ترجمة معاني سورة المدّثر باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
آية رقم 1
ﮪﮫ
ﮬ
Эй ҷомабарсаркашида!
آية رقم 2
ﮭﮮ
ﮯ
Бархез ва бим деҳ!
آية رقم 3
ﮰﮱ
ﯓ
Ва Парвардигоратро бузург шумор!
آية رقم 4
ﯔﯕ
ﯖ
Ва ҷомаро покиза бидор!
آية رقم 5
ﯗﯘ
ﯙ
Ва аз палидӣ дурӣ кун!
آية رقم 6
ﯚﯛﯜ
ﯝ
Барои ин базлу бахшиш макун, ки афзунталабӣ кунӣ
آية رقم 7
ﯞﯟ
ﯠ
Ва барои [хушнудии] Парвардигорат шикебо бош
آية رقم 8
ﯡﯢﯣﯤ
ﯥ
Пас, ҳангоме ки дар «сур» дамида шавад
آية رقم 9
ﯦﯧﯨﯩ
ﯪ
Он рӯз рӯзи сахт [ва душворе] аст
آية رقم 10
ﯫﯬﯭﯮ
ﯯ
Бар кофирон осон нест
آية رقم 11
ﯰﯱﯲﯳ
ﯴ
[Эй паёмбар] Маро бо касе, ки ӯро танҳо [ва бидуни амволу авлод] офаридаам, вогузор
آية رقم 12
ﯵﯶﯷﯸ
ﯹ
[Ҳамон касе, ки] моли фаровоне барояш қарор додам
آية رقم 13
ﯺﯻ
ﯼ
Ва фарзандоне, ки ҳамеша [дар хидмати ӯ ва] бо ӯ ҳастанд
آية رقم 14
ﯽﯾﯿ
ﰀ
Ва ҳамаи васоил [ва имконоти] зиндагиро дар ихтиёраш қарор додам
آية رقم 15
ﰁﰂﰃﰄ
ﰅ
Боз [ҳам] тамаъ дорад, ки [бар он] биафзоям
آية رقم 16
ﰆﰇﰈﰉﰊﰋ
ﰌ
Ҳаргиз [чунин нахоҳад шуд]! Бе гумон, ӯ нисбат ба оёти Мо душманӣ дорад
آية رقم 17
ﰍﰎ
ﰏ
Ва ба зудӣ ӯро ба машаққату сахтӣ меандозам
آية رقم 18
ﰐﰑﰒ
ﰓ
Зеро ӯ [барои мубориза бо Қуръон] андешид ва муҳосиба кард
آية رقم 19
ﭑﭒﭓ
ﭔ
Пас, марг бар ӯ бод! Чи гуна андоза [ва муҳосиба] кард?
آية رقم 20
ﭕﭖﭗﭘ
ﭙ
Боз [ҳам] марг бар ӯ бод! Чи гуна андоза [ва муҳосиба] кард?
آية رقم 21
ﭚﭛ
ﭜ
Сипас назар афканд
آية رقم 22
ﭝﭞﭟ
ﭠ
Он гоҳ чеҳра дар ҳам кашид ва рӯ турш кард
آية رقم 23
ﭡﭢﭣ
ﭤ
Сипас [ба ҳақ] пушт намуд ва такаббур варзид
آية رقم 24
ﭥﭦﭧﭨﭩﭪ
ﭫ
Он гоҳ гуфт: «Ин [Қуръон] чизе ҷуз ҷодуе, ки [аз дигарон] омӯхта шуда, нест
آية رقم 25
ﭬﭭﭮﭯﭰ
ﭱ
Ва ин [чизе] ҷуз гуфтори башар нест»
آية رقم 26
ﭲﭳ
ﭴ
Ба зудӣ ӯро ба дузах дархоҳам овард
آية رقم 27
ﭵﭶﭷﭸ
ﭹ
Ва ту чи донӣ, ки дузах чи гуна аст?
آية رقم 28
ﭺﭻﭼﭽ
ﭾ
[Оташи сӯзонест, ки] На [чизеро] боқӣ мегузорад ва на [чизеро] раҳо мекунад
آية رقم 29
ﭿﮀ
ﮁ
Пӯстро [дигаргун карда] месӯзонад
آية رقم 30
ﮂﮃﮄ
ﮅ
Бар он [оташ] нуздаҳ [фаришта] гуморида шудааст.
