Surah Al-Buruj in Тоҷикӣ
БУРУҶ · سورة البروج · Verses: 22 · Meccan
Translation: Тоҷикӣ translation 1 (الترجمة الطاجيكية - عارفي)
-
1
وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلۡبُرُوجِ
Савганд ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост -
2
وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡمَوۡعُودِ
Ва савганд ба рӯзи мавъуд [қиёмат] -
3
وَشَاهِدࣲ وَمَشۡهُودࣲ
Ва савганд ба ҳар ки гувоҳӣ диҳад ва ба ҳар ки мавриди гувоҳӣ қарор гирад -
4
قُتِلَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡأُخۡدُودِ
Марг бар одамсӯзони хандақ! -
5
ٱلنَّارِ ذَاتِ ٱلۡوَقُودِ
[Ҳамон оташи] Афрӯхта аз ҳезумҳои бисёр [ки муъминонро дар он месӯзонданд]; -
6
إِذۡ هُمۡ عَلَيۡهَا قُعُودࣱ
ҳангоме ки бар [канораи] он нишаста буданд -
7
وَهُمۡ عَلَىٰ مَا يَفۡعَلُونَ بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ شُهُودࣱ
Ва он чиро бо муъминон анҷом медоданд, тамошо мекарданд -
8
وَمَا نَقَمُواْ مِنۡهُمۡ إِلَّآ أَن يُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَمِيدِ
Ва ҳеҷ эроде аз онон нагирифтанд, ҷуз ин ки ба Аллоҳи пирӯзманди сутуда имон оварда буданд -
9
ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءࣲ شَهِيدٌ
[Ҳамон] Касе, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ аст -
10
إِنَّ ٱلَّذِينَ فَتَنُواْ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ ثُمَّ لَمۡ يَتُوبُواْ فَلَهُمۡ عَذَابُ جَهَنَّمَ وَلَهُمۡ عَذَابُ ٱلۡحَرِيقِ
Ба ростӣ, касоне, ки мардону занони муъминро шиканҷа [ва озор] доданд ва пас [аз анҷоми он кор] тавба накарданд, пас, барои эшон азоби ҷаҳаннам [муҳайё] аст ва азоби оташ [дар пеш доранд] -
11
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ جَنَّٰتࣱ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡكَبِيرُ
Ҳамоно барои касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, боғҳое [аз биҳишт] аст, ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ва ин аст комёбии бузург -
12
إِنَّ بَطۡشَ رَبِّكَ لَشَدِيدٌ
Бе гумон, [муҷозоту] сахтгирии Парвардигорат бисёр шадид аст -
13
إِنَّهُۥ هُوَ يُبۡدِئُ وَيُعِيدُ
Дар ҳақиқат, Ӯст, ки [офаринишро] оғоз мекунад ва дубора [баъд аз марг] бозмегардонад -
14
وَهُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلۡوَدُودُ
Ва ҳам Ӯ омурзанда [ва] дӯстор [-и муъминон] аст -
15
ذُو ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡمَجِيدُ
[Ӯ Аллоҳ таоло] Соҳиби Арш, [ва] баландмартаба [ва шукӯҳманд] аст -
16
فَعَّالࣱ لِّمَا يُرِيدُ
[Ва] Он чиро бихоҳад, анҷом медиҳад -
17
هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ٱلۡجُنُودِ
[Эй Паёмбар] Оё достони лашкариён [-и ҳақситез] ба ту расидааст? -
18
فِرۡعَوۡنَ وَثَمُودَ
[Лашкари] Фиръавн ва [қавми] Самуд -
19
بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي تَكۡذِيبࣲ
Балки касоне, ки кофир шуданд, пайваста дар такзиб [-и ҳақ] ҳастанд -
20
وَٱللَّهُ مِن وَرَآئِهِم مُّحِيطُۢ
Ва Аллоҳ таоло аз ҳар сӯ бар онон иҳота дорад -
21
بَلۡ هُوَ قُرۡءَانࣱ مَّجِيدࣱ
Оре, ин [оёт шеъру сеҳр нест, балки] Қуръони шукӯҳманд аст -
22
فِي لَوۡحࣲ مَّحۡفُوظِۭ
Дар Лавҳи маҳфуз [аз ҳар гуна таҳрифу табдил дар амон] аст