ﯝ
surah.translation
.
ﰡ
ФАТҲ
Мо барои ту пирӯзии намоёнеро ҳукм кардаем.
То Худо гуноҳи туро, он чӣ пеш аз ин буда ва он чӣ пас аз ин бошад, барои ту бибахшояд ва неъмати худро бар ту комил кунад ва туро ба роҳи рост роҳ намояд.
Ва Худо ёрият кунад, ёрӣ кардане пирӯзмандона.
Ӯст, ки бар дилҳои мӯъминон оромиш фиристод, то бар имонашон пайваста бияфзояд. Ва аз они Худост лашкарҳои осмонҳову замин ва Худо донову ҳаким аст!
Ва то мардону занони мӯъминро ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он наҳрҳо ҷорист ва дар он ҷо ҷовидонанд ва гуноҳонашонро нест кунад. Ва ин дар назди Худо комёбии бузургест!
Ва мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро, ки бар Худо бадгумонанд, 'азоб кунад. Бар онҳо бод мусибати бад ва Худо бар онҳо хашм гирифт ва лаънаташон кард ва ҷаҳаннамро барояшон омода кардааст ва ҷаҳаннам ҷойгоҳи бадест!
Аз они Худост лашкарҳои осмонҳову замин ва Худо ғолибу ҳаким аст!
Туро гувоҳидиҳандаву муждадиҳанда ва бимдиҳанда фиристодаем.
То ба Худову паёмбараш имон биёваред ва ёрияш кунеду бузургаш доред ва Худоро субҳгоҳу шомгоҳ тасбеҳ гӯед.
Онон, ки бо ту байъат (аҳд) мекунанд, ҷуз ин нест, ки бо Худо байъат мекунанд. Дасти Худо болои дастҳояшон аст. Ва ҳар кӣ байъатро бишканад, ба зиёни худ шикастааст. Ва ҳар кӣ ба он байъат, ки бо Худо бастааст, вафо кунад, ӯро музде некӯ диҳад.
Аз аъроби бодиянишин онон, ки аз ҷанг қафокашӣ карданд, ба ту хоҳанд гуфт: «Дороиву касони мо моро аз ҷанг боздоштанд, пас барои мо бахшоиш бихоҳ». Ба забон чизе мегӯяд, ки дар дилашон нест. Бигӯ: «Агар Худо бароятон зиёне бихоҳад ё суде бихоҳад, чӣ касе метавонад дар баробари Худо онро дигаргун кунад?» Балки Ӯст, ки ба корҳоятон огоҳ аст!
Ё мепиндоштед, ки паёмбар ва мӯъминон ҳаргиз назди касонашен боз нахоҳанд гашт ва дил ба ин хуш карда будед. Пиндори баде доштаед ва мардуме сазовори ҳалокат будаед.
Ва ҳар кас ба Худову паёмбараш имон наёвардааст, бидонад, ки барои кофирон оташе сӯзон омода кардаем.
Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин. Ҳар киро бихоҳад, мебахшад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст!
Чун барои гирифтани ғаниматҳо ба роҳ бияфтед, онон, ки аз ҷанг тахаллуф (қафокашӣ) намудаанд, хоҳанд гуфт: «Бигзоред, то мо ҳам аз паи шумо биёем! Мехоҳанд сухани Худоро дигаргун кунанд. Бигӯ: '«Шумо ҳаргиз аз паи мо нахоҳед омад. Худо аз пеш чунин гуфтааст». Сипас хоҳанд гуфт: «Балки бар мо ҳасад мебаред?» На, инҳо ҷуз андаке намефаҳманд.
Ба аъроби бодиянишин, ки аз ҷанг тахаллуф намудаанд, бигӯ: «Ба зудӣ барои ҷанг ба мардуме сахт нерӯманд даъват карда мешавед, ки бо онҳо биҷангед ё мусалмон шаванд. Агар итоъат кунед, Худоятон музде некӯ хоҳад дод ва агар, ҳамчунон ки пеш аз ин сар бартофтаед, сар бартобед, шуморо ба азобе дардовар азоб мекунад».
