سورة المؤمنون

الترجمة الطاجيكية - عارفي

ترجمة معاني سورة المؤمنون باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي

فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام

الترجمة الطاجيكية - عارفي

فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام

آية رقم 1
Ба ростӣ, ки муъминон растагор шуданд
آية رقم 2
Ҳамон касоне, ки дар намозашон фурӯтан ҳастанд
آية رقم 3
Ва онон, ки аз [гуфтору рафтори] беҳуда рӯйгардонанд
آية رقم 4
Ва онон, ки закот мепардозанд
آية رقم 5
Ва онон, ки шармгоҳашонро ҳифз мекунанд
Магар дар мавриди ҳамсарон ё канизонашон, ки [дар баҳрагирии ҷинсӣ аз онҳо] накуҳише бар онон нест
آية رقم 7
Пас, ҳар ки фаротар аз ин бихоҳад, ононанд, ки аз ҳад даргузаштаанд
آية رقم 8
Ва [дар зумраи муъминонанд] касоне, ки амонатҳо ва аҳди худро риоят мекунанд
آية رقم 9
Ва касоне, ки бар [адои] намозҳояшон муроқибат мекунанд
آية رقم 10
Инонанд, ки ворисон ҳастанд
آية رقم 11
[Ҳамон] Касоне, ки биҳишти баринро ба ирс мебаранд [ва] дар он ҷовидонанд
آية رقم 12
Ва дар ҳақиқат, инсонро аз чакидае аз гил офаридем
آية رقم 13
Сипас ӯро ба шакли нутфае дар қароргоҳе устувор [раҳим] ниҳодем
Сипас нутфаро [Ба шакли] хуни баста сохтем ва он гоҳ хуни бастаро [ба сурати] порагӯште сохтем, сипас порагӯштро [ба шакли] устухон даровардем ва он гоҳ бар устухонҳо гӯшт пӯшонидем. Сипас он [ҷанин]-ро офаринише дигар бахшидем. Пас, [пурбаракату] бузургвор аст Аллоҳ таоло, ки накутарин офаринанда аст
آية رقم 15
Сипас шумо [пас аз тайи мароҳили зиндагӣ] ҳатман, хоҳед мурд
آية رقم 16
Он гоҳ бе тардид, дар рӯзи қиёмат барангехта мешавед
Ва ба яқин Мо бар фарозатон ҳафт осмон офаридем ва [ҳаргиз] аз офариниш ғофил набудаем
Ва аз осмон ба андозае муайян [барои ниёзи махлуқот] обе фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва ҳатман, барои аз байн бурданаш [низ] комилан тавоноем
Сипас тавассути он [об] бароятон боғҳое аз дарахтони хурмо ва ангур падид овардем, ки дар он [боғҳо] барои шумо меваҳое бисёре аст ва аз он [маҳсулот] мехӯред
Ва дарахте [офаридем], ки аз Тӯри Сино бармеояд ва равғани [зайтун] медиҳад ва хӯрише барои хӯрандагон аст
Ва бе тардид, барои шумо дар [вуҷуди] чаҳорпоён ибрате [аз қудрати Аллоҳ таоло] аст: аз он чи дар шиками онҳост ба шумо [шир] менӯшонем ва дар [вуҷуди] онҳо бароятон судҳои бисёре вуҷуд дорад ва аз [гӯшти] онҳо мехӯред
آية رقم 22
[Дар хушкӣ] Бар онҳо савор мешавед ва [дар об] бар киштиҳо
Ва бе тардид, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем, пас, [ба онон] гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед [ки] ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. Оё парво намекунед?»
