ﮮ
surah.translation
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло, ки он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст ва дар охират [низ] ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст
Ҳар чи дар замин фурӯ меравад ва ҳар чи аз он бармеояд ва он чи аз осмон фуруд меояд ва он чи ба сӯйи он боло меравад [ҳамаро Аллоҳ таоло] медонад ва Ӯ меҳрубони омурзанда аст
Касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «Қиёмат ҳаргиз ба суроғи мо нахоҳад омад». Бигӯ: «Оре, савганд ба Парвардигорам, ки донои ғайб аст, ҳатман, ба суроғатон меояд. ҳамсанги заррае дар осмонҳо ва замин аз Ӯ пӯшида нест ва кучактар ва бузургтар аз он зарра чизе нест, магар он ки дар китобе ошкор [Лавҳи маҳфуз] сабт аст
То касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд подош диҳад. Эшонанд, ки бахшоиш ва рӯзии арзишманде [дар пеш] доранд»
Ва касоне, ки дар [роҳи инкор ва такзиби] оёти Мо кӯшиданд, то [ба пиндори хеш] Моро дармонда кунанд, азобе сахт ва дарднок [дар пеш] доранд
Аҳли дониш [донишмандони саҳоба ва уламои муъмини аҳли китоб] медонанд он чи ки аз сӯйи Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст ва ба роҳи [Аллоҳ таоло] шикастнопазири сутуда ҳидоят мекунад
Касоне, ки куфр вазиданд [бо тамасхур ба якдигар] мегӯянд: «Мехоҳед мардеро нишонатон диҳем, ки иддио мекунад вақте [пас аз марг] комилан муталошӣ шудед, [бори дигар] дар офаринише нав дархоҳед омад?
Оё [ин мард] бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ё девона аст?» [ҳаргиз чунин нест] балки касоне, ки ба охират имон надоранд, дар азоб [шадиди охират] ва гумроҳии дуру дароз [дунё] гирифторанд
Оё [кофирон] ба осмону замине, ки пеши рӯ ва пушти сарашон аст, нанигаристаанд? Агар бихоҳем, ононро [монанди Қорун] дар замин фурӯ мебарем ё [ҳамчун қавми Шуайб] тиккае аз осмонро бар сарашон меафканем. Бе гумон, дар ин [ҳушдор] барои ҳар бандаи тавбакор, нишонае [аз қудрати Аллоҳ таоло] аст
Мо аз ҷониби хеш ба Довуд фазилате [ҳукмронӣ ва нубувват] бахшидем [ва гуфтем] «Эй кӯҳсорон ва эй парандагон, [дар ситоиш ва ниёиш] бо ӯ ҳамовоз шавед» ва оҳанро барояш нарм кардем [то ҳар чи мехоҳад бисозад]
[Ба ӯ дастур додем] ки: «Зиреҳҳои баланд [ва фарох] бисоз ва дар бофтан [ва пайвастани ҳалқаҳои зиреҳ] санҷида ва дақиқ кор кун ва [шумо эй мардум] некукорӣ кунед, [ки] бе тардид, Ман ба он чи мекунед, бино ҳастам»
Ва барои Сулаймон бодро [ба хидмат гумоштем], ки [дар вазиш] субҳгоҳон, масири як моҳаро тай мекард ва шомгоҳон [низ] масири як моҳаро мепаймуд; ва чашмаи миси [гудохта]-ро барояш равон сохтем ва гурӯҳе аз ҷинниён, ба фармони Парвардигораш, назди ӯ кор мекарданд ва ҳар як аз онон, ки аз фармони Мо сарпечӣ мекард, ба ӯ аз азоби сӯзон мечашондем
Онҳо барои ӯ ҳар чи мехост месохтанд: аз [кох ва] ибодатгоҳ ва муҷассама ва косаҳое [ки аз бузургӣ] ҳамчун ҳавз [буданд] ва дегҳое бисёр бузург ва собит. [Ба онон гуфтем] «Эй оли Довуд, сипоси [неъматҳои Маро] ба ҷой оваред» ва [-ле] андаке аз бандагонам сипосгузоранд
Пас, чун маргро бар Сулаймон муқаррар доштем, [ҳеҷ кас] ононро аз маргаш огоҳ насохт, магар мӯриёна [кирмак]-е, ки асояшро хӯрд. Пас, чун [пайкари Сулаймон] фурӯ афтод, ҷинниён дарёфтанд, ки агар аз ғайб огоҳ буданд, ҳаргиз дар он азоби сангин [ва кори тоқатфарсо] боқӣ намемонданд
Дар маҳалли сукунати [қавми] «Сабаъ» ду боғ [бузург] аз рост ва чап [қарор дошт], ки нишонае [аз қудрат ва бахшиши илоҳӣ] буд. [Ба онон гуфтем] «Аз рӯзии Парвардигоратон бихӯред ва шукргузораш бошед, [ки] сарзамине пок ва Парвардигоре омурзанда [доред]
Аммо онон [аз шукр ва имон] рӯй гардонданд; пас, Мо сели вайронгар ба сӯяшон равон кардем ва ду боғи [пурмаҳсули] ононро ба ду боғи [беарзиш] табдил намудем, [ки танҳо] меваҳои талх ва дарахти шӯрагаз ва андаке дарахти сидр дошт
Мо ононро ба сазои носипосиашон, инчунин, кайфар додем ва оё ҷуз носипосро кайфар медиҳем?
