[Узратон ин набуд;] Балки гумон мекардед, ки Паёмбару муъминон [-и ҳамроҳаш аз ин сафари хатарнок] ҳаргиз назди хонаводаи хеш бознахоҳанд гашт; ва ин [андеша] дар дилҳоятон ороста шуд ва гумони бад бурдед [ки Аллоҳ таоло динашро ёрӣ нахоҳад кард; пас, ба хато рафтед] ва ҳалок шудед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
12. Балки мепиндоштед, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва мӯъминон ҳаргиз аз ин сафар ба хонаҳояшон боз нахоҳанд гашт ва шайтон ин гумони бадро дар дилҳоятон зиннат дод. Ва бисёр гумони бад кардед, ки Аллоҳ паёмбарашро нусрат намедиҳад. Ва ба ин сабаб гаштед гӯруҳи ҳалок гашта.
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/213
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/213
الترجمة الطاجيكية
بَلۡ ظَنَنتُمۡ أَن لَّن يَنقَلِبَ ٱلرَّسُولُ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ إِلَىٰٓ أَهۡلِيهِمۡ أَبَدٗا وَزُيِّنَ ذَٰلِكَ فِي قُلُوبِكُمۡ وَظَنَنتُمۡ ظَنَّ ٱلسَّوۡءِ وَكُنتُمۡ قَوۡمَۢا بُورٗا
Ё мепиндоштед, ки паёмбар ва мӯъминон ҳаргиз назди касонашен боз нахоҳанд гашт ва дил ба ин хуш карда будед. Пиндори баде доштаед ва мардуме сазовори ҳалокат будаед.
Tajik - Tajik translation