سورة الحاقة

الترجمة الطاجيكية - عارفي

ترجمة معاني سورة الحاقة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي

فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام

الترجمة الطاجيكية - عارفي

فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام

آية رقم 1

[Рӯзи] Воқеъшуданӣ [растохез]

آية رقم 2
Он воқеъшуданӣ чист?
آية رقم 3
Ва ту чи донӣ он воқеъшуданӣ чист [ва чи гуна аст]?
آية رقم 4
[Қавми] Самуд ва [қавми] Од [қиёмати] дарҳамкӯбандаро такзиб карданд
آية رقم 5
Ва аммо [қавми] Самуд ба бонги саҳмгин ҳалок шуданд
آية رقم 6
Ва аммо [қавми] Од бо тундбоде саркаш ва сард ба ҳалокат расиданд
[Аллоҳ таоло] ҳафт шабу ҳафт рӯз паёпай он [азоб]-ро бар онҳо мусаллат намуд. Пас, [агар он ҷо будӣ] [он] қавмро [дар асари он тундбод] монанди танаҳои пӯсидаи дарахтони хурмо бар замин афтода [ва ҳалокшуда] медидӣ
آية رقم 8
Пас, оё аз онҳо касеро мебинӣ, ки боқӣ монда бошад?
آية رقم 9
Ва Фиръавну касоне, ки пеш аз ӯ буданд ва [мардуми] шаҳрҳои вайроншудаи [қавми Лут] муртакиби гуноҳони [бузург] шуданд
آية رقم 10
Пас, онҳо аз [фармони] фиристодаи Парвардигорашон сарпечӣ карданд, он гоҳ [Аллоҳ таоло] ононро ба азоби сахте гирифтор кард
آية رقم 11
Ҳангоме ки об туғён кард, Мо шуморо дар киштӣ савор кардем
آية رقم 12
То панде барои шумо қарор диҳем ва гӯшҳои шунаво онро бишнаванд ва ба ёд биспоранд
آية رقم 13
Пас, он гоҳ ки як бор дар сур дамида шавад
آية رقم 14
Ва замину кӯҳҳо аз ҷо канда шуда ва якбора дарҳам кӯбида [ва муталошӣ] шаванд
آية رقم 15
Дар он рӯз воқеаи [азими] қиёмат ба вуқуъ] мепайвандад
آية رقم 16
Ва осмон шикофта мешавад ва дар он рӯз суст мегардад [ва фурӯ мерезад]
Ва фариштагон бар канораҳои он [осмон] қарор мегиранд ва он рӯз ҳашт [фаришта] арши Парвардигоратро бар сари худ ҳамл мекунанд
آية رقم 18
Дар он рӯз шумо [ҳамагӣ барои ҳисобрасӣ ба пешгоҳи Аллоҳ таоло] арза мешавед ва ҳеҷ чиз аз [корҳои] шумо пинҳон нахоҳад монд
Аммо касе, ки номаи [аъмолаш]-ро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: «Биёед, нома [-и аъмол] -и маро бихонед
آية رقم 20
Ман яқин доштам, ки бо ҳисоб [-и аъмол]-и худ мувоҷеҳ хоҳам шуд»
آية رقم 21
Пас, ӯ дар як зиндагии писандида [ва ризоятбахш] хоҳад буд
آية رقم 23
Ки меваҳояш [барои чидан] дар дастрас аст
آية رقم 24
[Ва ба онҳо гуфта мешавад]: «Ба [хотири] он чи дар айёми гузашта пеш фиристодаед, бихӯред ва биёшомед, гувороятон бод»
Ва аммо касе, ки нома [-и аъмол]-ашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош, ҳаргиз нома [-и аъмол] - амро ба ман намедоданд
آية رقم 26
Ва намедонистам, ҳисобам чист!
آية رقم 27
Эй кош, [бо марг] ҳама чиз тамом мешуд [ва поёни кор буд]!
آية رقم 28
Молу дороиям маро бениёз накард [ва суде набахшид]
آية رقم 29
Қудрату фармонравоиям [низ] аз [дасти] ман рафт [ва ба куллӣ нобуд шуд]»
آية رقم 30
[Ба фариштагон гуфта мешавад] «Ӯро бигиред ва дар банду занҷир кунед
آية رقم 31
Сипас ӯро ба [оташи] дузах бияфканед.
آية رقم 32
Он гоҳ вайро дар занҷире бибандед, ки тӯлаш ҳафтод зироъ аст
آية رقم 33
Бе гумон, ӯ ҳаргиз ба Аллоҳи бузург имон намеовард
آية رقم 34
Ва ҳаргиз [мардумро] бар таом додани бенаво[-ён] ташвиқ намекард
آية رقم 35
Пас, имрӯз дар ин ҷо дӯсти самимӣ [ва меҳрубоне] надорад [ки ёриаш кунад]
آية رقم 37
[Ғизое, ки] Ҷуз гунаҳгорон онро намехӯранд»
آية رقم 38
Пас, савганд ба он чи мебинед
آية رقم 39
Ва ба он чи намебинед
آية رقم 40
Бе тардид, ин [Қуръон сухани Аллоҳ таоло аст, ки иблоғаш ба паёмбар бар уҳдаи] фиристодаи бузургвор [Ҷабраил] аст
آية رقم 41
Ва инҳо гуфтори шоире нест, [аммо шумо кофирон] камтар имон меоваред
آية رقم 42
Ва [низ] гуфтори коҳине нест, [аммо шумо] камтар панд мегиред.
آية رقم 43
Аз сӯйи Парвардигори ҷаҳониён нозил шудааст
آية رقم 44
Ва агар [паёмбар] суханон [-и дурӯғ] бар Мо мебаст
آية رقم 45
Мусалламан, Мо дасти рости ӯро мегирифтем
آية رقم 46
Сипас [шоҳ] раги қалбашро қатъ мекардем
آية رقم 47
Ва ҳеҷ як аз шумо наметавонист монеъ [-и азоб]-и ӯ гардад
آية رقم 48
Яқинан, ин [Қуръон] панду тазкире барои парҳезкорон аст
آية رقم 49
Ва Мо яқинан, медонем, ки бархе аз шумо такзибкунандагон [-и ин каломи илоҳӣ] ҳастед
آية رقم 50
Ва ҳамоно ин [Қуръон] бар кофирон мояи ҳасрату надомат аст
آية رقم 51
Ва бе гумон, ин [Қуръон] ҳақиқати ростин аст
آية رقم 52
Пас, [эй паёмбар] бо [зикри] номи Парвардигори бузургат [Ӯро] тасбеҳ гӯй
تقدم القراءة