Ва [ҳамчунин] миёни онҳо [қавми Сабаъ дар Яман] ва сарзаминҳое, ки ба онҳо баракат дода будем, [Шом] шаҳрҳое [хуррам ва] ба ҳам пайваста қарор додем ва сайру сафаре [осон] дар он муқаррар намудем [ва ба онон гуфтем] «Шабу рӯз байни онҳо эмин [ва осуда] сафар кунед»
Аммо онон [бо носипосӣ] гуфтанд: «Парвардигоро, миёни сафарҳои мо фосила [-и бештаре] эҷод кун [то арзиши аспҳо ва шутурҳоямон намоён гардад ва бенавоён натавонанд ҳамчун сарватмандон ба роҳати сафар кунанд]» ва ба хештан ситам карданд; пас, Мо [низ саргузашти] ононро достоне [ибратомӯз] барои дигарон сохтем ва сахт [муталошӣ ва] парокандаашон намудем. Ба ростӣ, ки дар ин [моҷаро] барои ҳар шикебоӣ сипосгузор, нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] аст
Ва яқинан, иблис гумони худро дар мавриди онон ба таҳаққуқ расонд; пас, ҷуз гурӯҳе [андак] аз муъминон, [ҳамагӣ] аз ӯ пайравӣ карданд
[Шайтон] бар онон ҳеҷ тасаллуте надошт; балки [Мо мехостем] касеро, ки ба охират имон дорад, аз касе, ки дар бораи он тардид дорад, боз шиносем; ва Парвардигорат бар ҳар чизе нигаҳбон аст
[Эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Касонеро, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло [ёвар ва шафоатгари худ] мепиндоред, [ба фарёд] бихонед. Онон ҳатто ҳамсанги заррае дар осмонҳо ва замин молики чизе нестанд ва на дар [офариниш ва тадбири] он ду [замину осмон] ширкате доранд ва на Ӯ [ Аллоҳ таоло] аз ҷониби онон ҳеҷ пуштибоне дорад
Шафоат [ҳеҷ кас] назди Ӯ [Аллоҳ таоло] суде надорад; магар барои он ки [Аллоҳ таоло] ба ӯ иҷозат дода бошад. [Дар он рӯз фариштагон аз хавф ва ҳайбати илоҳӣ тарсонанд] то онгоҳ, ки изтироб [ва ташвиш] аз дилҳояшон бартараф мегардад, [гурӯҳе аз онон ба гурӯҳи дигар] мегӯянд: «Парвардигоратон чӣ гуфт?» [Онон дар посух] мегӯянд: «ҳақро [фармуд] ва Ӯ баланмартабаи бузург аст»
[Эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Чи касе аз осмонҳо ва замин ба шумо рӯзӣ медиҳад?» [Дар посух] бигӯ: «Аллоҳ таоло; ва яқинан [як гурӯҳ аз байни] мо ва шумост ё бар [роҳи] ҳидоят ё дар гумроҳии ошкор»
Бигӯ: «[Рӯзи қиёмат] Шумо аз гуноҳе, ки мо муртакиб шудаем, бозхост намешавед ва моро [низ] ба хотири он чи шумо анҷом медиҳед, бозхост намекунанд
Бигӯ: «[Он рӯз] Парвардигорамон [ҳамаи] моро гирд меоварад, сипас миёни мо ба ҳақ [ва адолат] доварӣ мекунад ва Ӯ довари доност»
Бигӯ: «Касонеро, ки [дар қудрат ва тадбир] шарики Ӯ [Аллоҳ таоло] сохтаед, нишонам диҳед. Ҳаргиз [чунин нест, ки мепиндоред], балки Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
[Эй паёмбар] Мо туро ҷуз башоратбахш ва бимдиҳандае барои ҳамаи мардум нафиристодаем; аммо бештари мардум [ин ҳақиқатро] намедонанд
Ва [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд?»
