ترجمة معاني سورة الحجر باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
آية رقم 1
1. Алиф, Лом, Ро.(1) Ин оёти китоби Илоҳӣ нозил шудааст бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва Қуръонест, ки оятҳояш равшан аст ва баёнкунандаи ҳақ аст.(2)
1. Тафсири ин ҳарфҳо дар аввали сураи Бақара гузашт. 2. Тафсири Саъдӣ 1\429
آية رقم 2
2. Борҳо, кофирон орзу мекунанд дар дӯзах, ки эй кош дар дунё мусалмон мебуданд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\368
آية رقم 3
3. Эй Паёмбар, кофиронро бигузор, то бихӯранд дар дунё ва баҳравар шаванд ва орзуҳояшон онҳоро ғофил созад аз имону тоъат ба зудӣ натиҷаи аъмолашонро хоҳанд донист.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\368
آية رقم 4
4. Эй Расул, аз барои тасдиқ накардани паёмбарии ту фуруд омадани азобро талаб карданд, вале Мо ҳеҷ шаҳреро ҳалок накардаем, магар он ки барои ҳалокиашон муддати муайяне доштааст.
آية رقم 5
5. Ҳеҷ уммате аз аҷали хеш на пеш меафтад ва на пас мемонад.
آية رقم 6
6. Ва (ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам масхараомезона) гуфтанд: «Эй марде, ки Қуръон ба ту нозил шуда, ҳаққо, ки ту девонаи! (Ба муҷарради сухани ту мо аз пайравии падаронамон рӯй барнаметобем).(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\429
آية رقم 7
7. Агар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро барои мо намеоварӣ, то гувоҳӣ диҳанд, ки Аллоҳ туро ба паёмбарӣ фиристодааст.
آية رقم 8
8. (Ва Аллоҳ дар ҷавобашон мефармояд): Мо фариштагонро нозил намекунем, ҷуз ба ҳақ ва агар ба он имон наёваранд дар он ҳангом дигар мӯҳлаташон надиҳанд ва фавран азоби Илоҳӣ гиребонгирашон мегардад.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\369
آية رقم 9
9. Ҳамоно Мо Қуръонро (ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) худ нозил кардаем ва қатъан худ нигаҳбонаш ҳастем, (ки дар он чизе на кам карда мешавад ва на зиёд).(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\68
آية رقم 10
10. Ва ба таҳқиқ Мо расулони худро пеш аз ту, - эй Муҳаммад, - ба миёни қавмҳои пешин фиристодаем.
آية رقم 11
11. Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, магар ки масхарааш мекарданд. (Пас, ҳаминчунин мушрикон бо ту карданд, он гуна ки бо паёмбарони пешина карда шуд).(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\429
آية رقم 12
ﮰﮱﯓﯔﯕ
ﯖ
12. Ин гуна он истеҳзоро ба дилҳои гунаҳкорон дохил мегардонем.
آية رقم 13
13. Ба он Қуръон имон намеоваранд ва шеваи қавмҳои пешина доимӣ чунин будааст.
آية رقم 14
14. Агар барои кофирони Макка аз осмон даре бикушоем, ки аз он боло раванд, ҳатто мушоҳида кунанд он чи ки дар осмон мавҷуд ҳаст аз аҷоиботи мулки Аллоҳ, ҳароина имон наоварданд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\528
آية رقم 15
15. Албатта, гӯянд: «Мо чашмбандӣ шудаем, балки мо мардуме ҷодузада ҳастем!»
