سورة المعارج

الترجمة الطاجيكية - عارفي

ترجمة معاني سورة المعارج باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي

فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام

الترجمة الطاجيكية - عارفي

فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام

آية رقم 1
Дархосткунандае [ба тамасхур] тақозои азоберо кард, ки вуқуаш [дар қиёмат] ҳатмӣ аст
آية رقم 2
[Ин азоб] Барои кофирон аст [ва] ҳеҷ дафъкунандае надорад
آية رقم 3
Аз сӯйи Аллоҳ таоло [ба вуқуъ мепайвандад, ки] соҳиби маротиб ва дараҷоти волост
Фариштагон ва Рӯҳ [Ҷабраил] ба сӯйи Ӯ уруҷ мекунанд, дар рӯзе, ки миқдораш [дар миқёси башарӣ] панҷоҳ ҳазор сол аст
آية رقم 5
Пас, ту [эй паёмбар, дар баробари тамасхури эшон] сабри наку пеша кун
آية رقم 6
Бе гумон, онҳо он [рӯз]-ро дур мебинанд
آية رقم 7
Ва Мо онро наздик мебинем
آية رقم 8
[Ҳамон] Рӯзе, ки осмон чун миси гудохта шавад
آية رقم 9
Ва кӯҳҳо монанди пашми рангин [муталошӣ ва пароканда] шавад
آية رقم 10
Ва ҳеҷ дӯсти самимӣ [ва хешованде] аз [ҳоли] дӯсти самимӣ [ва хешовандаш] намепурсад
[Дар ҳоле ки] Онон ба якдигар нишон дода мешаванд, гунаҳгор [дӯст дорад ва] орзу мекунад, ки фарзандони худро дар баробари [раҳоӣ аз] азоби он рӯз бидиҳад
آية رقم 12
Ва [ҳамчунин] ҳамсару бародарашро
آية رقم 13
ва қабилаашро, ки [ҳамеша] ба ӯ ҷо ва паноҳ медод
آية رقم 14
Ва [ҳамчунин] ҳамаи онҳоеро, ки рӯйи замин ҳастанд, [фидо кунад] то наҷот ёбад
آية رقم 15
[Аммо] Ҳаргиз чунин нест! Бе гумон, он шуълаҳои [оташи] сӯзон аст
آية رقم 16
[Ки] пӯст аз сар бармеканад
آية رقم 17
Касонеро, ки [ба фармони Аллоҳ таоло] пушт карданд ва [аз ҳақ] рӯй гардониданд, [ба сӯи худ] фаро мехонад
آية رقم 18
Ва [низ касонеро, ки] амволро ҷамъоварӣ ва захира карданд [ва ҳаққи онро напардохтанд]
آية رقم 19
Яқинан, инсон камтоқат [-у ҳарис] офарида шудааст
آية رقم 20
Ҳар гоҳ бадӣ [ва мусибате] ба ӯ расад, бетобӣ мекунад
آية رقم 21
Ва ҳар гоҳ хубӣ ба ӯ расад, боздоранда [ва бахил] мегардад
آية رقم 22
Магар намозгузорон
آية رقم 23
Ҳамон касоне, ки бар намозҳояшон ҳамеша пойдорӣ мекунанд.
آية رقم 24
Ва касоне, ки дар амволашон ҳаққи [муайяну] маълуме ҳаст
آية رقم 25
Барои мустаманд ва маҳрум
آية رقم 26
Ва [ҳамон] касоне, ки рӯзи ҷазоро тасдиқ мекунанд
آية رقم 27
Ва касоне, ки аз азоби Парвардигорашон метарсанд
آية رقم 28
[Чаро ки] Бе гумон, аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд
آية رقم 29
Ва касоне, ки шармгоҳҳояшонро нигаҳ медоранд
Магар бо ҳамсарону канизоне, ки молики онҳо ҳастанд, ки [дар ин сурат] сарзанише бар онҳо нест
آية رقم 31
Пас, ҳар кас фаротар аз инҳоро бихоҳад, онон мутаҷовизон ҳастанд
آية رقم 32
Ва касоне, ки амонатҳо ва паймонҳояшонро риоя мекунанд
آية رقم 33
Ва касоне, ки ба шаҳодатҳои худ мутааҳҳиданд
آية رقم 34
Ва касоне, ки бар намозашон пойдорӣ мекунанд
آية رقم 35
Инон дар боғҳо [-и биҳишт] гиромӣ дошта мешаванд
آية رقم 36
Пас, [эй паёмбар] кофиронро чи шудааст, ки ба сӯйи ту мешитобанд?
آية رقم 37

[Ва] Аз росту чап гурӯҳ-гурӯҳ [ҳуҷум меоваранд?]

آية رقم 38
Оё ҳар кадом аз онҳо [бо он аъмоли нописандашон] тамаъ доранд, ки дар биҳишти пурнеъмат [-и илоҳӣ] дароварда шаванд?
آية رقم 39
Ҳаргиз чунин нест! Бе гумон, Мо онҳоро аз он чи [худ] медонанд, офаридаем
آية رقم 40
Пас, ба Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳо савганд мехӯрам, ки Мо яқинан қодирем
آية رقم 41
Бар ин ки [касони дигаре] беҳтар аз эшонро ҷойгузин кунем ва Мо [барои анҷоми ин кор] дармонда ва нотавон нестем
آية رقم 42
Пас, [эй паёмбар] ононро ба ҳоли худ вогузор, то дар ботили худ фуру раванд ва бозӣ кунанд, то ба рӯзе бирасанд, ки бад-эшон ваъда дода шудааст
[Ҳамон] Рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо хориҷ мешаванд, гӯӣ ба сӯйи бутҳо медаванд
[Дар ҳоле ки] Чашмҳояшон [аз шарму ваҳшат] ба зер афтода ва зиллат [-у хорӣ] ононро пӯшидааст. Ин ҳамон рӯзест, ки ба эшон ваъда дода мешавад
تقدم القراءة