Бидонед, ки зиндагии дунё, бозича ва саргармӣ ва зевар аст ва фахрфурӯшӣ дар баробари якдигар ва афзунталабӣ дар амволу фарзандон. [Ин зиндагӣ] Дар масал ҳамчун боронест, ки гиёҳон [-и рӯйида ] аз он кишоварзонро ба шигифт меоварад; сипас [ин гиёҳи шодоб] пажмурда шавад, он гоҳ мебинӣ, ки зард мешавад ва сипас хошок мегардад ва дар охират [насиби мунофиқону кофирон] азоби шадид аст ва [насиби муъминон] омурзишу хушнудии илоҳӣ аст. [Дар ҳар ҳол] Зиндагии дунё чизе ҷуз [лаззату] бархӯрдории фонӣ [ва фиребанда] нест
الترجمة الطاجيكية - عارفي
20. Бидонед, ки эй мардум, дар ҳақиқат зиндагии инҷаҳонӣ бозиву беҳудагист, ки ба он баданҳо бозӣ мекунанд ва дилҳо саргарм мешаванд ва ороиш аст, ки худро ба он зиннат медиҳанд ва миёни шумо фахр кардану афзунҷӯӣ дар молҳову фарзандон ба монанди боронест, ки рӯиданиҳояш кишоварзонро дар тааҷҷуб оварад. Сипас он гиёҳ пажмурда мешавад, пас мебинӣ, ки зард гаштааст, сипас хасу хошок шудааст ва дар охират барои кофирон азоби сахт аст ва барои ахли имон омурзиши Аллоҳ ва хушнудии Ӯст. Ва зиндагии дунё барои касе, ки охираташро фаромӯш кардааст, ҷуз матоъе фиребанда чизи дигаре нест.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\24
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\24
الترجمة الطاجيكية
ٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا لَعِبٞ وَلَهۡوٞ وَزِينَةٞ وَتَفَاخُرُۢ بَيۡنَكُمۡ وَتَكَاثُرٞ فِي ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَوۡلَٰدِۖ كَمَثَلِ غَيۡثٍ أَعۡجَبَ ٱلۡكُفَّارَ نَبَاتُهُۥ ثُمَّ يَهِيجُ فَتَرَىٰهُ مُصۡفَرّٗا ثُمَّ يَكُونُ حُطَٰمٗاۖ وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِ عَذَابٞ شَدِيدٞ وَمَغۡفِرَةٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَرِضۡوَٰنٞۚ وَمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا مَتَٰعُ ٱلۡغُرُورِ
Бидонед, ки зиндагии инҷаҳонӣ бозича аст ва беҳудагиву ороиш ва фахр кардану афзунҷӯӣ дар молҳову авлод монанди бороне бавақт аст, ки рӯиданиҳояш кофиронро ба шигифт афканад (хурсанд, кунад). Сипас пажмурда мешавад ва бинӣ, ки зард гаштааст ва хошок шудааст. Ва дар охират насиби гурӯҳе азоби сахт аст ва нисбати гурӯҳе бахшоиши Худо ва хушнудии Ӯ. Ва зиндагии дунё фақат матоъе фиребанда аст.
Tajik - Tajik translation