آية رقم 16
16. Ва ҳароина, дар осмони дунё бурҷҳое офаридем барои ситорагон ва осмонро бо ситорагон барои бинандагонашон биёростем, то андеша кунанд ва панд бигиранд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\429
آية رقم 17
ﭙﭚﭛﭜﭝ
ﭞ
17. Ва осмонро аз ҳар шайтони раҷиме ки аз раҳмати Аллоҳ маҳрум аст, ҳифз кардем.(1)
1. Тафсири Табарӣ 16\77
آية رقم 18
18. Магар он шайтоне, ки дуздона гӯш медод ва шиҳобе (оташпорае) равшан дар пайи вай афтад.(1)
1. Ва гоҳо шайтон қабл аз расидани оташпора ба дӯстони худ хабарро мерасонад. Тафсири Саъдӣ 1/430
آية رقم 19
19. Ва заминро васеъ кардем ва дар он кӯҳҳои азиме партофтем. Ва барои эҳтиёҷи бандагон аз ҳар чизе санҷида дар он рӯёнидем.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\374
آية رقم 20
20. Ва дар он ҷо барои шумо асбоби зиндагӣ қарор додем ва низ касонеро, ки шумо рӯзидиҳандаи онҳо нестед, аз ходимону чорпоҳо.
آية رقم 21
21. Ҳар чи ҳаст, хазинаҳои он назди Мост ва Мо ҷуз ба андозае муайян онро фурӯ намефиристем.
آية رقم 22
22. Ва бодҳои бордоркунанда абрҳоро фиристодем ва аз паси он аз осмон обе нозил кардем барои нӯшокии шумо ва заминатон ва чорпоёнатон ва шуморо бо он сероб сохтем ва шумо хазинадори он нестед.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\531
آية رقم 23
ﮕﮖﮗﮘﮙﮚ
ﮛ
23. Албатта, Мо ҳастем, ки зинда мекунем ва ҷамии халоиқро мемиронем ва баъд аз ҳама боқӣ мемонем.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\376
آية رقم 24
24. Ва ба таҳқиқ медонем ҳоли касонеро, ки аз шумо аз ин пеш рафтаанд аз мурдаҳо ва кушташудаҳо ва медонем ҳоли касоне, ки боқӣ мондаанд дар ҳаёт ё баъд ба дунё меоянд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\377
آية رقم 25
25. Ва ҳамоно Парвардигори ту ҳамаро аз аввал то охир барои ҳисобу ҷазо зинда карда, ҷамъ мегардонад, зеро Ӯст ҳакиму доно чизе аз Ӯ пинҳон намемонад!(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\95
آية رقم 26
26. Мо одамиро аз гили хушк, аз лойи сиёҳи бӯйгирифта офаридем.
آية رقم 27
27. Ва ҷинро пеш аз он аз оташи сӯзандаи бедуд офарида будем.
آية رقم 28
28. Ва ба ёд ор эй Паёмбар ҳангоме, ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ҳамоно ман аз гили хушкида, аз гили сиёҳи бӯйнок инсонеро меофаринам.
آية رقم 29
29. Пас, чун ӯро рост кунам ва аз рӯҳи Худ дар он бидамам, дар баробари ӯ ба саҷда бияфтед».(1)
1. Мурод аз саҷдаи таҳият ва эҳтиром аст, на саҷдаи ибодат.
آية رقم 30
ﯶﯷﯸﯹ
ﯺ
30. Пас, фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд,
آية رقم 31
31. магар Иблис, ки саркашӣ кард, ки бо саҷдакунандагон бошад.
آية رقم 32
32. Аллоҳ ба Иблис гуфт:
«Эй Иблис, чаро ту аз саҷдакунандагон набудӣ?»
«Эй Иблис, чаро ту аз саҷдакунандагон набудӣ?»
آية رقم 33
33. Иблис кибр ва ҳасади худро зоҳир карда гуфт: «Ман барои башаре, ки аз гили хушк, аз лойи сиёҳи мутағайир офаридаӣ, саҷда намекунам».(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\101
آية رقم 34
ﭦﭧﭨﭩﭪ
ﭫ
34. Аллоҳ гуфт: «Аз он ҷаннат берун шав, ки ту рондашуда ҳастӣ.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\534
آية رقم 35
ﭬﭭﭮﭯﭰﭱ
ﭲ
35. Ба дурустӣ, то рӯзи қиёмат лаънати Аллоҳ бар туст!»
آية رقم 36
ﭳﭴﭵﭶﭷﭸ
ﭹ
36. Иблис гуфт: "Эй Парвардигори ман, маро то рӯзе, ки дубора зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ" (ва он рӯзи қиёмат аст).
آية رقم 37
ﭺﭻﭼﭽ
ﭾ
37. Аллоҳ гуфт: «Ту ба яқин дар шумори мӯҳлатёфтагонӣ,
آية رقم 38
ﭿﮀﮁﮂ
ﮃ
38. то он рӯзе, ки вақташ маълум(1) аст».
1. Ва он рӯзест, ки ҳамаи халқ баъди дамидани сури аввал мемиранд, на рӯзи аз нав зинда шудан.
آية رقم 39
39. Иблис гуфт: «Эй Парвардигори ман, чун маро ноумед ва гумроҳ кардӣ, дар рӯи замин барои фарзандони Одам бадиҳоро дар назарашон биёроям ва ҳамаро гумроҳ кунам,
آية رقم 40
ﮏﮐﮑﮒ
ﮓ
40. магар онҳо, ки бандагони боихлоси Ту бошанд».
آية رقم 41
ﮔﮕﮖﮗﮘ
ﮙ
41. Аллоҳ гуфт: «Роҳи ихлос, роҳи ростест, ки ба Ман мерасад.
آية رقم 42
42. Туро бар бандагони Ман ғолибияте нест, магар ғалабаи ту бар он гумроҳоне,
ки туро пайравӣ кунанд ва ризоияти туро аз ризоияти Ман бартар донанд.
ки туро пайравӣ кунанд ва ризоияти туро аз ризоияти Ман бартар донанд.
آية رقم 43
ﮦﮧﮨﮩ
ﮪ
43. Ва ба дурустӣ, ҷаҳаннам миъоди Иблис ва ҳамаи пайравони вай аст.
آية رقم 44
44. Ҷаҳаннам ҳафт дар дорад ва ҳар дар аз дигаре поёнтар аст барои ҳар дар гурӯҳе аз онон муъайян шудаанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\431
آية رقم 45
ﯕﯖﯗﯘﯙ
ﯚ
45. Парҳезгорон(1) дар бустонҳову чашмаҳо бошанд.
1. Онон ки амри Аллоҳро ба ҷо оварданд ва аз манъкардашудаҳои Аллоҳ дур истоданд.
آية رقم 46
ﯛﯜﯝ
ﯞ
46. Ба саломат ва хотирҷамъӣ ба он дохил шавед.
آية رقم 47
47. Ҳар кинаеро аз дилашон берун мекашем, ҳама бародарона, бар тахтҳо рӯ ба рӯи ҳам менишинанд.
آية رقم 48
48. Ҳеҷ ранҷе дар он ҷо ба онҳо намерасад ва аз он ҷо берун нагарданд ва ҷовидона дар онҷо бимонанд.
آية رقم 49
49. Эй Паёмбар, ба бандагонам хабар деҳ, ки ман омурзандаву меҳрубонам барои мӯъминони тавбакор.
آية رقم 50
ﯻﯼﯽﯾﯿ
ﰀ
50. Ва азоби Ман, азоби дардовар аст, барои касоне, ки аз гуноҳи худ тавба намекунанд.
آية رقم 51
ﰁﰂﰃﰄ
ﰅ
51. Ва эй Паёмбар, онҳоро аз меҳмонони Иброҳим хабардор кун.(1)
1. Фариштагоне буданд, ки на танҳо барои башорат додан, - ба фарзанд, - ба назди Иброҳим омада, балки низ барои ҳалок кардани қавми Лут алайҳимуссалом низ омада буданд. Тафсири Бағавӣ 4\384
آية رقم 52
52. Он гоҳ ки фариштагон бар ӯ дохил шуданд ва гуфтанд: «Салом!» (Иброҳим низ ҷавоби салом гуфт ва барояшон таом пешкаш намуд, вале онҳо нахӯрданд ва Иброҳим) гуфт: «Мо аз шумо метарсем!»(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\540
آية رقم 53
53. Фариштагон гуфтанд: «Матарс, (эй Иброҳим) мо туро ба писари доное(1) мужда медиҳем».
