سورة النجم

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني سورة النجم باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الناشر

مجمع الملك فهد

آية رقم 1
1. (Аллоҳ таъоло савганд ёд кардааст:) Савганд ба он ситора, ки чун дар охири шаб пинҳон шавад.
آية رقم 2
2. Гумроҳ нашудааст Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва на ба роҳи каҷ рафтааст. Балки Ӯ хеле ҳам дар роҳи дуруст ва иътидол мебошад.
آية رقم 3
3. Ва сухан аз рӯи ҳавою ҳавас намегӯяд.
آية رقم 4
4. Он чизе, ки бо худ оварда ва бо шумо дар миён ниҳодааст, ҷуз ваҳй чизи дигаре нест, ки бар ӯ фиристода мешавад.(1)
1. Тафсири Табарӣ 22/498
آية رقم 5
5. Таълим додааст ин Қуръонро ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фариштае, ки бисёр неруманд аст.
آية رقم 6
6. Пас фариштаи неруманд дорои ахлоқи некӯ (Ҷабраил алайҳиссалом) рост ва дуруст истод.
آية رقم 7
7. Ва ӯ худро нишон дод ба сурати аслиаш ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар канори баландии осмон.(1)
1. Яъне, дар тарафи офтоббаро.
آية رقم 8
8.       Сипас Ҷабраил наздик шуд ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, онгоҳ фуруд омад ва наздиктар шуд,
آية رقم 9
9.       пас фосилаи ӯ ба Паёмбар ба қадри ду камон ё камтар буд.
آية رقم 10
10.   Ва Аллоҳ ба бандаи худ Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам ҳар чӣ бояд ваҳй кунад, ба воситаи Ҷабраил, ваҳй кард.
آية رقم 11
11.   Дили Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам он чиро, ки чашмаш дида буд, дурӯғ нашумурд.
آية رقم 12
12.   Оё бо ӯ дар бораи чизе ки аз оёти Парвардигораш дидааст ситеза мекунеду дуруғ мебароред?
آية رقم 13
13.   Ва ба ростӣ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Ҷабраилро ба сурати ҳақиқиаш бори дигар дида буд,
آية رقم 14
14.   назди Сидрату-л- мунтаҳо(1),
1. Яъне, дарахти набқ дар болои осмони ҳафтум. Тафсири Саъдӣ 1/818
آية رقم 15
15.   ки Ҷаннату-л-маъвои барои парҳезгорон ваъда шуда назди он қарор дорад.
آية رقم 16
16.   Чун дарахти Сидраро он чӣ пӯшонда буд, фурӯ пӯшонд, он гоҳ, ки амри бузург аз сӯи Аллоҳ онро мепӯшонад, ки васф ва ҳолати онро ғайри Аллоҳи якто дигаре намедонад.
آية رقم 17
17.   Ҳаргиз чашмаш каҷравӣ накард на росту на чап ва аз он чи ба он амр карда шуда буд ба диданаш таҷовуз накард.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/818
آية رقم 18
18.   Ҳамоно дид Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, шаби Меъроҷ, порае аз оёти бузург, (яъне, ҷаннат ва дӯзахро, ки далолат ба қудрати Аллоҳ мекунад)(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/818
آية رقم 19
19.   Оё эй мушрикон, он маъбудонеро, ки ибодаташон мекунед: Лот ва Узоро дидаед?
آية رقم 20
20.   Ва Манот, он бути саввуми дигарро? Оё фоида ё зараре овард, то шарики Аллоҳ гардад?
آية رقم 21
21.   Оё шуморо писар бошад, ки ба он розиед ва Аллоҳро духтар, ки дар ин сурат онро барои худ розӣ нестед?
آية رقم 22
22.    Ин тақсими ситамкорона аст.
23.    Ин бутҳо чизе нестанд(1) ҷуз номҳое, ки худ ва падаронатон аз рӯи ҳавову ҳаваси ботилатон ба онҳо додаед. Ва Аллоҳ таъоло ҳеҷ далеле барои тасдиқи даъвои шумо нафиристодааст.
