سورة النبأ

الترجمة الطاجيكية - عارفي

ترجمة معاني سورة النبأ باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي

فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام

الترجمة الطاجيكية - عارفي

فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام

آية رقم 1
[Кофирон] Дар бораи чи чиз аз якдигар суол мекунанд?
آية رقم 3
Ҳамон [хабаре] ки онҳо дар он ихтилоф доранд
آية رقم 4
Чунин нест [ки онҳо меандешанд] ба зудӣ хоҳанд донист
آية رقم 5
Боз ҳам чунин нест; ба зудӣ хоҳанд донист
آية رقم 6
Оё заминро бистаре [барои осоиши шумо] қарор надодем?
آية رقم 7
Ва кӯҳҳоро мехҳо [-и он] қарор надодем?
آية رقم 8
Ва шуморо ҷуфт [нару мода] офаридем.
آية رقم 9
Ва хоби шуморо [мояи] оромишатон қарор додем
آية رقم 10
Ва шабро пӯшише [бароятон] қарор додем
آية رقم 11
Ва рӯзро [василаи] зиндагӣ ва [касби маош] қарор додем
آية رقم 12
Ва бар фарози шумо ҳафт [осмон] муҳкам бино кардем
آية رقم 13
Ва [хуршедро] чароғе дурахшон офаридем
آية رقم 14
Ва аз абрҳои боронзо обе фаровон фурӯ фиристодем
آية رقم 15
То бад-он дона ва гиёҳ бисёр бирӯёнем
آية رقم 16
Ва боғҳое пурдарахт [бо он парвариш диҳем]
آية رقم 17
Бе гумон, рӯзи доварӣ ваъдагоҳ [-и Мо бо шумо] аст
آية رقم 18
Рӯзе, ки дар «сур» дамида мешавад ва шумо гурӯҳ-гурӯҳ [ба маҳшар] меоед
آية رقم 19
Ва осмон кушуда мешавад ва ба сурати дарҳои мутааддид дармеояд
آية رقم 20
Ва кӯҳҳо ба ҳаракат дармеояд ва ба сурати саробе мешавад
آية رقم 21
Ва бе гумон, ҷаҳаннам камингоҳест
آية رقم 22
Ва маҳалли бозгаште барои туғёнгарон
آية رقم 23
Муддати замоне дароз дар он ҷо бимонанд
آية رقم 24
Дар он ҷо [чизи] хунуке намечашанд ва на ошомиданӣ [-и гуворое хоҳанд дошт]
آية رقم 25
Ҷуз обе сӯзон ва [моеъе, ки] чирку хун [аст]
آية رقم 26

[Ин] Кайфаре аст муносиб ва дархӯр [-и аъмолашон]

آية رقم 27
Чаро ки онҳо ҳеҷ умеде ба [рӯзи] ҳисоб надоштанд
آية رقم 28
Ва оёти Моро ба шиддат такзиб карданд
آية رقم 29
Ва Мо ҳама чизро [дар Лавҳи маҳфуз] шуморишу сабт кардаем
آية رقم 30
Пас, [кайфари аъмоли худро] бичашед, ки чизе ҷуз азоб бар шумо намеафзоем
آية رقم 31
Бе гумон, барои парҳезкорон комёбӣ [-и бузурге] аст
آية رقم 32
Боғҳои [мева] ва токзорҳо
آية رقم 33
Ва ҳуроне ҷавон ва ҳамсиннусол
آية رقم 34
Ва ҷомҳое лабрез ва паёпай [аз шароби покизаи биҳишт]
آية رقم 35
Дар он ҷо на сухани беҳудае мешунаванд ва на дурӯғе
آية رقم 36
[Ин] Подош аз ҷониби Парвардигори туст ва атое аз рӯйи ҳисоб
[Ҳамон] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи дар миёни онҳост; [ҳамон Аллоҳи] Раҳмон [ки] ҳеҷ кас [дар он рӯз] ёрои сухан гуфтан бо ӯро надорад
Рӯзе, ки рӯҳ [Ҷабраил] ва фариштагон ба саф биистанд, ҳеҷ кас сухан нагӯяд, ҷуз касе, ки Аллоҳи раҳмон ба ӯ иҷозат дода бошад ва [ӯ] сухани дуруст [ва савоб] гӯяд
Он [рӯз] рӯзи ҳақ аст; пас, ҳар ки хоҳад, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ биҷӯяд
Ба ростӣ, Мо шуморо аз азобе наздик бим додем: рӯзе, ки инсон он чиро аз қабл бо дастҳои худ фиристодааст, мебинад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок будам [ва барои ҳисоб барангехта намешудам!»
تقدم القراءة