ترجمة معاني سورة الدّخان باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
آية رقم 1
ﭑ
ﭒ
1. Ҳо, Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт).
آية رقم 2
ﭓﭔ
ﭕ
2. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба ин китоби равшангар (ҳам дар лафз ва ҳам дар маъно)!
آية رقم 3
3. Ҳароина, Мо Қуръонро дар моҳи рамазон дар шаби муборак, ки шаби Қадр аст, нозил кардем. Ҳароина, Мо бимдиҳанда будаем мардумонро аз чизҳое ки онҳоро фоида ва зарар мерасонад.
آية رقم 4
ﭠﭡﭢﭣﭤ
ﭥ
4. Дар шаби Қадр ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад ва ҳар чизе, ки дар як сол баъд рӯй медиҳад; аз зиндагӣ, марг, тавонгарӣ, фақр, хайр ва шар ва ғайра ҳамаро менависад,
آية رقم 5
5. Ин фармоне аз ҷониби Мо буд. Ба ҳароина, Мо паёмбаронро фиристода будем, ки мардумро аз дастуроти Аллоҳ хабар диҳанд.
آية رقم 6
6. Фиристодани паёмбарон раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта, Парвардигори ту эй Расул шунаво ва доност, ки ҳама садоҳоро мешунавад ва ҳамаи умури зоҳирӣ ва ботиниро медонад.
آية رقم 7
7. Парвардигори осмонҳо ва замин ва ҳар чи миёни онҳост, агар аҳли яқин ҳастед.
آية رقم 8
8. Бидонед, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Ӯ касе сазовори ибодат нест. Зинда мекунаду мемиронад. Парвардигори шумову Парвардигори падарони пешини шумост. Пас маъбуди барҳақро ибодат кунед, ки Ӯ танҳо метавонад зарар ё фоида бирасонад, на маъбудони ботили шумо.(1)
1. Тафсири Табарӣ 22\12
آية رقم 9
ﮍﮎﮏﮐﮑ
ﮒ
9. Балки, он мушрикҳо аз ҳақиқати Қуръон дар шакканд ва бозӣ мекунанд ва ба он бовар надоранд!(1)
1. Тафсири ибни Касир 7\246
آية رقم 10
ﮓﮔﮕﮖﮗﮘ
ﮙ
10. Эй Расул чашминтизори рӯзе бош, ки осмон дуди ошкореро падидор мекунад.
آية رقم 11
ﮚﮛﮜﮝﮞﮟ
ﮠ
11. Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ пӯшад.
Ва барои мушрикон гуфта мешавад: ин азоби дардоварест.
Ва барои мушрикон гуфта мешавад: ин азоби дардоварест.
آية رقم 12
ﮡﮢﮣﮤﮥﮦ
ﮧ
12. Баъд аз он мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки ҳароина, мо имон овардагонем».
آية رقم 13
13. Аз куҷо панд мепазиранд баъд аз он ки азоб бар онҳо фуруд омад? Ҳол он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуда буд.
آية رقم 14
ﮰﮱﯓﯔﯕﯖ
ﯗ
14. Аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: Ӯ девонаест таълимёфта! (Яъне одамӣ ё коҳине ба ӯ таълим додааст, ӯ паёмбар нест!)(1)
1. Тафсири Бағавӣ 7\230
آية رقم 15
15. Ҳароина, Мо азобро андаке бармедорем ва ба зудӣ, ки шумо, албатта, боз ба куфру ширки худ бармегардед.
آية رقم 16
ﯠﯡﯢﯣﯤﯥ
ﯦ
16. Рӯзе ҳамаи он кофирҳоро дар қиёмат ба гирифтории бузурге сахт фурӯ гирем(1), ки ҳароина, Мо аз он кофирон интиқомгирандаем!(2)
1. Яъне, ба азоби сахте азоб кунем. 2. Тафсири Табарӣ 22\23
آية رقم 17
17. Ва ҳароина, пеш аз он мушрикҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор (Мӯсо алайҳиссалом) наздашон омад, вале ӯро дурӯғ бароварданд ва ҳалок гаштанд. Пас инчунин интиқом мегирем аз душманони ту эй Расул, агар имон наоранд
آية رقم 18
18. Мӯсо барояшон гуфт: ки бандагони Аллоҳро ба ман бисупоред, то Аллоҳи ягонаро ибодат кунанд, ки ҳаройина, ман бар рисолати Парвардигорам паёмбари аминам(1).
1. Тафсири ибни Касир 7\251
آية رقم 19
19. Ва низ бар Аллоҳ бартарӣ маҷӯед(1), ки ҳароина, ман бо ҳуҷҷати равшане назди шумо омадаам.
1. Такаббур ва гарданкашӣ накунед.
آية رقم 20
ﭜﭝﭞﭟﭠﭡ
ﭢ
20. Ҳароина, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам, аз ин ки маро сангборон кунед
آية رقم 21
ﭣﭤﭥﭦﭧ
ﭨ
21. ва агар ба паёмбарии ман имон намеоваред, аз ман канорагирӣ кунед ва маро озору азият надиҳед.
