ترجمة معاني سورة الزخرف باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
آية رقم 1
ﮀ
ﮁ
Ҳо, мим
آية رقم 2
ﮂﮃ
ﮄ
Савганд ба китоби равшангар
آية رقم 3
ﮅﮆﮇﮈﮉﮊ
ﮋ
Мо онро Қуръоне ба забони арабӣ падид овардем, бошад, ки хирадварзӣ кунед
آية رقم 4
Ин китоб, ки баландмартаба ва ҳикматомӯз аст, дар Лавхи маҳфуз назди Мо сабт шудааст [ва дастхуши тағйир нахоҳад шуд]
آية رقم 5
Оё ба сирфи ин ки шумо [мушрикон] гурӯҳе исрофкоред [ва паёми илоҳиро инкор мекунед, нузули] Қуръонро аз шумо боздорем?
آية رقم 6
ﮝﮞﮟﮠﮡﮢ
ﮣ
Чи бисёр паёмбароне, ки дар миёни пешиниён фиристодем
آية رقم 7
Вале ҳар паёмбаре ба сӯйи онон меомад, масхарааш мекарданд
آية رقم 8
Мо афроди нерумандтар аз мушрикони Маккаро ҳалок кардаем ва достони [ибратангези] пешиниён гузашт
آية رقم 9
[Эй паёмбар] Агар аз мушрикон бипурсӣ: «Осмонҳо ва заминро чи касе офардиааст?» Ҳатман, мегӯянд: «[Аллоҳи] Шикастнопазири доно»
آية رقم 10
Ҳамон [Парвардигоре] ки заминро маҳалли озмоиши шумо қарор дод ва бароятон дар он роҳҳое падид овард, то роҳ ёбед
آية رقم 11
Ва ҳамон касе, ки аз осмон боронро ба миқдори муайяне фиристод, он гоҳ сарзамини хазонзада ва хушкро ба василаи он ҳаёт бахшидем. Шумо низ ҳамин гуна [аз гӯрҳо] берун оварда мешавед
آية رقم 12
Парвардигоре, ки тамоми махлуқотро офарид ва бароятон аз киштиҳо ва чаҳорпоён василаи саворӣ падид овард
آية رقم 13
То бар пушти онҳо қарор гиред ва он гоҳ ки бар онҳо қарор гирифтед, неъмати Парвардигоратонро ёд кунед ва бигӯед: «Поку муназзаҳ аст касе, ки ин [васила]-ро дар хидмати мо гумошт ва мо худ тавони ин корро надоштем
آية رقم 14
ﮀﮁﮂﮃ
ﮄ
Ва мо ба пешгоҳи Парвардигорамон бозмегардем»
آية رقم 15
Мушрикон аз миёни бандагони Аллоҳ таоло барояш саҳме [аз фарзанд] қарор доданд. Ба ростӣ, ки инсон ошкоро носипос аст
آية رقم 16
Оё [мепиндоред] Аллоҳ таоло аз миёни офаридагонаш духтаронро интихоб карда ва писаронро ба шумо ихтисос додааст?
آية رقم 17
Аммо ҳар гоҳ ба яке аз онон ҳамон чизеро, ки башорат диҳанд, ки барои Аллоҳи раҳмон қоил ҳастанд [таваллуди духтар], дар ҳоле ки хашми худро фурӯ мехӯрад, чеҳрааш [аз андуҳ] тира мегардад
آية رقم 18
Оё касеро, ки дар зевар [ва роҳатӣ] парвариш меёбад ва дар [ҳангоми] ҷидол [қодир ба] баёни мақсудаш нест [ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед]?
