Surah At-Tin in Тоҷикӣ
ТИН · سورة التين · Verses: 8 · Meccan
Translation: Тоҷикӣ translation 1 (الترجمة الطاجيكية - عارفي)
-
1
وَٱلتِّينِ وَٱلزَّيۡتُونِ
Савганд ба анҷир ва зайтун [ва ба Фаластин сарзамини рӯиши онҳо] -
2
وَطُورِ سِينِينَ
Ва савганд ба Тӯри Сино -
3
وَهَٰذَا ٱلۡبَلَدِ ٱلۡأَمِينِ
Ва савганд ба ин шаҳри амн [Макка] -
4
لَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ فِيٓ أَحۡسَنِ تَقۡوِيمࣲ
[Ки] Яқинан, Мо инсонро дар беҳтарин сурат [ва бо фитрати пок] офаридем -
5
ثُمَّ رَدَدۡنَٰهُ أَسۡفَلَ سَٰفِلِينَ
Сипас ӯро [ки инҳироф ёфт] ба пасттарин [мароҳили] пастӣ баргардонидем. -
6
إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَلَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونࣲ
Магар касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд; пас, барои онон подоше пойдор [дар пеш] аст -
7
فَمَا يُكَذِّبُكَ بَعۡدُ بِٱلدِّينِ
Пас, [эй инсон] чи чизе баъд [аз ин ҳама далоили равшан] туро ба такзиби [рӯзи] ҷазо во медорад? -
8
أَلَيۡسَ ٱللَّهُ بِأَحۡكَمِ ٱلۡحَٰكِمِينَ
Оё Аллоҳ таоло беҳтарин довар [ва ҳокими мутлақ] нест?