Surah Ad-Duha in Тоҷикӣ
ЗУҲО · سورة الضحى · Verses: 11 · Meccan
Translation: Тоҷикӣ translation 1 (الترجمة الطاجيكية - عارفي)
-
1
وَٱلضُّحَىٰ
Савганд ба оғози рӯз -
2
وَٱلَّيۡلِ إِذَا سَجَىٰ
Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки ором гирад -
3
مَا وَدَّعَكَ رَبُّكَ وَمَا قَلَىٰ
[Ки] Парвардигорат туро во нагузошта ва [бар ту] хашм нагирифтааст -
4
وَلَلۡأٓخِرَةُ خَيۡرࣱ لَّكَ مِنَ ٱلۡأُولَىٰ
Ва мусалламан охират барои ту аз дунё беҳтар аст -
5
وَلَسَوۡفَ يُعۡطِيكَ رَبُّكَ فَتَرۡضَىٰٓ
Ва ба зудӣ Парвардигорат ба ту [ва уммати ту он қадр] ато хоҳад кард, ки хушнуд гардӣ -
6
أَلَمۡ يَجِدۡكَ يَتِيمࣰا فَـَٔاوَىٰ
Оё туро ятим наёфт, пас, паноҳ дод? -
7
وَوَجَدَكَ ضَآلࣰّا فَهَدَىٰ
Ва туро [гумроҳ ва] саргашта ёфт, пас, ҳидоят кард -
8
وَوَجَدَكَ عَآئِلࣰا فَأَغۡنَىٰ
Ва туро фақир ёфт, пас, бениёз намуд -
9
فَأَمَّا ٱلۡيَتِيمَ فَلَا تَقۡهَرۡ
Пас, [ту низ] ятимро маёзор -
10
وَأَمَّا ٱلسَّآئِلَ فَلَا تَنۡهَرۡ
Ва [мустаманди] ниёзхоҳро марон [ва бо ӯ дуруштӣ макун] -
11
وَأَمَّا بِنِعۡمَةِ رَبِّكَ فَحَدِّثۡ
Ва неъматҳои Парвардигоратро бозгӯ кун [ва сипос гузор]