Бигӯ: "Эй аҳли китоб, дар дини худ ба ноҳақ ғулув [ва зиёдаравӣ] накунед ва аз ҳавасҳои гурӯҳе пайравӣ накунед, ки пештар гумроҳ шуданд ва бисёре [аз пайравонашон]-ро гумроҳ карданд ва аз роҳи рост мунҳариф гаштаанд"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
77. (Эй Паёмбар ба насоро) бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба ноҳақ дар дини хеш ғулув (зиёдаравӣ) макунед дар он чи ки аз шахсияти Масеҳ эътиқод доред ва аз хоҳишҳои он мардуме, ки пеш гумроҳ шуда буданд ва мардуми бисёреро гумроҳ карданд ва худ аз роҳи рост каҷравӣ кардаанд, пайравӣ макунед».
الترجمة الطاجيكية
قُلۡ يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لَا تَغۡلُواْ فِي دِينِكُمۡ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ وَلَا تَتَّبِعُوٓاْ أَهۡوَآءَ قَوۡمٖ قَدۡ ضَلُّواْ مِن قَبۡلُ وَأَضَلُّواْ كَثِيرٗا وَضَلُّواْ عَن سَوَآءِ ٱلسَّبِيلِ
Бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба ноҳақ дар дини хеш ғулувв макунед ва ба хоҳишҳои он мардуме, ки аз пеш гумроҳ шуда буданд ва бисёреро гумроҳ карданд ва худ аз роҳи рост каҷравӣ кардаанд, пайравӣ макунед».
Tajik - Tajik translation