Танҳо он мушрикон аз паи гумону нафси хеш мераванд ва ҳол он ки аз ҷониби Аллоҳ бар забони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам роҳнамоияшон кардаанд, пас ба онҳо фоидае накард.(2)
1. Яъне, соҳиби сифатҳои камол нестанд. 2. Тафсири Табарӣ 22/528
آية رقم 24
24.    Оё ҳар чиро, ки одамӣ орзу кунад, аз шафоъати ин маъбудон ё ғайраш барояш ҳосил аст? (Ҳаргиз не).
آية رقم 25
25.    Оре, ҳам охират ва ҳам дунё аз они Аллоҳ аст.
26.    Ва чӣ бисёр фариштагони олиҳиммат дар осмонанд, ки шафоъаташон ҳеҷ фоидае надиҳад, магар аз он пас, ки Аллоҳ барои ҳар касе, ки бихоҳад ва писандад иҷозат диҳад.
27.   Ҳароина, аз кофирони араб онон, ки ба охират имон надоранд ва барои он рӯз амал намекунанд, албатта, фариштагонро ба номҳои занона номгузорӣ мекунанд.(1)
1. Яъне, аз рӯи эътиқоди ботилашон, ки фариштагон духтарони Аллоҳанд.
28.   Ва онҳоро ба он чӣ мегӯянд, ҳеҷ донише нест. Танҳо аз гумони худ пайравӣ мекунанд ва ҳароина, гумон барои шинохти ҳақиқат кофӣ нест!
29.   Пас, ту низ рӯй гардон аз касе, ки аз сухани Мо (Қуръон) рӯй мегардонад ва ҷуз зиндагии дунявӣ чизи дигареро намеҷӯяд.
30.   Ниҳояти донишашон ҳамин аст. Ҳароина, Парвардигори ту ба он касе, ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешавад оё ба роҳи ҳидоят (Ислом) меравад, донотар аст.(1)
1. Ин оят ҳушдори сахт аст барои гунаҳгороне, ки саркашӣ мекунанд аз амал кардан ба Қуръону суннат ва насиби дунявиро аз насиби охират бартар медонанд.
31.   Аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, то бадкоронро дар баробари аъмолашон ҷазо диҳад ва некӯкоронро ба кирдори некашон подош (ҷаннат) диҳад.
32.    Онҳо касонеанд, ки аз гуноҳони бузургу беҳаёгиҳо парҳез мекунанд, ҷуз
он ки гуноҳи хурде(1) аз онҳо сар занад, бидонанд, ки ҳароина, омурзиши Парвардигори ту васеъ аст ва Ӯ ба аҳволи шумо он гоҳ ки аз замин биёфарид падаратон Одамро ва он гоҳ ки дар шиками модаратон пинҳон будед, огоҳтар аст. Хештанро бегуноҳ надонед ва худро таъриф накунед ба парҳезгорӣ. Ӯ ба парҳезгорон донотар аст!(2)
1. Яъне, он гуноҳҳое, ки кунандааш бар ондавомат намекунад, ё бар он маломат карда мешавад. Пас касе, ки воҷиботро ба ҷой орад ва муҳаррамотро тарк кунад, Аллоҳ гуноҳҳои сағираашро мебахшад. 2. Тафсири Табарӣ 22/540
آية رقم 33
33.    Оё дидӣ эй Паёмбар ҳоли зишти касеро, ки аз тоъати Аллоҳ рӯй гардонидааст?
آية رقم 34
34.    Ва каме аз моли худ доду баъд аз он бозистод ва сангдил шуд.
آية رقم 35
35.    Оё касе, ки аз хайр кардани молаш боз истод, ӯ илми ғайбро медонад ва ҳама чизро мебинад?(1) (Ҳаргиз на, балки ин
ба сабаби мумсикӣ ва сахтдилии ӯст).
1. Яъне, агар молашро диҳад, кам мешавад, пас ӯ онро мебинад.
آية رقم 36
36.    Ё ба он чӣ дар саҳифаҳои (Тавроти) Мӯсо омада, хабар дода нашудааст.
آية رقم 37
37.    Ё аз саҳифаҳои Иброҳим, ки ба он чи амр карда шуда буд. Иброҳим ба ҳамааш, вафо кард ва расонид?