1. Вай Исҳоқ аст.
آية رقم 54
54. (Иброҳим ба тааҷҷуб) гуфт: «Оё маро мужда медиҳед, бо он ки пир шудаам ва ҳамсарам низ пир аст. Ба чӣ чиз муждаам медиҳед?»(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\432
آية رقم 55
55. Гуфтанд: «Мо туро ба ростӣ мужда додаем, пас аз ноумедон мабош!»(1)
1. Ҳеҷ шакке нест дар он, ки Аллоҳ бар ҳама чиз қодир аст. Тафсири Саъдӣ 1\432
آية رقم 56
56. (Иброҳим) гуфт: «Ба ҷуз гумроҳон кист, ки аз раҳмати Парвардигораш ноумед шавад?»
آية رقم 57
ﭽﭾﭿﮀﮁ
ﮂ
57. Гуфт: «Эй фиристодагон, чӣ кори муҳиме доред?»
آية رقم 58
ﮃﮄﮅﮆﮇﮈ
ﮉ
58. Фариштагон гуфтанд: «Мо ба сӯи қавми гунаҳкорон фиристода шудаем ва ҳамаро нобуд мекунем,
آية رقم 59
ﮊﮋﮌﮍﮎﮏ
ﮐ
59. магар хонадони Лутро, ки ҳамаашонро наҷот медиҳем,
آية رقم 60
ﮑﮒﮓﮔﮕﮖ
ﮗ
60. магар ҳамсарашро, ки муқаррар намудаем, ки аз боқимондагон дар азоб бошад».
آية رقم 61
ﮘﮙﮚﮛﮜ
ﮝ
61. Чун фариштагон назди хонадони Лут омаданд,
آية رقم 62
ﮞﮟﮠﮡ
ﮢ
62. Лут барояшон гуфт: «Шумо гурӯҳи ношиносед».
آية رقم 63
63. (Фариштагон) гуфтанд матарс: «Балки, барои ту он чизеро (азоберо), ки дар он шак мекарданд, овардаем.
آية رقم 64
ﮫﮬﮭﮮ
ﮯ
64. Мо туро хабари рост овардаем ва мо ростгӯёнем, ки Аллоҳ қавми туро ҳалоккунандааст.
آية رقم 65
65. Чун қисме аз шаб бигзарад, хонадони худро ва мӯъминонро берун бибар ва худ аз пайи онҳо рав ва онҳо пеш-пеши ту ва набояд ҳеҷ як аз шумо ба ақиб бингарад.(1) Ва ҳар ҷо, ки Аллоҳ фармонатон дод, зуд биравед, то дар амон бимонед.(2)
1. Яъне, ақибнишинӣ накунад, то ба азоб дучор нагардад. 2. Тафсири Табарӣ 17\116
آية رقم 66
66. Ва барои Лут ҳодисаро ҳикоят кардем, ки чун субҳ фаро расад, ҳамаи онҳо нобуд ва решакан хоҳанд шуд.
آية رقم 67
ﯪﯫﯬﯭ
ﯮ
67. Ва Аҳли шаҳр аз дидани меҳмонон (фариштагон) шодикунон омаданд.
آية رقم 68
ﯯﯰﯱﯲﯳﯴ
ﯵ
68. Лут барояшон гуфт: «Инҳо меҳмонони мананд, маро расво макунед.
آية رقم 69
ﯶﯷﯸﯹ
ﯺ
69. Аз Аллоҳ битарсед ва маро шармсор масозед».
آية رقم 70
ﯻﯼﯽﯾﯿ
ﰀ
70. Қавми Лут гуфтанд: «Магар туро аз меҳмондорӣ ва паноҳ додани мардум манъ накарда будем?»
آية رقم 71
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖ
ﭗ
71. Лут барояшон гуфт: «Агар қасде барои издивоҷ ва баровардани хоҳишоти шаҳвонӣ доред, инҳо, занҳоятон духтарони ман ҳастанд никоҳ кунед».(1)
1. Лут алайҳиссалом аз он сабаб занҳои онҳоро духтаронам номид, ки зеро паёмбари ҳар як уммат ба манзалаи падар барояшон ҳисобида мешавад.
آية رقم 72
ﭘﭙﭚﭛﭜ
ﭝ
72. Эй Паёмбар, ба ҷони ту савганд, ки онҳо дар мастии шаҳват ва ҷаҳолати хеш саргашта буданд.
1. Ин қасам барои эҳтироми Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Барои Аллоҳ ҷоиз аст, ки ба чизе аз махлуқоташ хоҳад, қасам ёд мекунад. Аммо барои махлуқ ба ҷуз ба номи Аллоҳ савганд ёд кардан, ҳаром аст.
آية رقم 73
ﭞﭟﭠ
ﭡ
73. Чун ба вақти тулӯи офтоб, ононро наъраи сахте (садои ваҳшатноке) фурӯ гирифт ва нобудашон кард.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\423
آية رقم 74
74. Пас, он шаҳрро зеру забар кардем ва бо сангпораҳое аз санг ҳамаашонро сангборон кардем.
آية رقم 75
ﭫﭬﭭﭮﭯ
ﭰ
75. Ба дурустӣ, дар ин ибратҳост барои ибратгирандагон.
آية رقم 76
ﭱﭲﭳ
ﭴ
76. Ва он шаҳр акнун дар сари роҳи мусофирон аст, ки доим дар рафту омаданашон онро мебинанд.
آية رقم 77
ﭵﭶﭷﭸﭹ
ﭺ
77. Ба дурустӣ, дар ин кор (дар ҳалок кардани Мо онҳоро) нишонаи бузурге барои мӯъминон аст.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\544
آية رقم 78
ﭻﭼﭽﭾﭿ
ﮀ
78. Ва мардуми Айка(1) низ ситамкор буданд.
1. Қавми Шуъайб алайҳиссалом, ки соҳибони он шаҳр соҳиби бустону дарахтони бисёр буданд.
آية رقم 79
ﮁﮂﮃﮄﮅ
ﮆ
79. Пас аз онон интиқом гирифтем ва ҳар дуи онон (сарзамини қавми Лут ва Айка) дар сари роҳи намоён ҳастанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\433
آية رقم 80
ﮇﮈﮉﮊﮋ
ﮌ
80. Ба дурустӣ, мардуми Ҳиҷр(1) низ паёмбаронро ба дурӯғ нисбат доданд.(2)
1. Қавми Солеҳ алайҳиссалом ва онҳо Самудиён буданд. 2. Зеро касе як паёмбарро дурӯғ барорад, ҳамаи паёмбаронро дурӯғ баровардааст, чунки онон бар як динанд. Тафсири Саъдӣ 1\434
آية رقم 81
ﮍﮎﮏﮐﮑ
ﮒ
81. Оёти Хешро бар онон (қавми Солеҳ) расонидем, вале аз он рӯй гардониданд.
آية رقم 82
ﮓﮔﮕﮖﮗﮘ
ﮙ
82. Хонаҳои худро, аз кӯҳҳо метарошиданд ва хотирҷамъ буданд.
آية رقم 83
ﮚﮛﮜ
ﮝ
83. Пас, субҳгоҳон фарёд ва садои маргборе эшонро фаро гирифт.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\545
آية رقم 84
ﮞﮟﮠﮡﮢﮣ
ﮤ
84. Чизе, ки касб карда буданд аз ҷамъоварии мол ва сохтани қасрҳо аз онон дафъи бало накард.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\434
آية رقم 85
85. Осмонҳову замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ наёфаридаем. Ва бешак, қиёмат, ҳатман, фаро мерасад. Пас, эй Паёмбар, аз беодобиҳои эшон гузашт кун, гузашти неке ва бузургворона ва ҳакимона ба даъвати худ идома бидеҳ ва дар баробари азият ва озори куффор, бурдбор бош.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\545
آية رقم 86
ﯗﯘﯙﯚﯛ
ﯜ
86. Ҳароина, Парвардигори ту офаринандаву доно аст чизе бар Ӯ пинҳон намемонад!
