سورة الفجر

الترجمة الطاجيكية - عارفي

ترجمة معاني سورة الفجر باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي

فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام

الترجمة الطاجيكية - عارفي

فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام

آية رقم 1
Савганд ба субҳ
آية رقم 2
Ва ба шабҳои даҳгона [-и оғози зулҳиҷҷа]
آية رقم 3
Ва ба завҷ ва фард [-и ашё]
آية رقم 4
Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳаракат мекунад ва] меравад
آية رقم 5
Оё дар ин [чизҳо] савганде барои соҳибхирад нест [ки ӯро қонеъ намояд]?
آية رقم 6
[Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Парвардигорат бо [қавми] Од чи кард?
آية رقم 7
[Ҳамон қабилаи] Ирам, ки дорои [кохҳои бо] сутунҳои баланд буданд
آية رقم 8
Ки ҳаммонанди он дар шаҳрҳо офарида нашуда буд?
آية رقم 9
Ва [низ қавми] Самуд, онҳое, ки сахраҳои сахтро аз [канори] водӣ метарошиданд [ва барои худ хона месохтанд]?
آية رقم 10
Ва Фиръавн соҳиби сипоҳи [бузург ва қудратманд]
آية رقم 11
[Ҳамон] Касоне, ки дар шаҳрҳо туғён [ва саркашӣ] карданд
آية رقم 12
Ва дар онҳо фасоди бисёр ба бор оварданд
آية رقم 13
Он гоҳ Парвардигорат тозиёнаи азобро бар онон фуруд овард
آية رقم 14
Яқинан Парвардигори ту дар камингоҳ аст
Ва аммо инсон ҳангоме ки Парвардигораш ӯро биозмояд ва гиромӣ дорад ва ба ӯ неъмат бахшад, [мағрур мегардад ва] мегӯяд: «Парвардигорам маро гиромӣ доштааст»
Ва аммо ҳангоме ки ӯро биозмояд ва рӯзиашро бар ӯ танг гирад, [дилсард шуда] мегӯяд: «Парвардигорам маро хор кардааст»
آية رقم 17
Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; балки шумо ятимро гиромӣ намедоред
آية رقم 18
Ва якдигарро бар итъоми мустамандон тарғиб намекунед
آية رقم 19
Ва меросро ҳарисона мехӯред [ва ҳаққи заифонро намедиҳед]
آية رقم 20
Ва молу сарват [-и дунё]-ро бисёр дӯст медоред
آية رقم 21
Ҳаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; ҳангоме ки замин сахт дарҳам кӯбида шавад [ва ҳамвор гардад]
آية رقم 22
Ва Парвардигорат [барои додрасӣ] биёяд ва [низ] фариштагон саф дар саф [биистанд]
Ва дар он рӯз ҷаҳаннам оварда шавад, дар он рӯз инсони [кофир] панд мегирад [ва тавба мекунад]; ва [аммо] ин панд гирифтан чи суде барояш дорад?
آية رقم 24
Вай мегӯяд: «Эй кош, [дар дунё] барои [ин] зиндагиам [чизе аз] пеш фиристода будам!
آية رقم 25
Пас, дар он рӯз ҳеҷ кас ҳаммонанди азоби Ӯ [Аллоҳ таоло] азоб намекунад
آية رقم 26
Ва ҳеҷ кас ҳамчун банд кашидани Ӯ [Аллоҳ таоло] касеро ба банд намекашад
آية رقم 27
[Аммо ба муъмин нидо мешавад] «Эй рӯҳи оромёфта!
آية رقم 28
Ба сӯйи Парвардигорат бозгард, дар ҳоле ки ту [аз подоши Аллоҳ таоло] хушнудӣ ва Ӯ аз [аъмоли] ту хушнуд аст
آية رقم 29
Пас, дар зумраи бандагони [хосси] Ман даро
آية رقم 30
Ва ба биҳишти Ман ворид шав»
تقدم القراءة