ترجمة معاني سورة المدّثر باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
آية رقم 1
ﮪﮫ
ﮬ
1. Эй ҷома дар сар кашида,
آية رقم 2
ﮭﮮ
ﮯ
2. бархез аз ҷои хобат, пас бим деҳ одамонро аз азоби Аллоҳ!
آية رقم 3
ﮰﮱ
ﯓ
3. Ва такбиру таъзиму ибодатро махсуси Парвардигорат гардон!
آية رقم 4
ﯔﯕ
ﯖ
4. Ва ҷомаатро аз наҷосатҳо покиза дор!(1)
1. Яъне, покии зоҳирӣ нишонаи покии ботинӣ аст.
آية رقم 5
ﯗﯘ
ﯙ
5. Ва давомат кун дурӣ ҷӯстанро аз бутҳо ва аз корҳои ширк, пас ба онҳо наздикӣ макун!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/895
آية رقم 6
ﯚﯛﯜ
ﯝ
6. Ва чизе мадеҳ, ки беш аз он чашм дошта бошӣ.
آية رقم 7
ﯞﯟ
ﯠ
7. Ва барои розигии Парвардигорат бар амру наҳйҳояш собир бош!
آية رقم 8
ﯡﯢﯣﯤ
ﯥ
8. Пас он гоҳ ки дар сур (карнай) барои аз нав зинда шудан, дамида шавад,
آية رقم 9
ﯦﯧﯨﯩ
ﯪ
9. пас он рӯз рӯзи сахте хоҳад
буд.
буд.
آية رقم 10
ﯫﯬﯭﯮ
ﯯ
10. Барои кофирон осон нест, ки халос шаванд аз муноқишаи ҳисобу китоб.
آية رقم 11
ﯰﯱﯲﯳ
ﯴ
11. Маро эй Паёмбар, бо он ки дар шиками модараш танҳояш бе молу фарзанд, офаридаам, вогузор.
آية رقم 12
ﯵﯶﯷﯸ
ﯹ
12. Ва ӯро моли бисёре додам.
آية رقم 13
ﯺﯻ
ﯼ
13. Ва писароне ҳама дар Макка назди ӯ ҳозир.
آية رقم 14
ﯽﯾﯿ
ﰀ
14. Ва васоили зиндагиро аз ҳар ҷиҳат барои ӯ фароҳам сохтаам.
آية رقم 15
ﰁﰂﰃﰄ
ﰅ
15. Он гоҳ тамаъ мебандад, ки бар неъматаш(1) биафзоям.
1. Яъне, бар замми ин неъматҳо боз ҳам молу фарзандонашро зиёд гардонам. Ва ҳамоно ӯ кофир аст бар Ман.
آية رقم 16
ﰆﰇﰈﰉﰊﰋ
ﰌ
16. Ҳаргиз, ки ҳамоно, ӯ дар баробари Қуръон ва оёти Мо саркашӣ карду ситеза ҷӯст.
آية رقم 17
ﰍﰎ
ﰏ
17. Зуд аст, ки ба сараш машаққатҳоеро аз навъҳои азобе, ки дар он роҳат нест меорем.(1)
1. Ин оятҳо дар ҳаққи Валид бинни Муғира нозид шудааст, ки хеле ҳам саркаш ва душмани Аллоҳ ва расулаш буд. (Инчунин ҷазо дода мешавад ҳар як кофири саркашро). Тафсири Саъдӣ 1/896
آية رقم 18
ﰐﰑﰒ
ﰓ
18. Ҳароина, ӯ андешид ва нақшае кашид(1).
1. Яъне, чи таънае мезанад дар ҳаққи Қуръон ва Муҳаммад.
آية رقم 19
ﭑﭒﭓ
ﭔ
19.Пас марг бар ӯбод, чӣ гуна нақшае кашид?
آية رقم 20
ﭕﭖﭗﭘ
ﭙ
20. Боз ҳам марг барӯ бод, чӣ нақшае кашид?
آية رقم 21
ﭚﭛ
ﭜ
21. Сипас он гоҳ, ки нигарист, (яъне, фикр карду нақша кашид ва тайёрӣ дид дар таъна задани Қуръон).
آية رقم 22
ﭝﭞﭟ
ﭠ
22. Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дарҳам кашид. Баъд аз он, ки чизе наёфт, ки ба он Қуръонро таъна занад.
آية رقم 23
ﭡﭢﭣ
ﭤ
23. Сипас рӯй гардонид аз ҳақ ва гарданкашӣ кард аз эътироф шудан ба мағлубияташ.
آية رقم 24
ﭥﭦﭧﭨﭩﭪ
ﭫ
24. Пас гуфт дар бораи Қуръон:
«Ин чизе, ки Муҳаммад мегӯяд, ҷуз ҷодуе, манқул аз пешиниён ривоят шуда, ҳеҷ нест.
«Ин чизе, ки Муҳаммад мегӯяд, ҷуз ҷодуе, манқул аз пешиниён ривоят шуда, ҳеҷ нест.
آية رقم 25
ﭬﭭﭮﭯﭰ
ﭱ
25. Ин сухани махлуқон аст, ки Муҳаммад онро таълим гирифтаасту, баъд аз он даъво мекунад, ки он аз назди Аллоҳ аст.
آية رقم 26
ﭲﭳ
ﭴ
26. Ба зудӣ ӯро ба сақар (дӯзах) бияфканам. То бисӯзад дар оташаш.
آية رقم 27
ﭵﭶﭷﭸ
ﭹ
27. Ту чӣ медонӣ, ки сақар чи гӯна аст?
آية رقم 28
ﭺﭻﭼﭽ
ﭾ
28. На, гӯштеро боқӣ мегузорад ва на устухонеро раҳо месозад.
آية رقم 29
ﭿﮀ
ﮁ
29. Тағйирдиҳанда ва сиёҳкунандаи пӯст аст.
آية رقم 30
ﮂﮃﮄ
ﮅ
30. Нуздаҳ фаришта барои азоби онҳо муваккаланд.
31. Муваккалони дӯзахро ҷуз аз фариштагони сахтгир қарор надодем. Ва шумори онҳо ҷуз барои имтиҳони кофирон нест. То аҳли китоб (Яҳуд ва Насоро) бовар кунанд(1) ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва ахди китобу мӯъминон шак накунанд.
Ва то он мунофиқон ва кофирон, ки дар дилҳояшон маразест, бигӯянд: «Аллоҳ аз ин шумораи аҷоиб чӣ мехостааст?» Аллоҳ инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад роҳ менамояд.
Ва шумори лашкари(1) Парвардигоратро ҷуз Ӯ кассе надонад. Ва ин ҷаҳаннам ҷуз ҳушдор ва панде аз барои мардум нест(3).
Ва то он мунофиқон ва кофирон, ки дар дилҳояшон маразест, бигӯянд: «Аллоҳ аз ин шумораи аҷоиб чӣ мехостааст?» Аллоҳ инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад роҳ менамояд.
Ва шумори лашкари(1) Парвардигоратро ҷуз Ӯ кассе надонад. Ва ин ҷаҳаннам ҷуз ҳушдор ва панде аз барои мардум нест(3).
1. Яъне, он чизе, ки дар Қуръон дар бораи хозинони ҷаҳаннам гуфта шудааст ҳақ аст ва аз назди Аллоҳ аст. Тафсири Табарӣ 30/24
2. Аз он ҷумла фариштагонро.
3. Тафсири Бағавӣ 8/271
2. Аз он ҷумла фариштагонро.
3. Тафсири Бағавӣ 8/271
آية رقم 32
ﯥﯦ
ﯧ
32. Инчунин нест, ки онҳо мепиндоранд(1), савганд ба моҳ!
1. Яъне, Ба рисолати паёмбар бовар намекунанд.
آية رقم 33
ﯨﯩﯪ
ﯫ
33. Ва савганд ба шаб, чун пушт кунад рӯй ба рафтан орад
آية رقم 34
ﯬﯭﯮ
ﯯ
34. Ва савганд ба субҳ, чун парда барафканад,
آية رقم 35
ﯰﯱﯲ
ﯳ
35. ки ҳароина, ин дӯзах яке аз ҳодисаҳои бузург аст.