Пас, ашроф ва бузургони қавмаш, ки куфр варзида буданд, гуфтанд: «Ин [мард касе] нест, магар башаре ҳамчун шумо, [ки] мехоҳад бар шумо бартарӣ ҷӯяд. Агар Аллоҳ таоло мехост, фариштагоне [ба сӯятон] нозил мекард. Мо инро [ки Нуҳ мегӯяд] дар миёни ниёгони худ нашнидаем
Ӯ марди девонае беш нест. Пас, то муддате мунтазир бошед [ки ё дурӯғаш ошкор гардад ва даст аз даъваташ бардорад ё маргаш фаро расад]
آية رقم 26
[Нуҳ] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари такзиби онон ёрӣ кун»
Пас, ба ӯ ваҳй кардем: «Киштиро таҳти назари Мо ва ба ваҳйи Мо бисоз ва ҳангоме ки фармони [азоби] Мо фаро расад ва [ба нишонаи расидани тӯфон об аз] танӯр ҷӯшад, аз ҳар навъи [ҳайвон] як ҷуфти [нару мода] дар киштӣ савор кун ва хонаводаатро [низ ҳамроҳи худ бубар], магар касоне, ки пештар ваъда [-и ҳалок] бар онон муқаррар шудааст ва дар бораи [наҷоти] касоне, ки ситам кардаанд, бо Ман сухан нагӯ, [чаро ки] онон ҳатман, ғарқ хоҳанд шуд
Пас, ҳангоме ки ту ва ҳамроҳонат бар киштӣ савор шудед, бигӯ: «Сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки моро аз [чанги] гурӯҳи ситамгор наҷот дод»
آية رقم 29
Ва [низ] бигӯ: «Парвардигоро, моро дар манзилгоҳе пурбаракат фуруд овар, ки Ту беҳтарин фурудоварандаӣ»
آية رقم 30
Бе тардид, дар ин [моҷаро] нишонаҳое [аз қудрати Аллоҳ таоло дар наҷоти муъминон ва азоби кофирон] аст ва яқинан, Мо озмоишгар [-и имон ва куфри мардум] будаем
آية رقم 31
Он гоҳ гурӯҳи дигареро пас аз онон падид овардем
Ва аз худашон паёмбаре дар [миёни] онон фиристодем [то бигӯяд]: «Аллоҳро бипарастед, [ки] ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. Оё парво намекунед?»
Гурӯҳе аз ашроф ва бузургони қавмаш, ки куфр варзида буданд ва дидори охиратро дурӯғ меангоштанд ва дар зиндагии дунё ба онон неъмату осоиш дода будем, гуфтанд: «Ин [мард касе] нест, магар башаре ҳамчун шумо. Аз он чи [шумо] мехӯред, [ӯ низ] мехӯрад ва аз он чи ки шумо менӯшед, [ӯ низ] менӯшад [пас, бартарие надорад, ки паёмбар бошад]
آية رقم 34
Ва агар аз башаре ҳамчун худ итоат кунед, дар он сурат яқинан, зиёнкоред
Оё ӯ ба шумо ваъда медиҳад, ки вақте мурдед ва хоку устухон шудед, [дар қиёмат аз гӯр] берун оварда мешавед?
آية رقم 36
Он чи ба шумо ваъда медиҳад, чи дур аст, чи дур!
[Зиндагонӣ] Ҷуз ҳамин зиндагии дунёии мо нест. [Гурӯҳе] Мемирем [ва гурӯҳе ба ҷойи онҳо] зинда мешавем ва ҳаргиз [пас аз марг] барангехта нахоҳем шуд
Ӯ [касе] нест, магар мардест, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ва мо ба ӯ имон намеоварем»
آية رقم 39
Паёмбарашон] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари такзиби онон ёрӣ кун»
آية رقم 40
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас аз андак замоне, [аз кори худ] сахт пушаймон мешаванд»
Пас, бонг [-и маргбор]-е ононро ба ҳақ фуру гирифт ва [ҳамчун] хору хошокашон намудем. Пас, қавми ситамгор [аз раҳмати Аллоҳ таоло] дур бод!
آية رقم 42
Сипас баъд аз онон наслҳое дигар падид овардем
آية رقم 43
Ҳеҷ уммате на аз аҷали худ пешӣ мегирад ва на таъхир мекунад
Сипас паёмбарони худро паёпай фиристодем. Ҳар гоҳ паёмбаре барои [ҳидояти] уммате меомад, ӯро дурӯғгӯ меангоштанд, пас, [Мо низ] ононро яке пас аз дигаре ҳалок кардем ва ононро достонҳо [-и ибратомӯзе барои ояндагон] қарор додем. Пас, нобуд бод, қавме, ки имон намеоваранд!
آية رقم 45
Сипас Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти [нуҳгонаи] хеш ва далоили ошкор фиристодем
آية رقم 46
Ба сӯйи Фиръавн ва ашрофи [қавми] ӯ, вале онон гарданкашӣ карданд ва гурӯҳе бартарихоҳ буданд
آية رقم 47
Ва гуфтанд: «Оё ба ду инсони монанди худ имон биёварем, ҳол он ки қавмашон бардагони мо ҳастанд?»