Бигӯ: «Ваъдагоҳатон рӯзест, ки на соате аз он таъхир мекунед ва на [бар он] пешӣ мегиред»
Ва касоне, ки куфр варзиданд мегӯянд: «Мо ҳаргиз ба ин Қуръон ва ба он [китобҳое], ки пеш аз он будааст, имон намеоварем». Кош медидӣ он вақтро, ки ин ситамгорон дар пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ дошта мешаванд [ва] сухани якдигарро рад мекунанд [ва ҳар як гуноҳро ба гардани дигаре меандозад]. Онон, ки [дар дунё] ба нотавонӣ кашида шуда буданд ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: «Агар шумо набудед, мо ҳатман, имон меовардем»
Онон, ки гарданкашӣ мекарданд, [дар посух ба] касоне, ки ба нотавонӣ кашида шуда буданд, мегӯянд: «Оё мо [будем, ки] шуморо аз ҳидоят-пас аз он ки ба сӯятон омад- боздоштем? [Ҳаргиз] Балки шумо худ гунаҳгор [ва аҳли фасод] будед»
Онон, ки ба нотавонӣ кашида шуда баданд, ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: «[Чунин нест] балки найранги шабу рӯз [-и шумо сабаб шуд, ки аз ҳидоят бозмонем] онгоҳ, ки ба мо дастур медодед, ба Аллоҳ таоло кофир шавем ва барояш [дар қудрат ва парастиш] ҳамтоёне қарор диҳем». Онон ҳангоме ки азоб [-и илоҳӣ]-ро мебинанд, пушаймонии худро [дар дил] пинҳон мекунанд ва Мо ғулу занҷирҳоро дар гардани ононе, ки куфр варзидаанд, меандозем. Оё ҷуз [ба кайфари] он чи мекарданд, муҷозот мешаванд?
Ва дар ҳеҷ шаҳре бимдиҳандае нафиристодем, магар ин ки сарватмандони саркаши онҷо гуфтанд: «Паёмеро, ки маъмур ба [иблоғи] он шудаед, ҳатман, инкор мекунем»
Онон мегуфтанд: «Амвол ва фарзандони мо [аз шумо] бештар аст ва ҳаргиз муҷозот нахоҳем шуд»
[Эй паёмбар] бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам [барои озмоиши мардум, неъмат ва] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад, густурда медорад ва [ё] танг мегирад; вале бештари мардум намедонанд
Ва амволу фарзандонатон [фазилате] нест, ки шуморо ба пешгоҳи Мо наздик созад, магар касе, ки имон оварда ва коре шоиста анҷом додааст; пас, онон дар баробари он чи кардаанд, подоши дучандон доранд ва дар хонаҳои баланди биҳишт дар амну осоишанд
Ва касоне, ки дар [дур кардани мардум аз] оёти Мо мекушанд, то [ба пиндори хеш] Моро дармонда кунанд, ононанд, ки [ба азоби дузах] фаро хонда мешаванд
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам [неъмат ва] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад, густурда медорад ва [ё] танг мегирад; ва ҳар чизеро [ки дар роҳи Аллоҳ таоло] инфоқ кунед, Ӯ ба ҷойи он [мол- ва беҳтар аз он –ба шумо] бозпас медиҳад; ва Ӯ беҳтарин рӯзидиҳанда аст»
Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамаи ононро бармеангезад, онгоҳ ба фариштагон мегӯяд: «Оё инҳо шуморо мепарастиданд?»
