سورة الواقعة

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني سورة الواقعة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الناشر

مجمع الملك فهد

آية رقم 1
1. Ҳангоме ки воқеъа барпо шавад, (яъне, қиёмат воқеъ шавад),
آية رقم 2
2. ки воқеъ шудани онро ягон касе дурӯғгӯянда нест,
آية رقم 3
3. қиёмат душманони Аллоҳро дар дӯзах пасткунандааст ва дӯстони Аллоҳро дар ҷаннат баландкунанда.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 7/7
آية رقم 4
4. Он гоҳ ки замин ба сахтӣ биларзад.
آية رقم 5
5. Ва кӯҳҳо ба пуррагӣ реза-реза карда шаванд.
آية رقم 6
6. Ва чун ғуборе дар ҳаво пароканда гарданд.
آية رقم 7
7.Ва шумо эй мардум се гурӯҳ хоҳед шуд:
آية رقم 8
8.Пас гурӯҳи рост, соҳиби ҷойҳои олианд. Чи хуб аст ҷойгоҳашон!
آية رقم 9
9.Ва гурӯҳи чап, соҳиби ҷойҳои пастанд. Чи бад аст ҳолашон!!
آية رقم 10
10.   Ва пешсафон сӯи хубиҳо дар дунё, онҳо пешсафон сӯи дараҷаҳо дар охират мебошанд. Касоне, ки дар дунё дар анҷом додани корҳои хуб пешсафанд, дар охират пеш аз ҳама вориди ҷаннат мешаванд.
آية رقم 11
11.   Инҳо муқаррабони даргоҳи Илоҳӣ ҳастанд, наздик карда шудагонанд дар назди Аллоҳ,
آية رقم 12
12.   дар биҳиштҳои пурнозу неъмат хоҳанд буд.
آية رقم 13
13.   Дохил мешавад ба ҷаннат, гурӯҳе аз пешиниёни ин уммат ва умматони дигар.
آية رقم 14
14.   Ва шумораи андаке аз пасомадагон ҳастанд,
آية رقم 15
15.   бар тахтҳои гавҳарнишон хоҳанд нишаст.
آية رقم 16
16.   Такязада рӯ ба рӯйи якдигар нишаста бошанд.
آية رقم 17
17.   Бар гирди онҳо мегарданд, барои хидмати онҳо писарони ҳамеша ҷавон, ки пир намешаванд ва на мемиранд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 23/101
آية رقم 18
18.   Бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷаннат ҷорист,
آية رقم 19
19.   ки аз нӯшидани он сардард нашаванд ва на аз ҳуш мераванд.
آية رقم 20
20.   Ва ин ходимон барои ҷаннатиҳо биёранд ҳар навъ меваеро, ки мехоҳанд.
آية رقم 21
21.   Ва гӯшти парранда, аз ҳар навъе, ки писандашон бошад.
آية رقم 22
22.   Ва барои онҳост ҳурони занони шаҳлочашм,
آية رقم 23
23.   монанди марворидҳое дар садаф пинҳон кардашуда.
آية رقم 24
24.   Ин ҳама неъматҳое, ки барояшон дода мешавад, мукофоти амалҳои некест, ки дар дунё мекарданд.
آية رقم 25
25.   Дар ҷаннат на сухани беҳуда мешунаванд ва на ҳарфе, ки гуфтани он гуноҳ бошад,
آية رقم 26
26.   ҷуз сухане, ки солим аз ин айбҳо бошад ва ба якдигар салом гӯянд.
آية رقم 27
27.   Ва аҳли саодат, чи бузург аст макон ва подоши онҳо!
آية رقم 28
28.   Дар зери дарахтони сидри бехор.
آية رقم 29
29.   Ва дарахтони мавз (банан), ки меваҳояшон бар якдигар чида шудаанд.
آية رقم 30
30.   Ва сояи доимӣ.
آية رقم 31
31.   Ва оби ҷорӣ.
آية رقم 32
32.   Ва дар миёни меваҳои фаровон ҳастанд,
آية رقم 33
33.   ки на тамом мешавад ва на манъ мегардад.
آية رقم 34
34.    Ва бистарҳои баланд.
آية رقم 35
35.    Мо биёфаридем занҳои аҳли ҷаннатро ғайри офаринишие, ки дар дунё буданд, яъне, офариниши комиле, ки нобуд намешаванд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/833
آية رقم 36
36.    Ва ононро дӯшиза (бикр) гардонидем.
آية رقم 37
37.    Назди шавҳарони дӯстдоранда ҳамсинну сол.
آية رقم 38
38.    Ҳамаи ин неъматҳо барои аҳли саодат аст,
آية رقم 39
39.    Гурӯҳи бисёре аз пешиниёнанд.
آية رقم 40
40.    Ва гурӯҳи зиёде аз пас омадагонанд.
آية رقم 41
41.    Ва аҳли шақоват, он бадбахтон чӣ ҳоли баде доранд?
آية رقم 42
42.    Дар боди гарми ҷаҳаннам ва оби ҷӯшонанд,
آية رقم 43
43,     дар сояи дуди сиёҳ,
آية رقم 44
44.   ки ин соя на хунук бошад ва на боиззат.(1)
1. Тафсири Табарӣ 23/130
آية رقم 45
45.   Ҳамоно аҳли дӯзах, пеш аз ин дар дунё дар нозу неъмати ҳаром буданд ва саркашӣ мекарданд аз он чизе, ки паёмбарон барои онҳо оварда буданд.
آية رقم 46
46.   Ва ҳамеша бар гуноҳи бузург (ширк) мудавомат мекарданд. Ва нияти тавба надоштанд аз ширку гуноҳ.(1)
1. Тафсири Табарӣ 23/132
47.   Ва мегуфтанд он мункирони рӯзи қиёмат: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, оё боз мо зинда мешаваем?(1)
1. Яъне, ба зинда шудани дубора боварӣ надоштанд.
آية رقم 48
48.   Оё падарони наухстини мо низ зинда мешаванд?
آية رقم 49
49.   Бигