Surah An-Naba' in Тоҷикӣ
НАБА · سورة النبأ · Verses: 40 · Meccan
Translation: Тоҷикӣ translation 1 (الترجمة الطاجيكية - عارفي)
-
1
عَمَّ يَتَسَآءَلُونَ
[Кофирон] Дар бораи чи чиз аз якдигар суол мекунанд? -
2
عَنِ ٱلنَّبَإِ ٱلۡعَظِيمِ
Аз хабаре бузург -
3
ٱلَّذِي هُمۡ فِيهِ مُخۡتَلِفُونَ
Ҳамон [хабаре] ки онҳо дар он ихтилоф доранд -
4
كَلَّا سَيَعۡلَمُونَ
Чунин нест [ки онҳо меандешанд] ба зудӣ хоҳанд донист -
5
ثُمَّ كَلَّا سَيَعۡلَمُونَ
Боз ҳам чунин нест; ба зудӣ хоҳанд донист -
6
أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ مِهَٰدࣰا
Оё заминро бистаре [барои осоиши шумо] қарор надодем? -
7
وَٱلۡجِبَالَ أَوۡتَادࣰا
Ва кӯҳҳоро мехҳо [-и он] қарор надодем? -
8
وَخَلَقۡنَٰكُمۡ أَزۡوَٰجࣰا
Ва шуморо ҷуфт [нару мода] офаридем. -
9
وَجَعَلۡنَا نَوۡمَكُمۡ سُبَاتࣰا
Ва хоби шуморо [мояи] оромишатон қарор додем -
10
وَجَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ لِبَاسࣰا
Ва шабро пӯшише [бароятон] қарор додем -
11
وَجَعَلۡنَا ٱلنَّهَارَ مَعَاشࣰا
Ва рӯзро [василаи] зиндагӣ ва [касби маош] қарор додем -
12
وَبَنَيۡنَا فَوۡقَكُمۡ سَبۡعࣰا شِدَادࣰا
Ва бар фарози шумо ҳафт [осмон] муҳкам бино кардем -
13
وَجَعَلۡنَا سِرَاجࣰا وَهَّاجࣰا
Ва [хуршедро] чароғе дурахшон офаридем -
14
وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلۡمُعۡصِرَٰتِ مَآءࣰ ثَجَّاجࣰا
Ва аз абрҳои боронзо обе фаровон фурӯ фиристодем -
15
لِّنُخۡرِجَ بِهِۦ حَبࣰّا وَنَبَاتࣰا
То бад-он дона ва гиёҳ бисёр бирӯёнем -
16
وَجَنَّٰتٍ أَلۡفَافًا
Ва боғҳое пурдарахт [бо он парвариш диҳем] -
17
إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ كَانَ مِيقَٰتࣰا
Бе гумон, рӯзи доварӣ ваъдагоҳ [-и Мо бо шумо] аст -
18
يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِ فَتَأۡتُونَ أَفۡوَاجࣰا
Рӯзе, ки дар «сур» дамида мешавад ва шумо гурӯҳ-гурӯҳ [ба маҳшар] меоед -
19
وَفُتِحَتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ أَبۡوَٰبࣰا
Ва осмон кушуда мешавад ва ба сурати дарҳои мутааддид дармеояд -
20
وَسُيِّرَتِ ٱلۡجِبَالُ فَكَانَتۡ سَرَابًا
Ва кӯҳҳо ба ҳаракат дармеояд ва ба сурати саробе мешавад -
21
إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتۡ مِرۡصَادࣰا
Ва бе гумон, ҷаҳаннам камингоҳест -
22
لِّلطَّٰغِينَ مَـَٔابࣰا
Ва маҳалли бозгаште барои туғёнгарон -
23
لَّٰبِثِينَ فِيهَآ أَحۡقَابࣰا
Муддати замоне дароз дар он ҷо бимонанд -
24
لَّا يَذُوقُونَ فِيهَا بَرۡدࣰا وَلَا شَرَابًا
Дар он ҷо [чизи] хунуке намечашанд ва на ошомиданӣ [-и гуворое хоҳанд дошт] -