آية رقم 22
ﭩﭪﭫﭬﭭﭮ
ﭯ
22.Чун Фиръавн ва қавмаш ба ӯ имон наоварданд. Пас, Мӯсо Парвардигорашро ба дуъо хонд, ки ин мушрикҳо мардуми гунаҳкоранд.
آية رقم 23
ﭰﭱﭲﭳﭴ
ﭵ
23.Аллоҳ ба Мӯсо амр намуд, ки бандагони Маро ҳангоми шаб равона кун, ҳароина, шумо аз тарафи Фиръавн ва лашкараш дунболагирӣ карда мешавед.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 7\231
آية رقم 24
24.Баҳрро, ки ором аст, пушти сар гузор, (яъне, баҳрро бар ҳамон шакле, ки баъд аз гузаштанат аз он қарор дорад, вогузор), то Фиръавн ва қавмаш бо итминон вориди он шаванд, ки ҳароина, онҳо лашкаре ғарқшаванда ҳастанд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 7\252
آية رقم 25
ﭾﭿﮀﮁﮂ
ﮃ
25.Он Фиръавниёни гарқшуда баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд
آية رقم 26
ﮄﮅﮆ
ﮇ
26.ва киштзорҳову хонаҳои некӯро
آية رقم 27
ﮈﮉﮊﮋ
ﮌ
27.ва неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд.
آية رقم 28
ﮍﮎﮏﮐﮑ
ﮒ
28.Инчунин буд кори азоб ва даргирифти Мо ва Мо он неъматҳоро баъд аз Фиръавн
ва қавмаш ба мардуми дигар вогузоштем.
ва қавмаш ба мардуми дигар вогузоштем.
آية رقم 29
29. На осмон бар онҳо Фиръавн ва лашкараш гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд, ки азоб аз онҳо ба таъхир афтад(1).
1. Тафсири Ибни Касир 7\253
آية رقم 30
30. Ва ҳароина, мо бани Исроилро аз он азоби хоркунанда, ки Фиръавниён фарзандони писарашонро кушта ва занонашонро барои хидмат зинда нигоҳ медоштанд, наҷот додем.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\773
آية رقم 31
31. Онҳоро аз чанги Фиръавн наҷот додем, ҳароина, ӯ аз мутакаббирони ситамкор
буд.
буд.
آية رقم 32
ﮭﮮﮯﮰﮱﯓ
ﯔ
32. Ва ҳароина, бани Исроилро дониста бар оламиён баргузидем ва ононро миллати баргузидаи асри худашон кардем(1)
1. Тафсири Табарӣ 27\37
آية رقم 33
33. Ва оёте аз муъҷизоти Мӯсо ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳони ошкоре буд.
آية رقم 34
ﯝﯞﯟ
ﯠ
34. Албатта, инҳо мушрикони қавми ту мегӯянд:
آية رقم 35
35. Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин чизи дигаре нест ва мо дигар бор баъд аз маргамон барои ҳисоб ва савоб ва азоб зинда намешавем.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 7\233
آية رقم 36
ﯪﯫﯬﯭﯮ
ﯯ
36. Эй Муҳаммад, мушрикон ба ту ва қавмат мегӯянд: агар рост мегӯед, ки мо ду бора зинда мешавем, пас падарони моро ба ҷаҳон бозоваред.(1)
1. Яъне, онҳоро зинда кунед. Тафсири Бағавӣ 7\233
آية رقم 37
37. Оё ин мушрикҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ(1) ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чун Од ва Самуд ва монанди онҳо? Ҳамаро ҳалок кардем, ки ҳароина, онҳо гунаҳгорон буданд. Пас ҳалок сохтани мушрикон, ки дар қудрату тавоноӣ аз онҳо поёнтаранд, ҳеҷ шакке нест, ки бар Аллоҳ осон аст.(2)
1. Қуртубӣ раҳматуллоҳи алайҳ мегӯяд: мурод аз Туббаъ шоҳони Ямананд, зеро лақаби шоҳонашон “Туббаъ" буд. "Туббаъ" лақабшуморӣ аз шоҳони Ҳимяри Арабистони ҷанубӣ дар асрҳои чорум ва панҷуми милодӣ буд. 2. Тафсири Табарӣ 22\40
آية رقم 38
38. Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозӣ беҳуда ва беҳадаф наёфаридаем.
آية رقم 39
39. Магар ин ки он ду чизро барҳақ офаридаем, вале бештаринашон,
ки мушриконанд инро намедонанд ва дар офариниши инҳо намеандешанд, чун умед ба савоб надоранд ва аз иқоби Ӯ наметарсанд.(1)
ки мушриконанд инро намедонанд ва дар офариниши инҳо намеандешанд, чун умед ба савоб надоранд ва аз иқоби Ӯ наметарсанд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 22\41
آية رقم 40
ﭑﭒﭓﭔﭕ
ﭖ
40. Ҳароина, ваъдагоҳи ҳама барои ҷудо сохтани некӯкор аз бадкор дар рӯзи доварӣ, (қиёмат) аст.