آية رقم 19
Мушрикон фариштагонро, ки бандагони [Аллоҳи] Раҳмонанд, муаннас [зан] пиндоштанд. Оё ба ҳангоми офариниши онон ҳузур доштанд? Суханонашон сабт мегардад ва [дар рӯзи қиёмат] бозхост хоҳанд шуд
آية رقم 20
[Онон барои тавҷеҳи ширки худ] мегӯянд: «Агар [Аллоҳи] Раҳмон мехост, мо фариштагонро парастиш намекардем». Онон дар мавриди ин [сухан] беиттилоанд ва ҷуз сухани дурӯғ намегӯянд
آية رقم 21
Оё пеш аз Қуръон китобе ба онон додаем, ки бад-он истидлол кунанд?
آية رقم 22
Балки мегӯянд: «Ниёгонамон низ ҳамин оинро доштанд ва мо [низ] роҳи ононро дунбол мекунем»
آية رقم 23
Пеш аз ту низ ҳар [паёмбари] ҳушдордиҳандаеро ба ҳар шаҳре фиристодем, сарватмандони саркаши он шаҳр мегуфтанд: «Ниёгонамон низ ҳамин оинро доштанд ва мо [низ] роҳи ононро дунбол мекунем»
آية رقم 24
[Паёмбарашон] Мегуфт: «Агар оине ҳидоятбахштар аз он чи ниёгонатон доштанд, оварда бошам [боз ҳам аз онон пайравӣ мекунед]? Онон [дар посух] мегуфтанд: «[Оре] паёмеро, ки маъмури [иблоғи] он шудаед, инкор мекунем»
آية رقم 25
Мо низ аз онон интиқом гирифтем, пас, бингар, ки саранҷоми такзибкунандагон чи гуна буд
آية رقم 26
[Ёд кун] Ҳангомеро, ки Иброҳим ба падар ва қавмаш гуфт: «Аз он чи шумо мепарастед, безорам
آية رقم 27
ﮋﮌﮍﮎﮏ
ﮐ
Магар аз касе, ки маро офаридааст, ки Ӯ ҳидоятам хоҳад кард»
آية رقم 28
Иброҳим, яктопарастиро дар миёни наслҳои пас аз худ сухане мондагор қарор дод, бошад, ки [ба пешгоҳи илоҳӣ] бозгарданд
آية رقم 29
Ин мушрикони Макка ва падаронашонро [аз неъматҳои дунё] бархӯрдор кардам, то ин ки Қуръон ва паёмбаре равшангар ба суроғашон омад
آية رقم 30
Ва он гоҳ ки Қуръон бар онон ироа шуд, гуфтанд: «Ин ҷодуст ва онро инкор мекунем»
آية رقم 31
Ва гуфтанд: «Чаро ин Қуръон бар марде бузург аз ду шаҳр [Макка ва Тоиф] нозил нашудааст?»
آية رقم 32
Оё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд? Моем, ки рӯзӣ [ва маишати] ононро дар зиндагии дунё миёнашон тақсим кардаем ва ононро нисбат ба ҳам ба дараҷоте бартарӣ бахшидаем, то аз хадамоти [мутақобили] якдигар истифода кунанд ва раҳмати Парвардигорат аз амволе, ки ҷамъ мекунанд, беҳтар аст
آية رقم 33
Агар [нигаронӣ аз онон] набуд, ки ҳама мардум [дар дунёталабӣ ва инкори Аллоҳ таоло] як гурӯҳ шаванд, сақфи хонаи касонеро, ки ба Аллоҳи раҳмон имон надоранд, аз нуқра қарор медодем ва низ паллаҳое [дар он мениҳодем], ки битавонанд аз [табақоти] он [хона] боло раванд
آية رقم 34
ﭑﭒﭓﭔﭕ
ﭖ
Ва барои хонаҳояшон дарҳое [аз тилло] мегузоштем ва тахтҳое [қарор медодем], ки бар он такя зананд
آية رقم 35
Ва таҷаммул [ва зинатҳое] фаровон [барояшон фароҳам мекардем] ва тамоми инҳо баҳраи [ночизи] зиндагии дунёст ва охират назди Парвардигорат барои парҳезкорон аст
آية رقم 36
Ҳар ки аз ёди [Аллоҳи] раҳмон дил бигардонад, шайтоне бар ӯ мегуморем, то ҳамнишинаш бошад [ва ҳамвора фиребаш диҳад]
آية رقم 37
Шаётин ин гурӯҳро аз роҳи [Аллоҳ таоло] бозмедоранд, вале онон гумон мекунанд, ки ҳидоят ёфтаанд
آية رقم 38
То он гоҳ ки [дар қиёмат] назди Мо биёяд, [ба шайтони ҳамнишинаш] мегӯяд: Эй кош, миёни ману ту фосилае ба дурии шарқу ғарб буд! Чи ҳамнишини баде будӣ!»