آية رقم 87
87. Ва ба ростӣ, ки Мо сабъ-ул-масонӣ(1) ва Қуръони бузургро ба ту эй Паёмбар, додаем.
1. Сураи Фотиҳа, ки аз ҳафт оят иборат аст ва дар ҳар намоз такрор мешавад.
آية رقم 88
88. Агар баъзе аз кофиронро ба чизе баҳравар сохтаем, ту ба он нигоҳ макун.
Ва ғами он кофиронро махӯр, ки чаро ба ту имон намеоваранд. Ва дар баробари мӯъминон хоксор бош.(1)
Ва ғами он кофиронро махӯр, ки чаро ба ту имон намеоваранд. Ва дар баробари мӯъминон хоксор бош.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\392
آية رقم 89
ﯵﯶﯷﯸﯹ
ﯺ
89. Ва ба кофирон бигӯ: «Ҳамоно ман бимдиҳандаи ошкорам».
آية رقم 90
ﯻﯼﯽﯾ
ﯿ
90. Фуруд хоҳем овард азобро ҳамчуноне, ки бар тақсимкунандагон(1) нозил кардем:
1. Касоне, ки Қуръонро тақсим намуда ба баъзеаш имон оварданд ва ба баъзе дигараш куфр оварданд, аз яҳуду насоро ва дигарон. Тафсири Табарӣ 17\142
آية رقم 91
ﭑﭒﭓﭔ
ﭕ
91. Касоне, ки Қуръонро ба қисмҳо(1) тақсим карда буданд.
1. Баъзе аз муфассирон мегӯянд, ки ин оят низ мушрикони Маккаро дарбар мегирад, ки онҳо қисматеро ҳақ ва қисматеро ботил медонистанд ва ё онро шеър, сеҳр, кизб ва асотир меномиданд, то ин ки мардумро аз роҳи ҳақ боздоранд. Тафсири Табарӣ 17\146
آية رقم 92
ﭖﭗﭘ
ﭙ
92. Ба Парвардигорат савганд, ки ҳамаро, ҳатман дар рӯзи қиёмат аз он чи ки онҳо дар китоби Аллоҳ айбу нуқсон ва таҳрифу табдил додаанд, суол мекунем,
آية رقم 93
ﭚﭛﭜ
ﭝ
93. ба хотири корҳое, ки
мекарданд!(1)
мекарданд!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\435
آية رقم 94
ﭞﭟﭠﭡﭢﭣ
ﭤ
94. Пас, ошкоро кун он чиро, ки ба он фармон дода мешавӣ ва аз мушрикон рӯй бигардон.
آية رقم 95
ﭥﭦﭧ
ﭨ
95. Мо макру азият ва озори масхаракунандагонро аз ту бозмедорем,
آية رقم 96
96. касоне, ки маъбуди дигарро ҳамроҳ ба Ӯ қарор медиҳанд, дар ояндаи наздик ҳақиқатро хоҳанд донист.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\435
آية رقم 97
97. Ва ба ростӣ, медонем, ки ту аз он чи ки мегӯянд, дилтанг мешавӣ ва аз истеҳзо, таҳқир ва лафзҳои ширколудашон дилат ба дард меояд.
آية رقم 98
ﭻﭼﭽﭾﭿﮀ
ﮁ
98. Пас, ба покӣ ёд кун Парвардигоратро ҳангоми фарогирии ғаму андӯҳ ва аз зумраи саҷдакунандагон (намозгузорон) бош!
آية رقم 99
ﮂﮃﮄﮅﮆ
ﮇ
99. Ва давомат кун дар парастиши Парвардигорат, то ҳангоме ки марг ба суроғат меояд.
تقدم القراءة