آية رقم 48
Пас он дуро дурӯғгӯ ангоштанд, [ва] саранҷом ҳалок шуданд
آية رقم 49
Ва бе тардид, ба Мӯсо китоби [Таврот] додем, бошад, ки [Бани Исроил] ҳидоят шаванд
Ва писари Марям ва модарашро нишонае [аз қудрати илоҳӣ] карор додем ва ононро дар маконе баланд ва ҳамворе, ки дорои амният ва обе [зулолу] ҷорӣ буд, ҷой додем
Эй паёмбарон, аз [ғизоҳои] покиза бихӯред ва кори шоиста анҷом диҳед. Яқинан, ман ба он чи мекунед, огоҳам
آية رقم 52
Ва дар ҳақиқат, ин дини шумо дини воҳид [ба номи ислом] аст ва ман Парвардигоратон ҳастам. Пас, аз ман парво кунед [битарсед]
Аммо [пайравонашон ихтилоф карданд ва] дар кори динашон миёни худ фирқа-фирқа ва пароканда гаштанд ва ҳар гурӯҳе ба он чи наздашон аст, дилхушанд [чаро ки худро бар ҳақ медонанд]
آية رقم 54
Пас, [эй паёмбар] ононро то вақте [ки азоб фаро мерасад] дар ҷаҳлу нодонишон раҳо кун
آية رقم 55
Оё гумон мекунанд, он чи аз сарвату фарзандон, ки ба онон медиҳем,
آية رقم 56
[барои ин аст, ки] шитобон некиҳоро ба эшон бирасонем? [На, ҳаргиз чунин нест] Балки онон [ҳақиқатро] дарнамеёбанд
آية رقم 58
Ва касоне, ки ба оёти Парвардигорашон имон меоваранд
آية رقم 59
Ва касоне, ки ба Парвардигорашон ширк намеварзанд
Ва касоне, ки дар анҷоми корҳои хайр мекӯшанд ва аз ин ки ба сӯйи Парвардигори хеш бозмегарданд, [ва аз ин ки корҳои некашон мақбули даргоҳи ҳақ воқеъ нашавад] дилҳояшон ҳаросон аст
آية رقم 61
Инон дар некиҳо шитоб мекунанд ва дар анҷоми он [аз якдигар] пешӣ мегиранд
Ва [Мо] ба ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф намекунем ва назди Мо китобест, ки [дар бораи аъмоли бандагон] ба ҳақ сухан мегӯяд ва ба онон ситам намешавад
[На] Балки дилҳояшон аз ин [китоб] дар ғафлат аст ва онон ба ҷуз ин [гуноҳи куфр] корҳое [дигар низ] анҷом медиҳанд
آية رقم 64
То ҳангоме ки сарватмандонашонро ба азоб гирифтор кунем, ногаҳон фарёди зорӣ сар медиҳанд
آية رقم 65
[Ба онон гуфта мешавад] «Имрӯз нола ва зорӣ накунед, [ки] ҳаргиз аз сӯйи мо ёрӣ нахоҳед шуд
Бе тардид, оёти Ман пайваста бар шумо хонда мешуд, вале [аз ҳақ] рӯй мегардонед
آية رقم 67
Дар ҳоле ки дар баробараш такаббур мекардед [ва дар маҷолиси шабонаи худ] ба бадгӯӣ мепардохтед
Оё онон дар ин гуфтор [Қуръон] наяндешидаанд ё [магар] чизе барояшон омада, ки барои ниёгонашон наёмадааст?