آية رقم 39
[Аллоҳ таоло мефармояд] «Имрӯз [пушаймонӣ] суде ба ҳолатон нахоҳад дошт; зеро ситам кардаед ва ҳамагӣ дар азоб шарикед»
آية رقم 40
[Эй Паёмбар] Оё метавонӣ [паёми худро] ба гӯши ношунавоён бирасонӣ ё нобиноён ва гумроҳони ошкорро [ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ?
آية رقم 41
ﮜﮝﮞﮟﮠﮡ
ﮢ
Агар ҳам туро пеш аз азоби онон аз дунё [бибарем] дар ҳар ҳол [аз эшон интиқом хоҳем гирифт
آية رقم 42
Ё азоберо, ки ба онон ваъда додаем, [дар даврони ҳаётат] ба ту менамоем. Бе тардид, Мо бар онон иқтидор [-и комил] дорем
آية رقم 43
Пас, ба он чи ба ту ваҳй мешавад, тамассук биҷӯ, ки бе гумон, бар роҳи рост қарор дорӣ
آية رقم 44
Тардиде нест, ки Қуръон барои ту ва қавмат мояи андарз [ ва сарбаландӣ] аст ва [дар рӯзи қиёмат дар бораи имону амал ба он] бозхост хоҳед шуд
آية رقم 45
Аз паёмбароне, ки пеш аз ту фиристодем, бипурс, ки оё ғайр аз [Аллоҳи] Раҳмон маъбудоне барои парастиш қарор додаем [мусалламан, чунин нест]
آية رقم 46
Мо Мӯсоро бо муъҷизоти хеш ба сӯи Фиръавн ва сарони қавмаш фиристодем ва ба онон гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ҷаҳониёнам»
آية رقم 47
Ва чун оёт [ва муъҷизоти] Моро бар онон ироа кард, ҳамагӣ ба онҳо хандиданд
آية رقم 48
Ҳар муъҷизае ба онон ироа додем, яке аз дигаре бузургтар буд ва [чун ҳамаро такзиб карданд] ба азоб гирифторашон кардем, бошад, ки [аз куфр] бозгарданд
آية رقم 49
[Пас, ҳангоме ки гӯшаҳое аз азоби илоҳиро чашиданд] гуфтанд: «Эй ҷодугар, аз Парвардигорат бинобар аҳде, ки бо ту дорад, бихоҳ [то азобро аз мо дур кунад], ки мо [дигар] роҳёфтаем»
آية رقم 50
Ва чун азобро аз онон бардоштем, паймон шикастанд
آية رقم 51
Фиръавн дар миёни қавми худ нидо сар дод ва гуфт: «Эй қавми ман, оё фармонравоии Миср дар ихтиёри ман нест ва ин наҳрҳо аз доманаи қасри ман ҷараён надорад? Оё [қудрату азаматамро] намебинед?
آية رقم 52
Ман аз ин марди бемиқдор, ки [ҳатто] наметавонад ба равшанӣ сухан бигӯяд, шоистатарам
آية رقم 53
Чаро [ба нишонаи сарварӣ] дастбандҳои зарин [аз осмон] бар ӯ афканда нашудааст [то собит шавад, ки паёмбар аст]? Ё чаро фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд?»