[Фариштагон] мегӯянд: «Ту муназзаҳӣ; [дӯст ва] корсози мо Ту ҳастӣ, на онон; балки [ин мушрикон] шаётинро мепарастиданд ва бештарашон ба онҳо имон доштанд»
Пас, имрӯз ҳеҷ як аз шумо суд ва зиёне барои дигаре надорад; ва ба касоне, ки [бо ширк варзидан] ба худ ситам мекарданд, мегӯем: «Бичашед азоби оташеро, ки дурӯғаш меангоштед
Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон [кофирон] хонда мешавад, мегӯянд: «Ин ҷуз марде нест, ки мехоҳад шуморо аз он чи падаронатон мепарастиданд, боздорад»; ва [низ] мегӯянд: «Ин [Қуръон] ҷуз дурӯғе барбофта нест»; ва касоне, ки куфр варзиданд, дар бораи ҳақ – вақте ба сӯяшон омад – гуфтанд: «Ин [Қуръон, чизе] нест, магар ҷодуе ошкор»
Мо [пеш аз ин Қуръон] ҳеҷ китобе ба онон [мушрикон] надодаем, ки онро бихонанд [ва бо истинод ба матолибаш туро дурӯғгӯ бидонанд] ва пеш аз ту ҳеҷ бимдиҳандае ба сӯяшон нафиристодаем
Касоне, ки пеш аз онон буданд [низ паёмбарони илоҳиро] дурӯғгӯ ангоштанд ва [ин дар ҳоле аст, ки мушрикони қавми ту, ҳатто] ба даҳяки он чи [аз қудрату сарват] ба онон дода будем, нарасидаанд, вале [он кофирон] паёмбаронамро дурӯғгӯ ангоштанд; пас, [бингар, ки] кайфари Ман чи гуна буд
[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Ман фақат шуморо ба як [сухан] панд медиҳам, ки: ду-ду ва як-як [гурӯҳ-гурӯҳ ё инфиродӣ] барои Аллоҳ таоло бархезед, сипас [дар аҳвол ва зиндагии паёмбар] бияндешед, [то бидонед, ки] ин ҳамнишини шумо [Муҳаммад] девона нест; ӯ бимдиҳандаест, ки пеш аз [фаро расидани] азоби сахт, барои [ҳидояти] шумо омадааст»
Бигӯ: «Ҳар подоше, ки [барои рисолатам] аз шумо хостаам, барои худатон бошад. Подоши ман ҷуз бар [уҳдаи] Аллоҳ таоло нест ва Ӯ бар ҳар чизе гувоҳ аст»
Бигӯ: «Яқинан Парвардигорам, ки донои розҳои ниҳон аст, [истидлолҳои] ҳақро бар ботил фурӯ меафканад [ва онро нобуд месозад]»
Бигӯ: «Ҳақ [Ислом] фаро расид ва ботил наметавонад [таъсир ва қудрати ҷадиде] оғоз кунад ва на [нуфузи гузаштаашро] бозгардонад
Бигӯ: «Агар [ман бо расондани ин паём] гумроҳ шуда бошам, ҷуз ин нест, ки ба зиёни хеш гумроҳ шудаам ва агар ҳидоят ёфта бошам, ба сабаби он [сухане] аст, ки Парвардигорам бар ман ваҳй мекунад. Бе тардид, Ӯ шунаво [ва] наздик аст»
Кош ҳангомеро медидӣ, ки [кофирон аз мушоҳидаи азоб] ваҳшатзада мешаванд ва [ҳеҷ роҳи] гурезе нест ва ононро аз ҷойи наздике [ки интизорашро надоранд] дастгир мекунанд
Онон [дар ин ҳол] мегӯянд: «Ба ин [қиёмат] имон овардем»; ва [акнун, ки мурдаанд] чи гуна аз ҷойи [чунин] дур дастрасӣ [ба имон] барояшон мумкин аст?
Ҳол он ки онон дар дунё ин [қиёмат]-ро инкор мекарданд ва аз дур [ва бидуни дониш ва огоҳӣ, ба Паёмбар] нисбатҳои нораво медонанд
Ва [саранҷом] миёни онон ва он чи [аз лаззатҳои дунявӣ] ки хуш доранд, ҷудоӣ афтод; чунонки пеш аз ин низ бо амсоли [ва ҳамфикрони] эшон низ чунин рафторе шуд [чаро ки] яқинан онон [низ нисбат ба қиёмат] сахт дар тардид буданд