آية رقم 41
41. Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте барои дӯсти худ судманд набошад ва наметавонад ба наздиконаш ҳеҷ гуна нафъе бирасонад ва барояш аз сӯи касе ёрӣ нашавад,
آية رقم 42
42. магар касе, ки Аллоҳ бар ӯ раҳм кардааст, шафоъат карда мешавад дар назди Парвардигораш, баъд аз он ки Аллоҳ барояш рухсат диҳад. Ҳароина, Ӯст пирӯзманд дар интиқом гирифтан бар душманонаш ва меҳрубон аст ба дӯстони итоъаткори худ.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 7\235
آية رقم 43
ﭫﭬﭭ
ﭮ
43. Ҳароина, дарахти Заққум, ки дар ҷаҳаннам мерӯяд,
آية رقم 44
ﭯﭰ
ﭱ
44. таъоми гунаҳкорон аст. Ва аз бузургтарин гуноҳҳо шарик овардан ба Аллоҳ аст.
آية رقم 45
ﭲﭳﭴﭵ
ﭶ
45. Монанди миси гудохта дар шикамҳои мушрикон меҷӯшад.
آية رقم 46
ﭷﭸ
ﭹ
46. Монанди сахт ҷӯшидани оби сӯзон.
آية رقم 47
ﭺﭻﭼﭽﭾ
ﭿ
47. Ба фариштагони нигаҳбони дӯзах гуфта мешавад: Бигиред ин гунаҳкорро ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед(1)
1. Тафсири Бағавӣ 7\236
آية رقم 48
48. ва бар болои сари ин гунаҳкор оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад.(1)
1. Тафсири Табарӣ 22\48
آية رقم 49
ﮈﮉﮊﮋﮌ
ﮍ
49. Ба ин гунаҳкори бадбахт гуфта шавад: Бичаш, ин азобро, ки ту гумон доштӣ, ки дар қавми худ пирӯзманду бузургвор ҳастӣ!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\774
آية رقم 50
ﮎﮏﮐﮑﮒﮓ
ﮔ
50. Ҳароина, ин азоб ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед ҳангоме ки дар дунё будед ва ба он боварии яқин надоштед.(1)
1. Тафсири Табарӣ 22\50
آية رقم 51
ﮕﮖﮗﮘﮙ
ﮚ
51. Ҳароина, Парҳезгорон, ки дар дунё фармонҳои Аллоҳро ба ҷо оварданд ва аз манъкардашудаҳояш дур шуданд дар ҷои амне ҳастанд, ки аз тамоми ҳаросу ғамҳо осудахотиранд,(1)
1. Тафсири ибни Касир 7\261
آية رقم 52
ﮛﮜﮝ
ﮞ
52. дар боғҳо ва чашмасорҳои равон,
آية رقم 53
ﮟﮠﮡﮢﮣ
ﮤ
53. либосҳои аз сундусу истабрақ(1) мепӯшанд ва рӯ ба рӯи ҳамдигар менишинанд, то бо ҳам бештар унс бигиранд.(2)
1. Сундус: абрешими нозук ва "истабрақ": абрешими дурушт. 2. Тафсири Саъдӣ 1/774
آية رقم 54
ﮥﮦﮧﮨ
ﮩ
54. Чунонки парҳезгоронро
дар охират гиромӣ доштем бо даромадани боғҳо ва пӯшидани либосҳои абрешим, ҳамчунин ҳурулъийн (ҳурони шаҳлочашм)-ро ба никоҳи онҳо дармеоварем.(1)
дар охират гиромӣ доштем бо даромадани боғҳо ва пӯшидани либосҳои абрешим, ҳамчунин ҳурулъийн (ҳурони шаҳлочашм)-ро ба никоҳи онҳо дармеоварем.(1)
1. Тафсири Табарӣ 22\52
آية رقم 55
ﮪﮫﮬﮭﮮ
ﮯ
55. Парҳезгорон дар он ҷо ҳар меваеро, ки бихоҳанд, осудахотир металабанд.
آية رقم 56
56. Парҳезгорон дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги нахустин, ки дар дунё чашида буданд. Ва онҳоро Аллоҳ аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст.
آية رقم 57
57. Ин фазлу бахшишест аз ҷониби Парвардигори ту. Ин аст комёбии бузург!
آية رقم 58
ﯦﯧﯨﯩﯪ
ﯫ
58. Пас ҳароина, Мо адои сухани хеш Қуръонро ба забони ту эй Расул осон кардем, то панд бигиранд!(1)
1. Тафсири Табарӣ 22\53
آية رقم 59
ﯬﯭﯮ
ﯯ
59. Эй Расул, ту мунтазир бош пирӯзиеро, ки Аллоҳ ба ту ваъда додааст бар он мушрикон ва азоберо ки бар онҳо фарогирандааст, ки ҳароина, онҳо низ марги туро мунтазиранд. Ба зудӣ хоҳанд донист, ки ғалаба дар дунёву охират ба ҷониби туст эй Расул ва касоне, ки пайравӣ туанд.(1)
1. Тафсири ибни Касир 7\263
تقدم القراءة