آية رقم 38
38.    Яке аз муҳимтарин аҳкоме, ки дар саҳифаҳои Мӯсо ва Иброҳим омадааст, ин аст, ки ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш намегирад.
آية رقم 39
39.    Ва ин ки: барои мардум подоше ҷуз он чӣ худ касб кардаанд, чизи дигаре нест.
آية رقم 40
40.    Ва тамоми саъю кӯшиши инсон дар рӯзи қиёмат дида мешавад. Ва ҷудо карда мешавад некиҳояш аз бадиҳояш.
آية رقم 41
41.    Сипас инсон ҷазои пурра дода мешавад бар тамоми амалҳояш.
آية رقم 42
42.    Ва ҳароина, эй Паёмбар поёни роҳи бозгашти ҳама ба сӯйи Парвардигори туст.
آية رقم 43
43.    Ва ҳароина, Ӯ таъоло касеро, ки хоҳад дар дунё механдонаду хурсанд мекунад ва касеро, ки хоҳад мегирёнаду ғамгин месозад.
آية رقم 44
44.Ва ҳароина, Ӯ таъоло касеро, ки ирода кунад аз халқаш мемиронад ва касеро, ки ирода кунад зинда мекунад. (Пас Ӯ таъоло ягонааст дар зинда кардан ва миронидан).
آية رقم 45
45.Ва ҳароина, Ӯ таъоло, ки ҷуфтҳои нар ва модаро аз инсон ва ҳайвонот офаридааст,
آية رقم 46
46. аз нутфа, он гоҳ ки дар бачадони зан рехта мешавад.
آية رقم 47
47. Ва ҳароина, бар ӯҳдаи Ӯст зинда гардонидани дубора. Ва он дар рӯзи қиёмат хоҳад шуд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/822
آية رقم 48
48. Ва ҳароина, Ӯ таъолост, ки касеро, ки хоҳад аз халқаш, ба мол сарватманд мегардонад ва онҳоро ба он розӣ мегардонад.
آية رقم 49
49. Ва ҳароина, Ӯст Парвардигори ситораи Шиъро(2).
1. Ситораи "Шиъро": Ситораи дурахшонест, ки баъзе аз аҳли ҷоҳилият онро дар баробари Аллоҳ таъоло парастиш мекарданд. Тафсири Табарӣ 22/55
آية رقم 50
50. Ва ҳароина, Ӯст, ки Оди нахустин, қавми Ҳудро ҳалок кард.
آية رقم 51
51. Ва Самуд аз қавми Солеҳро ҳалок кард ва аз онҳо ҳеҷ боқӣ нагузошт.
52.   Ва низ пеш аз онҳо қавми Нӯҳро, ки ҳароина, ситамкортару саркаштар буданд, ҳалок кард.
آية رقم 53
53.   Ва низ шаҳри Мӯътафикаро (қавми Лутро) нобуд кард.
آية رقم 54
54.   Пас онҳоро ба он чӣ сазовор буданд аз азоби сангин ва дарднок пӯшонид.
آية رقم 55
55.   Пас, ба кадом як аз неъматҳои Парвардигорат эй инсони нобовар шак
мекунӣ?
آية رقم 56
56.   Ин Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бимдиҳандаи барҳақест монанди бимдиҳандагони пешин. Пас паёмбари навпайдо шуда нест.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/822
آية رقم 57
57.   Қиёмат наздик гардидааст. Ҳеҷ касе ба ҷуз Аллоҳ таъоло онро дафъ карда наметавонад.
آية رقم 58
58.   Касе ба ҷуз Аллоҳ таъоло ошкоркунандаи он нест ва надонад вақти воқеъ шудани қиёматро.
آية رقم 59
59.   Оё эй мушрикон, аз ин Қуръон таъаҷҷуб мекунед, ки рост бошад?
آية رقم 60
60.   Ва масхаракунон ба Қуръон механдеду ва аз тарси азоб гиря намекунед?
آية رقم 61
61.   Ва шумо дар ғафлат мондаед.
آية رقم 62
62.   Пас, Аллоҳро саҷда кунед ва Ӯро танҳо бо ихлос бипарастед ва тамоми корҳоятонро ба Ӯ таслим кунед!(1)
1. Баъди хондани ин оят, саҷда бояд кард.
تقدم القراءة