Бар нобино ва ланг ва бемор гуноҳе нест [ки дар ҷанг ширкат накунанд]; ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ва ҳар ки сарпечӣ кунад, ба азобе дарднок муҷозоташ хоҳад кард
الترجمة الطاجيكية - عارفي
17. Эй мардум бар кӯр гуноҳе нест ва бар ланг гуноҳе нест ва бар бемор гуноҳе нест (дар нарафтани ба ҷиҳод ҳамроҳи мӯъминон, аз сабабе, ки қудрату тавоноӣ надоранд). Ва ҳар кӣ аз Аллоҳу паёмбараш итоъат кунад, ӯро ба биҳиштҳое дохил мекунанд, ки дар он аз зери қасрҳояш дарёҳо равон аст. Ва ҳар кӣ аз итоъати Аллоҳу паёмбараш сар бартобад ва аз муқобилият бо душман ақибнишинӣ кунад, ба азоби дардовар азобаш мекунад.
الترجمة الطاجيكية
لَّيۡسَ عَلَى ٱلۡأَعۡمَىٰ حَرَجٞ وَلَا عَلَى ٱلۡأَعۡرَجِ حَرَجٞ وَلَا عَلَى ٱلۡمَرِيضِ حَرَجٞۗ وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ يُدۡخِلۡهُ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ وَمَن يَتَوَلَّ يُعَذِّبۡهُ عَذَابًا أَلِيمٗا
Бар кӯр ҳараҷе (гуноҳе) нест ва бар ланг хараҷе нест ва бар бемор хараҷе нест. Ва ҳар кӣ ба Худову паёмбараш итоъат кунад, ӯро ба биҳиштҳое дохил мекунад, ки дар он наҳрҳо равон аст. Ва ҳар кӣ сар бартобад, ба азобе дардовараш азоб мекунад.
Tajik - Tajik translation