25
إِلَّا حَمِيمࣰا وَغَسَّاقࣰا
Ҷуз обе сӯзон ва [моеъе, ки] чирку хун [аст] -
26
جَزَآءࣰ وِفَاقًا
[Ин] Кайфаре аст муносиб ва дархӯр [-и аъмолашон]
-
27
إِنَّهُمۡ كَانُواْ لَا يَرۡجُونَ حِسَابࣰا
Чаро ки онҳо ҳеҷ умеде ба [рӯзи] ҳисоб надоштанд -
28
وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا كِذَّابࣰا
Ва оёти Моро ба шиддат такзиб карданд -
29
وَكُلَّ شَيۡءٍ أَحۡصَيۡنَٰهُ كِتَٰبࣰا
Ва Мо ҳама чизро [дар Лавҳи маҳфуз] шуморишу сабт кардаем -
30
فَذُوقُواْ فَلَن نَّزِيدَكُمۡ إِلَّا عَذَابًا
Пас, [кайфари аъмоли худро] бичашед, ки чизе ҷуз азоб бар шумо намеафзоем -
31
إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ مَفَازًا
Бе гумон, барои парҳезкорон комёбӣ [-и бузурге] аст -
32
حَدَآئِقَ وَأَعۡنَٰبࣰا
Боғҳои [мева] ва токзорҳо -
33
وَكَوَاعِبَ أَتۡرَابࣰا
Ва ҳуроне ҷавон ва ҳамсиннусол -
34
وَكَأۡسࣰا دِهَاقࣰا
Ва ҷомҳое лабрез ва паёпай [аз шароби покизаи биҳишт] -
35
لَّا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوࣰا وَلَا كِذَّٰبࣰا
Дар он ҷо на сухани беҳудае мешунаванд ва на дурӯғе -
36
جَزَآءࣰ مِّن رَّبِّكَ عَطَآءً حِسَابࣰا
[Ин] Подош аз ҷониби Парвардигори туст ва атое аз рӯйи ҳисоб -
37
رَّبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا ٱلرَّحۡمَٰنِۖ لَا يَمۡلِكُونَ مِنۡهُ خِطَابࣰا
[Ҳамон] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи дар миёни онҳост; [ҳамон Аллоҳи] Раҳмон [ки] ҳеҷ кас [дар он рӯз] ёрои сухан гуфтан бо ӯро надорад -
38
يَوۡمَ يَقُومُ ٱلرُّوحُ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ صَفࣰّاۖ لَّا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَقَالَ صَوَابࣰا
Рӯзе, ки рӯҳ [Ҷабраил] ва фариштагон ба саф биистанд, ҳеҷ кас сухан нагӯяд, ҷуз касе, ки Аллоҳи раҳмон ба ӯ иҷозат дода бошад ва [ӯ] сухани дуруст [ва савоб] гӯяд -
39
ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلۡحَقُّۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ مَـَٔابًا
Он [рӯз] рӯзи ҳақ аст; пас, ҳар ки хоҳад, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ биҷӯяд -
40
إِنَّآ أَنذَرۡنَٰكُمۡ عَذَابࣰا قَرِيبࣰا يَوۡمَ يَنظُرُ ٱلۡمَرۡءُ مَا قَدَّمَتۡ يَدَاهُ وَيَقُولُ ٱلۡكَافِرُ يَٰلَيۡتَنِي كُنتُ تُرَٰبَۢا
Ба ростӣ, Мо шуморо аз азобе наздик бим додем: рӯзе, ки инсон он чиро аз қабл бо дастҳои худ фиристодааст, мебинад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок будам [ва барои ҳисоб барангехта намешудам!»