Бар кӯр ҳараҷе (гуноҳе) нест ва бар ланг хараҷе нест ва бар бемор хараҷе нест. Ва ҳар кӣ ба Худову паёмбараш итоъат кунад, ӯро ба биҳиштҳое дохил мекунад, ки дар он наҳрҳо равон аст. Ва ҳар кӣ сар бартобад, ба азобе дардовараш азоб мекунад.
Худо аз мӯъминон, он ҳангом ки дар зери дарахт бо ту байъат карданд, хушнуд гашт ва донист, ки дар дилашон чӣ мегузарад. Пас оромиш бар онҳо нозил кард ва ба фатҳе (ғалабае) наздик мукофоташон дод.
ва ба ғаниматҳои бисёр, ки ба даст меоваранд. Ва Худо ғолибу ҳаким аст!
Худо ба шумо ваъдаи ғаниматҳои бисёр додааст, ки ба даст меоваред ва ин ғаниматро зудтар ато кард ва шуморо аз осеби мардумон амон бахшид, то барои мӯъминон ибрате бошад ва ба роҳи рост ҳидояташон кунад.
Ва ғаниматҳои дигаре, ки ҳанӯз ба онҳо даст наёфтаед. Ҳар оина (Албатта) Худо ба он (бо илмаш) иҳота дорад ва Ӯ ба ҳар коре тавоност.
Ва агар кофирон бо шумо ба ҷанг бархезанд, пушт гардонда бигрезанд ва дигар ҳеҷ дӯсту ёригаре намеёбанд.
Ин суннати Худост, ки аз пеш чунин будааст ва ту дар суннати Худо дигаргунӣ 'нахоҳӣ ёфт!
Ӯст, ки чун дар батни (мобайни) Макка бар онҳо ғолибиятатон дод, дасти онҳоро аз шумо ва дасти шуморо аз онҳо боздошт. Ва Худо ба корҳое, ки мекардед, огоҳу бино буд!
Инҳо ҳамонҳоянд, ки кофир шуданд ва шуморо аз масҷидулҳаром боздоштанд ва нагузоштанд, ки қурбонӣ ба қурбонгоҳаш бирасад. Агар мардони мусалмону занони мусалмоне, ки онҳоро намешиносед, дар миёни онҳо набуданд ва бими он набуд, ки онҳоро зери пой кунед ва нодониста гуноҳ содир кунед, Худо дасти шуморо аз онҳо бознамедошт. Ва Худо ҳар киро бихоҳад, шомили раҳмати Худ гардонад. Агар аз якдигар ҷудо мебуданд, кофиронашонро ба азобе дардовар азоб мекардем.
Он гоҳ ки кофирон тасмим гирифтанд, дар дили худ таъассубро, таъассуби ҷоҳилӣ, Худо низ оромиши Худро бар дили паёмбараш ва мӯъминон фурӯд овард ва ба тақво лозимашон кард, ки инҳо ба тақво сазовортару шоистатар буданд ва Худо бар ҳар чизе доност!
Худо хоби паёмбарашро рост баровард, ки гуфта буд: «Агар Худо бихоҳад, эмин гурӯҳе сартарошида ва гурӯҳе мӯй кӯтоҳ карда бе ҳеҷ тарс ба масҷидулҳаром дохил мешавед. Ӯ чизҳое медонист, ки шумо намедонистед. Ва ҷуз он дар ҳамин наздикӣ фатҳе насиби шумо карда буд.
Ӯст, ки паёмбарашро ба ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то он динро бар ҳамаи динҳо ғолиб гардонад. Ва Худо барои шоҳидӣ дидан кофист!
Муҳаммад — паёмбари Худо ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон. Ононро бинӣ, ки руқӯъ мекунанд, ба саҷда меоянд ва талабкунандаи фазлу хушнудии Худо ҳастанд. Нишонашон асари саҷдаест, ки бар чеҳраи онҳост. Ин аст васфашон дар Таврот ва дар Инҷил, мисли зироате ҳастанд, ки гиёҳ барорад ва он ҷавона маҳкам шавад ва бар поҳои худ биистад ва деҳқононро ба ҳайрат водорад, то он ҷо ки кофиронро ба хашм оварад. Худо аз миёни онҳо касонеро, ки имон овардаанд, ва корҳои шоиста кардаанд, бахшоиш ва мукофоте бузург ваъда додааст!