде] аз [ҳоли] дӯсти самимӣ [ва хешовандаш] намепурсад -
11
يُبَصَّرُونَهُمۡۚ يَوَدُّ ٱلۡمُجۡرِمُ لَوۡ يَفۡتَدِي مِنۡ عَذَابِ يَوۡمِئِذِۭ بِبَنِيهِ
[Дар ҳоле ки] Онон ба якдигар нишон дода мешаванд, гунаҳгор [дӯст дорад ва] орзу мекунад, ки фарзандони худро дар баробари [раҳоӣ аз] азоби он рӯз бидиҳад -
12
وَصَٰحِبَتِهِۦ وَأَخِيهِ
Ва [ҳамчунин] ҳамсару бародарашро -
13
وَفَصِيلَتِهِ ٱلَّتِي تُـٔۡوِيهِ
ва қабилаашро, ки [ҳамеша] ба ӯ ҷо ва паноҳ медод -
14
وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعࣰا ثُمَّ يُنجِيهِ
Ва [ҳамчунин] ҳамаи онҳоеро, ки рӯйи замин ҳастанд, [фидо кунад] то наҷот ёбад -
15
كَلَّآۖ إِنَّهَا لَظَىٰ
[Аммо] Ҳаргиз чунин нест! Бе гумон, он шуълаҳои [оташи] сӯзон аст -
16
نَزَّاعَةࣰ لِّلشَّوَىٰ
[Ки] пӯст аз сар бармеканад -
17
تَدۡعُواْ مَنۡ أَدۡبَرَ وَتَوَلَّىٰ
Касонеро, ки [ба фармони Аллоҳ таоло] пушт карданд ва [аз ҳақ] рӯй гардониданд, [ба сӯи худ] фаро мехонад -
18
وَجَمَعَ فَأَوۡعَىٰٓ
Ва [низ касонеро, ки] амволро ҷамъоварӣ ва захира карданд [ва ҳаққи онро напардохтанд] -
19
۞ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ خُلِقَ هَلُوعًا
Яқинан, инсон камтоқат [-у ҳарис] офарида шудааст -
20
إِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ جَزُوعࣰا
Ҳар гоҳ бадӣ [ва мусибате] ба ӯ расад, бетобӣ мекунад -
21
وَإِذَا مَسَّهُ ٱلۡخَيۡرُ مَنُوعًا
Ва ҳар гоҳ хубӣ ба ӯ расад, боздоранда [ва бахил] мегардад -
22
إِلَّا ٱلۡمُصَلِّينَ
Магар намозгузорон -
23
ٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ دَآئِمُونَ
Ҳамон касоне, ки бар намозҳояшон ҳамеша пойдорӣ мекунанд. -
24
وَٱلَّذِينَ فِيٓ أَمۡوَٰلِهِمۡ حَقࣱّ مَّعۡلُومࣱ
Ва касоне, ки дар амволашон ҳаққи [муайяну] маълуме ҳаст -
25
لِّلسَّآئِلِ وَٱلۡمَحۡرُومِ
Барои мустаманд ва маҳрум -
26
وَٱلَّذِينَ يُصَدِّقُونَ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ
Ва [ҳамон] касоне, ки рӯзи ҷазоро тасдиқ мекунанд -
27
وَٱلَّذِينَ هُم مِّنۡ عَذَابِ رَبِّهِم مُّشۡفِقُونَ
Ва касоне, ки аз азоби Парвардигорашон метарсанд -
28
إِنَّ عَذَابَ رَبِّهِمۡ غَيۡرُ مَأۡمُونࣲ
[Чаро ки] Бе гумон, аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд -
29
وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِفُرُوجِهِمۡ حَٰفِظُونَ
Ва касоне, ки шармгоҳҳояшонро нигаҳ медоранд -
30
إِلَّا عَلَىٰٓ أَزۡوَٰجِهِمۡ أَوۡ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُمۡ فَإِنَّهُمۡ غَيۡرُ مَلُومِينَ
Магар бо ҳамсарону канизоне, ки молики онҳо ҳастанд, ки [дар ин сурат] сарзанише бар онҳо нест -
31
فَمَنِ ٱبۡتَغَىٰ وَرَآءَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡعَادُونَ
Пас, ҳар кас фаротар аз инҳоро бихоҳад, онон мутаҷовизон ҳастанд -
32
وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِأَمَٰنَٰتِهِمۡ وَعَهۡدِهِمۡ رَٰعُونَ
Ва касоне, ки амонатҳо ва паймонҳояшонро риоя мекунанд -
33
وَٱلَّذِينَ هُم بِشَهَٰدَٰتِهِمۡ قَآئِمُونَ
Ва касоне, ки ба шаҳодатҳои худ мутааҳҳиданд -
34
وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ يُحَافِظُونَ
Ва касоне, ки бар намозашон пойдорӣ мекунанд -
35
أُوْلَٰٓئِكَ فِي جَنَّٰتࣲ مُّكۡرَمُونَ
Инон дар боғҳо [-и биҳишт] гиромӣ дошта мешаванд -
36
فَمَالِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ قِبَلَكَ مُهۡطِعِينَ
Пас, [эй паёмбар] кофиронро чи шудааст, ки ба сӯйи ту мешитобанд? -
37
عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ عِزِينَ
[Ва] Аз росту чап гурӯҳ-гурӯҳ [ҳуҷум меоваранд?]
-
38
أَيَطۡمَعُ كُلُّ ٱمۡرِيࣲٕ مِّنۡهُمۡ أَن يُدۡخَلَ جَنَّةَ نَعِيمࣲ
Оё ҳар кадом аз онҳо [бо он аъмоли нописандашон] тамаъ доранд, ки дар биҳишти пурнеъмат [-и илоҳӣ] дароварда шаванд? -
39
كَلَّآۖ إِنَّا خَلَقۡنَٰهُم مِّمَّا يَعۡلَمُونَ
Ҳаргиз чунин нест! Бе гумон, Мо онҳоро аз он чи [худ] медонанд, офаридаем -
40
فَلَآ أُقۡسِمُ بِرَبِّ ٱلۡمَشَٰرِقِ وَٱلۡمَغَٰرِبِ إِنَّا لَقَٰدِرُونَ
Пас, ба Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳо савганд мехӯрам, ки Мо яқинан қодирем -
41
عَلَىٰٓ أَن نُّبَدِّلَ خَيۡرࣰا مِّنۡهُمۡ وَمَا نَحۡنُ بِمَسۡبُوقِينَ
Бар ин ки [касони дигаре] беҳтар аз эшонро ҷойгузин кунем ва Мо [барои анҷоми ин кор] дармонда ва нотавон нестем -
42
فَذَرۡهُمۡ يَخُوضُواْ وَيَلۡعَبُواْ حَتَّىٰ يُلَٰقُواْ يَوۡمَهُمُ ٱلَّذِي يُوعَدُونَ
Пас, [эй паёмбар] ононро ба ҳоли худ вогузор, то дар ботили худ фуру раванд ва бозӣ кунанд, то ба рӯзе бирасанд, ки бад-эшон ваъда дода шудааст -
43
يَوۡمَ يَخۡرُجُونَ مِنَ ٱلۡأَجۡدَاثِ سِرَاعࣰا كَأَنَّهُمۡ إِلَىٰ نُصُبࣲ يُوفِضُونَ
[Ҳамон] Рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо хориҷ мешаванд, гӯӣ ба сӯйи бутҳо медаванд -
44
خَٰشِعَةً أَبۡصَٰرُهُمۡ تَرۡهَقُهُمۡ ذِلَّةࣱۚ ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلَّذِي كَانُواْ يُوعَدُونَ
[Дар ҳоле ки] Чашмҳояшон [аз шарму ваҳшат] ба зер афтода ва зиллат [-у хорӣ] ононро пӯшидааст. Ин ҳамон рӯзест, ки ба эшон ваъда дода мешавад