آية رقم 54
Ӯ қавми худро ба [бехирадӣ ва] сабуксарӣ кашонд ва ҳамагӣ мутеаш шуданд. Ҳаққо, ки онон [нисбат ба авомири илоҳӣ] нофармон буданд
آية رقم 55
ﮨﮩﮪﮫﮬﮭ
ﮮ
Пас, чун моро ба хашм оварданд, аз онон интиқом гирифтем ва ҳамагиро [дар дарё] ғарқ кардем
آية رقم 56
ﮯﮰﮱﯓ
ﯔ
Он гоҳ ононро дар шумори пешгомони [куфру нофармонӣ] ва ибрате [барои ояндагон] қарор додем
آية رقم 57
Ва чун достони [таваллуди] писари Марям матраҳ шуд, қавми ту [ки гумон карданд, метавонанд монанди масеҳиён чанд маъбуд дошта бошанд] ба ногоҳ шодӣ ва ҳаёҳу ба роҳ андохтанд
آية رقم 58
Ва гуфтанд: «Маъбудони мо беҳтаранд ё Исо»? Онон ин суханро танҳо барои ҷидол бо ту унвон кардаанд. Ба ростӣ, ки гурӯҳе ситезаҷӯ ҳастанд
آية رقم 59
Исо фақат бандаест, ки бар ӯ неъмат [-и рисолат] арзонӣ доштем ва ӯро намунае [аз қудрати илоҳӣ] барои Бани Исроил қарор додем
آية رقم 60
Агар мехостем, [ҳамаи шумо инсонҳоро нобуд мекардем ва] ба ҷоятон фариштагоне падид меовардем, ки дар замин ҷонишин [-и шумо] шаванд
آية رقم 61
[Таваллуди] Исо [ба муъҷизаи ҳаёт бахшиданаш] далеле барои қиёмат аст. Пас, ҳаргиз дар мавриди қиёмат шак накунед ва пайрави ман бошед, ки роҳи рост ҳамин аст
آية رقم 62
[Огоҳ бошед, ки] Шайтон шуморо [аз роҳи Аллоҳ таоло] бознадорад, чаро ки ӯ душмани ошкори шумост
آية رقم 63
Ва чун Исо [муъҷизоту] нишонаҳои равшан бар онон ироа кард, гуфт: «Ман барои шумо ҳикмат овардаам, то [бад-он роҳ ёбед] ва бархе аз мавориди ихтилофатонро равшан кунам, пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеъи [дастурҳои] ман бошед
آية رقم 64
Аллоҳ таоло Парвардигори ман ва шумост, пас, Ӯро бипарастед, ки роҳи рост ҳамин аст»
آية رقم 65
Он гоҳ гурӯҳҳои [мухталифи] Бани Исроил миёни худ [дар бораи Исо] дучори ихтилоф шуданд, пас, вой бар ситамгорон аз азоби рӯзи дарднок!
آية رقم 66
Оё ҷуз ин интизор доранд, ки қиёмат, дар ҳоле ки ғофиланд, ногаҳон бар онон фаро расад?