آية رقم 69
Ё паёмбарашонро нашинохтаанд ва [аз ин рӯст, ки] инкораш мекунанд
Ё мегӯянд, ӯ ҷунун дорад? [На, чунин нест] Балки [ӯ дини] ҳақро барояшон овардааст, вале бештарашон аз [пазириши] ҳақ нохушнуданд
Агар Аллоҳ таоло аз ҳавасҳои онон пайравӣ кунад [ва умури ҳастӣ ба майли кофирон идора шавад], осмонҳо ва замин ва ҳар ки дар онҳост, табоҳ мегардад, балки барои онон пандашон [Қуръон]-ро овардаем [ки мояи иззату шарафашон аст], вале онон аз пандашон рӯйгардонанд
[Эй Паёмбар] Оё ту аз онон [барои таблиғи дин] подоше металабӣ? Ва ҳол он ки подоши Парвардигорат [басе] беҳтар аст ва Ӯ беҳтарин рӯзидиҳанда аст
آية رقم 73
Ва бе тардид, ту ононро ба роҳе рост даъват мекунӣ
آية رقم 74
Касоне, ки ба охират имон надоранд, ҳатман аз ин роҳи [рост] мунҳариф шудаанд
Агар ба онон раҳм кунем ва балову ранҷеро, ки [аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ] дидаанд, аз эшон бартараф созем, бар саркашӣ [ва гумроҳии] хеш пофишорӣ мекунанд [ва ҳамчунон] ба бероҳа мераванд
آية رقم 76
Дар ҳақиқат, [Мо] ононро ба азоб [-у бало] гирифтор сохтем [то бедор шаванд], аммо дар баробари Парвардигорашон фурӯтанӣ нанамуданд ва [ба даргоҳаш тазарруъ ва] зорӣ накарданд
[Онон пайваста чунин ҳастанд] То он гоҳ ки даре аз азоби сахт бар онон мекушоем [ва чунон гирифтор шаванд], ки [аз ҳама ҷо] маъюс гарданд
[Эй мункирони қиёмат] Аллоҳ таоло аст, ки барои шумо гӯшу чашм ва дил падид овард. Чи андак сипос мегузоред!
آية رقم 79
Ва Ӯст, ки шуморо дар замин [офарид ва] пароканда кард ва [рӯзи қиёмат] ба сӯйи Ӯ ҷамъ мешавед
Ва Ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад ва ихтилофи шабу рӯз аз тадбири Ӯст. Оё намеандешед?
آية رقم 81
[Чунин накарданд] Балки онон низ ҳамон [суханонеро] гуфтанд, ки пешиниён мегуфтанд
آية رقم 82
Гуфтанд: «Оё ҳангоме ки мурдему хоку устухон шудем, барангехта хоҳем шуд?
Бе тардид, ин ваъдаро пеш аз ин низ ба мо ва ниёгонамон додаанд. Ин [сухан чизе] нест, магар [дурӯғҳо ва] афсонаҳои пешиниён»
آية رقم 84
[Эй паёмбар, ба мункирони меод] бигӯ: «Агар медонед, [бигӯед], замин ва ҳар ки дар он аст, аз они кист?»
آية رقم 85
Хоҳанд гуфт: «[Ҳама] Аз они Аллоҳ таоло аст». Бигӯ: «Пас, оё панд намегиред?»
آية رقم 86
Бигӯ: «Парвардигори ҳафт осмон ва Парвардигори Арши бузург кист?»
آية رقم 87
Хоҳанд гуфт: «[Ҳама] Аз они Аллоҳ таоло аст». Бигӯ: «Пас, оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?»
Бигӯ: «Агар медонед, [бигӯед] фармонравоии ҳама чиз ба дасти кист? Ва [кист, ки] паноҳ медиҳад ва касе дар баробари [азоби] ӯ паноҳ надорад?»
آية رقم 89
Хоҳанд гуфт: «[Фармонравоии ҳама чиз] Аз они Аллоҳ таоло аст». Бигӯ: «Пас, чи гуна афсун мешавед [ва намеандешед]?»
آية رقم 90
[Чунин нест, ки кофирон гумон мекунанд] Балки Мо ҳақро барояшон овардем ва яқинан, онон дурӯғгӯ ҳастанд
Аллоҳ таоло ҳаргиз фарзанде барнагузидааст ва ҳеҷ маъбуде бо Ӯ нест. [Агар чунин буд] Он гоҳ ҳар маъбуде он чиро офарида буд, [бо худ] мебурд ва мусалламан, бархе бар бархе дигар бартарӣ меҷустанд [ва низоми ҳастӣ табоҳ мегашт]. Аллоҳ таоло аз он чи [мушрикон] тавсиф мекунанд, муназзаҳ аст
آية رقم 92
Ӯ донои ниҳону ошкор аст ва аз он чи бо Вай шарик месозанд, бартар аст
آية رقم 93
Бигӯ: «Парвардигоро, агар он [азобе]-ро, ки ба онон ваъда дода мешавад, ба ман нишон медиҳӣ [ки шоҳидаш бошам],
