Аллоҳ таоло Каъбаи Байт-ул-ҳаромро василае барои устуворӣ [ва сомон бахшидан ба кори] мардум қарор дод ва [ҳамчунин, ҳурмати ҷангу даргирӣ дар] моҳи ҳаром ва [куштани] қурбонӣ [-и бенишон] ва қурбонии қалодадор [-ро барои осоиши мардум вазъ кард]. Ин [гуна аҳком] барои он аст, ки бидонед Аллоҳ таоло он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст медонад ва ин ки Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
97. Парвардигор бар бандагонаш миннат карда мефармояд: Каъба, Байтулҳаромро ва моҳҳои ҳаром (1) ва қурбонии беқилода (бегарданбанд) ва қурбонии боқилода (гарданбанддор) сабаби интизоми кори дин ва дунё ва осоиштагӣ барои ҳаёташон гардонид, Ин ба он хотир аст, то бидонед Парвардигор ба тамоми он чи дар осмонҳо ва дар замин мебошад, огоҳ аст. Аз ҷумла огоҳии Парвардигор ин аст, ки зиёрати ин хонаро бароятон муқаррар сохт, чун медонист бисёре аз манофеъи динӣ ва дунявии шумо дар он таъмин мешавад. (2)
____________________
1. Моҳи зулҳиҷҷа, зулқаъда, муҳаррам ва раҷаб 2. Тафсири Саъдӣ 1/244
____________________
1. Моҳи зулҳиҷҷа, зулқаъда, муҳаррам ва раҷаб 2. Тафсири Саъдӣ 1/244
الترجمة الطاجيكية
۞جَعَلَ ٱللَّهُ ٱلۡكَعۡبَةَ ٱلۡبَيۡتَ ٱلۡحَرَامَ قِيَٰمٗا لِّلنَّاسِ وَٱلشَّهۡرَ ٱلۡحَرَامَ وَٱلۡهَدۡيَ وَٱلۡقَلَـٰٓئِدَۚ ذَٰلِكَ لِتَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَأَنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٌ
Худо Каъба, байтулҳаромро бо моҳи ҳаром ва қурбонии беқилода ва қурбонии боқилода қивоми кори мардум гардонид, то бидонед, ки Худо ҳар чӣро ки дар осмонҳову замин аст, медонад ва Ӯ бар ҳар чизе огоҳ аст.
Tajik - Tajik translation