آية رقم 67
Дӯстон [-и дунёӣ] дар он рӯз душмани якдигаранд, магар парҳезкорон
آية رقم 68
[Аллоҳ таоло ба онон мефармояд] «Эй бандагони [парҳезкори] Ман имрӯз тарсу андуҳе нахоҳед дошт
آية رقم 69
ﮭﮮﮯﮰﮱ
ﯓ
Ҳамон бандагоне, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва таслим [-и фармони Мо] буданд
آية رقم 70
ﯔﯕﯖﯗﯘ
ﯙ
Шумо ва дигар муъминоне, ки ҳамчун шумо ҳастанд, ба биҳишт дароед, то [аз неъматҳои ҷовидонаш баҳраманд гардед ва] шодмон шавед
آية رقم 71
Зарфҳо ва ҷомҳои зарин перомунашон мегардонанд ва ҳар чи дилҳо бихоҳад ва дидаҳо лаззат барад, дар он ҷо ҳаст ва шумо дар биҳишт ҷовидонаед
آية رقم 72
Ин ҳамон биҳиштест, ки дар барорбари рафторатон ба шумо додаанд
آية رقم 73
ﯴﯵﯶﯷﯸﯹ
ﯺ
Дар онҷо меваҳои фаровоне дар ихтиёр доред, ки аз онҳо мехӯред
آية رقم 74
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖ
ﭗ
Бе тардид, муҷримон дар азоби дузах ҷовидонанд
آية رقم 75
ﭘﭙﭚﭛﭜﭝ
ﭞ
[Дар ҳоле ки азоб] аз онон коста намешавад ва дар яъсу ноумедӣ фурӯ рафтаанд
آية رقم 76
ﭟﭠﭡﭢﭣﭤ
ﭥ
Мо ба онон ситам накардаем, балки онҳо худ ба хештан ситам мекарданд
آية رقم 77
[Дузахиён] Нигаҳбони оташро садо мезананд ва фарёд бар меоранд: «Эй Молик [кош] Парвардигорат кори моро яксара кунад [ва бимиронад]» Ӯ мегӯяд: «На, шумо [дар ин азоб] мондагоред»
آية رقم 78
Ба ростӣ, ҳақро барои шумо овардем, вале бештаратон аз он кароҳат доштед
آية رقم 79
ﭸﭹﭺﭻﭼ
ﭽ
Онон азми [худро барои тавтеа алайҳи ту] ҷазм карданд, Мо низ иродаи муҳкаме [бар ноком гузоштани эшон] дорем
آية رقم 80
Оё мепиндоранд, ки Мо суханони сиррӣ ва наҷвояшонро намешунавем? Оре, фариштагони Мо дар канорашон [ҳастанд ва ҳама чизро] сабт мекунанд
آية رقم 81
[Эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Агар [ба фарзи маҳол Аллоҳи] Раҳмон фарзанде дошт, ман нахустин парастишгар [-и Ӯ] будам»
آية رقم 82
[Маъбуди яктое, ки] Парвардигори осмонҳо ва замин ва Арш аст, аз тавсифи [ҷоҳилонаи] онон муназзаҳ аст
آية رقم 83
Пас, [эй паёмбар] ононро [ба ҳоли худ] бигузор, то ёвагӯӣ кунанд ва ба бозӣ саргарм бошанд, то саранҷом бо рӯзи мавъуд [қиёмат] мувоҷеҳ шаванд [ва сазои аъмолашонро бубинанд]
آية رقم 84
Ӯст, ки дар осмон ва замин маъбуд аст ва Ӯ ҳакими доност
آية رقم 85
Пурбаракат ва бузургвор аст касе, ки фармонравоии осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост, аз они Ӯст ва огоҳӣ аз [лаҳзаи барпоии] растохез танҳо дар ихтиёри Ӯст ва [ҳамагӣ] ба пешгоҳи Ӯ бозгардонда мешавед
آية رقم 86
Касоне, ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонанд, қодир ба шафоат нестанд, магар афроде, ки ба [калимаи тавҳид ва] ҳақ аз руи илм гувоҳӣ медиҳанд
آية رقم 87
Агар аз мушрикон бипурсӣ, чи касе ононро офаридааст, мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Пас, чи гуна [аз ҳақ] бар мегарданд?
آية رقم 88
[Шикоят ва] Сухани паёмбар [ин буд]: «Парвардигоро, инон қавме ҳастанд, ки имон намеоваранд»
آية رقم 89
Пас, [эй паёмбар] аз онон даргузар ва [барои раҳоӣ аз шаррашон] бигӯ: «Салом бар Шумо»! Ба зудӣ хоҳанд донист [ки азобашон чи гуна аст]
تقدم القراءة