آية رقم 94
пас, Парвардигоро маро дар [ҳангоми азоб дар канори ин] гурӯҳи ситамгор қарор мадеҳ»
آية رقم 95
Ва ҳатман, Мо тавоноем, ки он чиро ба онон ваъда медиҳем, ба ту нишон диҳем
[Эй паёмбар] бадиро ба шевае, ки беҳтар аст, дафъ кун [ва бубахшу шикебо бош]. Мо ба он чи [мушрикон дар бораи ту] тавсиф мекунанд, донотарем
آية رقم 97
Ва бигӯ: «Парвардигоро, ман аз васвасаҳои шаётин ба Ту паноҳ мебарам
آية رقم 98
Ва Парвардигоро, аз ин ки онҳо назди ман ҳозир шаванд, [низ] ба Ту паноҳ мебарам»
آية رقم 99
[Кофирон пайваста бар ақидаи ботилашон ҳастанд] То ҳангоме ки марги яке аз онон фаро расад, [он гоҳ дар ҳоле ки] назди Парвардигори [худ нолаву зорӣ мекунад, ба фариштагон] мегӯяд: «Маро [ба дунё] бозгардонед
Шояд дар он чи [кӯтоҳӣ намуда ва] тарк кардам, кори шоистае анҷом диҳам». Ҳаргиз чунин нест. Бе тардид, ин фақат сухане аст, ки ӯ ба забон мегӯяд [ва ҳаргиз рафтораш тағйир намекунад] ва рӯзе, ки барангехта шаванд, пушти сарашон барзахест
Рӯзе, ки дар сур дамида мешавад, ҳеҷ як аз [ ифтихороти хонаводагӣ ва] пайвандҳои хешовандӣ миёнашон [барқарор] нахоҳад буд ва [аз ваҳшати азоб] аз [ҳоли] якдигар намепурсанд
آية رقم 102
Ва ҳар ки вазнаи аъмолаш сангин бошад, ононанд, ки растагоранд
Ва ҳар ки вазнаи аъмолаш сабук бошад, ононанд, ки ба хеш зиён задаанд ва дар дузах ҷовидонанд
آية رقم 104
Оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар он ҷо рӯйтурш ва зиштманзаранд
آية رقم 105
[Ба онон гуфта мешавад] «Магар на ин буд, ки оётам бар шумо хонда мешуд ва онҳоро дурӯғ меангоштед?»
آية رقم 106
[Дар посух] Мегӯянд: «Парвардигоро, бадбахтӣ бар мо чира шуд ва гурӯҳе гумроҳ будем
آية رقم 107
Парвардигоро, моро аз ин [дузах] берун овар. Пас, агар [ба куфру нофармонӣ] бозгаштем, ҳатман, ситамгорем»
آية رقم 108
[Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Дар он [оташ] гум шавед ва бо Ман сухан нагӯед
Гурӯҳе аз бандагонам мегуфтанд: «Парвардигоро, имон овардем, пас, моро бибахшо ва бар мо раҳм кун, [ки] бе тардид, Ту беҳтарин бахшояндаӣ»
آية رقم 110
Вале шумо ононро масхара мекардед, то ҷойе, ки [саргарм шудан ба тамасхури эшон] зикр [-у ибодати] Маро аз ёдатон бурд ва ҳамчунон ба онон механдидед
آية رقم 111
Имрӯз Ман ононро аз он ҷиҳате, ки шикебоӣ карданд, подош медиҳам. Оре, эшонанд, ки растагоранд»
آية رقم 112
[Аллоҳ таоло ба дузахиён] Мегӯяд: «Чанд сол дар замин ба сар бурдед»?
آية رقم 113
Мегӯянд: «Як рӯз ё бахше аз як рӯзро ба сар бурдем. Аз ҳисобгарон [ки ҳисоби рӯзу солро нигаҳ медоранд] бипурс»
Ӯ мегӯяд: «[Оре] Агар медонистед, ҷуз андаке [дар дунё] ба сар набурдед
آية رقم 115
Оё пиндоштаед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва ба сӯйи Мо бозгардонида намешавед?
Пас, баландмартаба [ва бузург] аст Аллоҳ таоло [ки] фармонравои ҳақ аст. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест [ва] Парвардигори Арши гаронқадр аст
Ва ҳар ки бо Аллоҳ таоло маъбуди дигареро бихонад, яқинан, ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нахоҳад дошт ва ҳисоби ӯ бо Парвардигораш хоҳад буд. Бе тардид, кофирон растагор намешаванд
آية رقم 118
Ва [эй Паёмбар] бигӯ: «Парвардигоро, [гуноҳонамро] бибахшой ва раҳм кун ва Ту беҳтарин бахшандаӣ»
تقدم القراءة