آية رقم 36
ﯴﯵ
ﯶ
36. Тарсонандаи одамиён аст.
آية رقم 37
37. Барои ҳар касе аз шумо, ки бихоҳад, наздик шудан ба Парвардигорашро бо амали нек ё бозпас монад бо куфру нофармонӣ.
آية رقم 38
ﯿﰀﰁﰂﰃ
ﰄ
38. Ҳар кас гаравгони корест, ки кардааст, хоҳ нек аст, хоҳ бад аз он раҳо намеёбад, то он вақте ки ҳаққашро бидиҳад.
آية رقم 39
ﰅﰆﰇ
ﰈ
39. Ғайри мусалмонони холис онҳое, ки худашонро бо амалҳои шоиста наҷот доданд.
آية رقم 40
ﰉﰊﰋ
ﰌ
40. Онҳо дар биҳиштҳо нишастаанд ва аз якдигарашон мепурсанд,
آية رقم 41
ﰍﰎ
ﰏ
41. аз кофироне, ки дар ҳаққи худашон гуноҳ кардаанд.
آية رقم 42
ﰐﰑﰒﰓ
ﰔ
42. Чӣ чизҳое шуморо ба ҷаҳаннам даровард?
آية رقم 43
ﰕﰖﰗﰘﰙ
ﰚ
43. Гӯянд гунаҳкорон: "Мо дар дунё аз намозгузорон набудем
آية رقم 44
ﰛﰜﰝﰞ
ﰟ
44. ва ба дарвешону камбағалон таъом намедодем
آية رقم 45
ﰠﰡﰢﰣ
ﰤ
45. ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем
آية رقم 46
ﰥﰦﰧﰨ
ﰩ
46. ва рӯзи қиёматро дӯруғ
мешуморидем,
мешуморидем,
آية رقم 47
ﰪﰫﰬ
ﰭ
47. то марги мо фаро расид ва мо дар ҳамон гумроҳӣ будем"
آية رقم 48
ﭑﭒﭓﭔ
ﭕ
48. Пас, шафоъати шафоаткунандагон(1) фоидаашон набахшад. Зеро шафоъат барои онҳоест, ки Аллоҳ таъоло аз онҳо розист ва барои шафоаткунанда иҷозат додааст.
1. Хоҳ фаришта бошад, хоҳ паёмбар ё дигараш.
آية رقم 49
ﭖﭗﭘﭙﭚ
ﭛ
49. Пас он мушриконро чӣ шудааст, ки аз Қуръон ва пандҳои он рӯй гардонанд?
آية رقم 50
ﭜﭝﭞ
ﭟ
50. Монанди харони ваҳшие, ки рамида
آية رقم 51
ﭠﭡﭢ
ﭣ
51. аз шер мегурезанд,
آية رقم 52
52. Балки ҳар як аз он мушрикҳо мехоҳанд, ки аз сӯйи Аллоҳ китоби кушодае ба ӯ дода шавад.(1)
1. Ҳамчунон ки ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дода шудааст.
آية رقم 53
ﭮﭯﭰﭱﭲﭳ
ﭴ
53. На чунин аст, ки онҳо мепиндоранд, балки онҳо аз охират наметарсанд. Ва ба баъсу ҷазо боварӣ надоранд.
آية رقم 54
ﭵﭶﭷ
ﭸ
54. На чунин аст, ки онҳо дар бораи Қуръон меандешанд албатта, ки ин Қуръон пандест агар саъодати худро бихоҳанд,
آية رقم 55
ﭹﭺﭻ
ﭼ
55. пас ҳар кӣ бихоҳад, онро бихонад ва аз он андарз бигирад ва аз ҳидояташ фоида бибарад.
آية رقم 56
56. Ва панд нагиранд, магар ин ки Аллоҳ хоҳад ҳидояти онҳоро. Ӯ таъоло шоёни он аст, ки аз Ӯ битарсанд ва итоъаташ кунанд. Ва
Ӯ шоёни омӯрзидан аст касонеро, ки ба Ӯ имон оранду итоъаташ кунанд!
Ӯ шоёни омӯрзидан аст касонеро, ки ба Ӯ имон оранду итоъаташ кунанд!
تقدم القراءة