Мо маъмурони дузахро фақат аз фариштагон қарор додем ва шумори онҳоро танҳо барои озмоиши кофирон муайян кардаем, то аҳли китоб яқин кунанд ва касоне, ки имон овардаанд, бар имони худ бияфзоянд ва аҳли китоб ва муъминон гирифтори шакку тардид нашаванд ва то касоне, ки дар дилҳояшон мараз аст ва [низ] кофирон бигӯянд: «Аллоҳ таоло аз ин масал [ва тавсиф] чи хостааст?». Бад-ин гуна, Аллоҳ таоло ҳар касро бихоҳад, гумроҳ месозад ва ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва [шумори] лашкариёни Парвардигоратро [касе] ҷуз Ӯ намедонад ва ин ҷуз панду андарзе барои инсонҳо нест
آية رقم 32
ﯥﯦ
ﯧ
Оре, савганд ба моҳ [ки ҳаргиз чунин нест, ки онон тасаввур мекунанд]
آية رقم 33
ﯨﯩﯪ
ﯫ
Ва [савганд ба] шаб ҳангоме ки пушт кунад
آية رقم 34
ﯬﯭﯮ
ﯯ
Ва ба субҳ ҳангоме ки равшан шавад
آية رقم 35
ﯰﯱﯲ
ﯳ
Ки он [оташи дузах] яке аз [азобҳои] бузург [ва ҳавлнок] аст
آية رقم 36
ﯴﯵ
ﯶ
Барои инсон бимдиҳанда аст
آية رقم 37
Барои касе аз шумо, ки бихоҳад [бо корҳои наку] пеш афтад, ё [бо гуноҳ кардан] ақиб бимонад
آية رقم 38
ﯿﰀﰁﰂﰃ
ﰄ
Ҳар кас дар гарави аъмоли хеш аст
آية رقم 39
ﰅﰆﰇ
ﰈ
Магар асҳоби ямин [муъминон]
آية رقم 40
ﰉﰊﰋ
ﰌ
Ки дар боғҳо [-и биҳишт] ҳастанд ва мепурсанд
آية رقم 41
ﰍﰎ
ﰏ
аз гунаҳгорон:
آية رقم 42
ﰐﰑﰒﰓ
ﰔ
«Чӣ чиз шуморо ба дузах даровард?
آية رقم 43
ﰕﰖﰗﰘﰙ
ﰚ
[Дузахиён] Мегӯянд: «Мо аз намозгузорон набудем
آية رقم 44
ﰛﰜﰝﰞ
ﰟ
Ва бенаво[-ён]-ро итъом намекардем
آية رقم 45
ﰠﰡﰢﰣ
ﰤ
Ва пайваста ҳамроҳи ёвагӯён [ва аҳли ботил] ҳамсадо мешудем
آية رقم 46
ﰥﰦﰧﰨ
ﰩ
Ва ҳамвора рӯзи ҷазоро такзиб мекардем
آية رقم 47
ﰪﰫﰬ
ﰭ
То замоне, ки марг ба суроғамон омад
آية رقم 48
ﭑﭒﭓﭔ
ﭕ
Пас, шафоати шафоаткунандагон ба онҳо суде намебахшад
آية رقم 49
ﭖﭗﭘﭙﭚ
ﭛ
Пас, онҳоро чи шудааст, ки аз панд [-у тазаккур] рӯй гардондаанд?
آية رقم 50
ﭜﭝﭞ
ﭟ
Гӯӣ, ки гӯрхароне рамидаанд
آية رقم 51
ﭠﭡﭢ
ﭣ
Ки аз [муқобили] шер гурехтаанд
آية رقم 52
Балки ҳар кадом аз онҳо [таваққуъ дорад ва] мехоҳад, ки [ба ӯ] номае кушода [ва ҷудогона аз сӯйи Аллоҳ таоло] дода шавад
آية رقم 53
ﭮﭯﭰﭱﭲﭳ
ﭴ
Ҳаргиз, чунин нест [ки онон мепиндоранд]! Балки онҳо аз [азоби] охират наметарсанд
آية رقم 54
ﭵﭶﭷ
ﭸ
На, чунин нест, ки онҳо мегӯянд, он [Қуръон] як тазаккур ва ёдоварӣ аст
آية رقم 55
ﭹﭺﭻ
ﭼ
Пас, ҳар касе, ки бихоҳад аз он панд гирад
آية رقم 56
Ва ёд намекунанд [ва панд намегиранд], магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Ӯст, ки сазовори парво кардан ва омурзидан аст.
تقدم القراءة