Surah Ash-Sharh in Тоҷикӣ
ШАРҲ · سورة الشرح · Verses: 8 · Meccan
Translation: Тоҷикӣ translation 1 (الترجمة الطاجيكية - عارفي)
-
1
أَلَمۡ نَشۡرَحۡ لَكَ صَدۡرَكَ
[Эй паёмбар] Оё Мо синаатро [барои нузули ваҳй] бароят накушудем? -
2
وَوَضَعۡنَا عَنكَ وِزۡرَكَ
Ва сангини [-и бори гуноҳ ва душвории рисолат]-ро аз [дӯши] ту барнадоштем? -
3
ٱلَّذِيٓ أَنقَضَ ظَهۡرَكَ
Ҳамон [боре], ки бар пуштат сангинӣ мекард -
4
وَرَفَعۡنَا لَكَ ذِكۡرَكَ
Ва [ному] овозаи туро баланд сохтем -
5
فَإِنَّ مَعَ ٱلۡعُسۡرِ يُسۡرًا
Пас, мусалламан, бо [ҳар] душворӣ осонӣ аст -
6
إِنَّ مَعَ ٱلۡعُسۡرِ يُسۡرࣰا
[Оре] Мусалламан, бо [ҳар] душворӣ осонӣ аст -
7
فَإِذَا فَرَغۡتَ فَٱنصَبۡ
Пас, ҳангоме ки [аз кору умури дунё] фориғ шудӣ, [ба ибодати Парвардигорат] бикӯш -
8
وَإِلَىٰ رَبِّكَ فَٱرۡغَب
Ва ба сӯйи Парвардигорат роғиб [ва муштоқ] шав