ترجمة معاني سورة عبس باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
آية رقم 1
ﭑﭒ
ﭓ
1.Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйро турш кард ва рӯй баргардонид(1),
1. Ин гуна рафтор аз ҷониби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои тарки афзал буд на ин ки корашон аз рӯи гуноҳ буд, зеро паёмбарон маъсуманд, балки ин корашон тобеъи сиришти инсонӣ аст, монанди хашм, ризо, ханда ва гиря. Узри ибни Мактум низ ин буд, ки намедонист Расулуллоҳ саллаллоху алайҳи ва саллам ба дигарон машғуланд, ки ба Ислом мушарраф шаванд.
آية رقم 2
ﭔﭕﭖ
ﭗ
2.чун он нобино; Абдулло ибни Мактум ба наздаш омад, дар он вақт Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба даъвати бузургони Қурайш машғул буд.
آية رقم 3
ﭘﭙﭚﭛ
ﭜ
3.Ва ту эй Паёмбар чӣ донӣ, шояд, ки он марди нобино покиза шавад,
آية رقم 4
ﭝﭞﭟﭠ
ﭡ
4.ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад.
آية رقم 5
ﭢﭣﭤ
ﭥ
5.Аммо он ки ӯ тавонгар аст, бо мол ва ба имон эҳтиёҷ надорад,
آية رقم 6
ﭦﭧﭨ
ﭩ
6.ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ ва ба каломи вай гӯш медиҳӣ
آية رقم 7
ﭪﭫﭬﭭ
ﭮ
7. ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 8\336
آية رقم 8
ﭯﭰﭱﭲ
ﭳ
8. Ва аммо он, касе ки шитобон ба назди ту омад
آية رقم 9
ﭴﭵ
ﭶ
9. ва ӯ аз камбудӣ кардан дар роҳи ҳақ аз Аллоҳ метарсад,
آية رقم 10
ﭷﭸﭹ
ﭺ
10. вале ту аз ӯ рӯй метобӣ, ба дигаре рӯй меорӣ, амри Аллоҳ чунин нест, магар ин ки байни бузургу нотавон, бою камбағал, марду зан баробар бошӣ(1)
1. Тафсири Ибни Касир 8\319
آية رقم 11
ﭻﭼﭽ
ﭾ
11. Оре, ин оятҳои Қуръон пандест,
آية رقم 12
ﭿﮀﮁ
ﮂ
12. пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад.
آية رقم 13
ﮃﮄﮅ
ﮆ
13. Оятҳои Қуръон дар саҳифаҳое гаронқадр аст,
آية رقم 14
ﮇﮈ
ﮉ
14. саҳифаҳое, ки пок ва дорои манзалати баланд,
آية رقم 15
ﮊﮋ
ﮌ
15. ба дасти котибони,
آية رقم 16
ﮍﮎ
ﮏ
16. бузургвору некӯкор(1) сабт шудааст.
1. Фариштагон
آية رقم 17
ﮐﮑﮒﮓ
ﮔ
17. Лаънат ва азоб бод бар инсони кофир, ки чӣ носипос (ношукр) аст!
آية رقم 18
ﮕﮖﮗﮘ
ﮙ
18. Аллоҳ уро аввалин бор аз чи офаридааст?
آية رقم 19
ﮚﮛﮜﮝ
ﮞ
19. Аз нутфае офаридаст ва онгоҳ ӯро ба андозае сохтааст,
آية رقم 20
ﮟﮠﮡ
ﮢ
20. сипас роҳашро осон сохт ва барояш роҳи неку бадро баён кард.
آية رقم 21
ﮣﮤﮥ
ﮦ
21. Баъд ӯро мемиронад ва вориди гӯраш мегардонад.
آية رقم 22
ﮧﮨﮩﮪ
ﮫ
22. Сипас ҳар вақте ки хоҳад, ӯро барои ҳисобу китоб зинда мегардонад
آية رقم 23
ﮬﮭﮮﮯﮰ
ﮱ
23. Ҳаргиз чунин мабод! Он чиро, ки ба ӯ фармуда буд, анҷом надод.
آية رقم 24
ﯓﯔﯕﯖ
ﯗ
24. Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад, ки чӣ гуна Аллоҳ таъоми ӯро барои нигоҳ доштани ҳаёташ офарид.
آية رقم 25
ﯘﯙﯚﯛ
ﯜ
25. Мо боронро ба фаровонӣ фурӯ рехтем,
آية رقم 26
ﯝﯞﯟﯠ
ﯡ
26. сипас заминро ба некӣ шикофтем,
آية رقم 27
ﯢﯣﯤ
ﯥ
27. онгоҳ дар он донаҳо рӯёнидем,
آية رقم 28
ﯦﯧ
ﯨ
28. ва ангуру сабзавот
آية رقم 29
ﯩﯪ
ﯫ
29. ва зайтуну дарахтони хурмо
آية رقم 30
ﯬﯭ
ﯮ
30. ва боғҳои пурдарахту анбуҳ
آية رقم 31
ﯯﯰ
ﯱ
31. ва меваву алафро,
آية رقم 32
ﯲﯳﯴ
ﯵ
32. то шумову чорпоёнатон баҳра баред.
آية رقم 33
ﯶﯷﯸ
ﯹ
33. Пас ҳангоме ки он бонги гӯшкаркунанда рӯзи қиёмат, ки гӯшҳоро кар месозад, даррасад,
آية رقم 34
ﯺﯻﯼﯽﯾ
ﯿ
34. рӯзе, ки одамӣ аз ҳавли он рӯз аз бародараш бигурезад
آية رقم 35
ﰀﰁ
ﰂ
35. ва аз модару падараш
آية رقم 36
ﰃﰄ
ﰅ
36. ва аз ҳамсару фарзандонаш.
آية رقم 37
ﰆﰇﰈﰉﰊﰋ
ﰌ
37. Ҳар касеро аз онон дар он рӯзи қиёмат коре ҳаст, ки ӯро ба худ машғул медорад.
آية رقم 38
ﰍﰎﰏ
ﰐ
38. Дар он рӯз чеҳраҳое шод ва дурахшонанд,
آية رقم 39
ﰑﰒ
ﰓ
39. хандонанду шодонанд.
آية رقم 40
ﰔﰕﰖﰗ
ﰘ
40. Ва чеҳраҳои дӯзахиён дар он рӯз ғуборолуданд,
آية رقم 41
ﭑﭒ
ﭓ
41. торикӣ онҳоро фурӯ мепӯшонад.
آية رقم 42
ﭔﭕﭖﭗ
ﭘ
42. Инҳо кофиронанд, ки ба неъматҳои Аллоҳ куфр оварданд ва оётҳои Ӯро дурӯғ бароварданд ва бадкоронанд, ки ба маҳорими Аллоҳ ҷуръат карданд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 24\234
تقدم القراءة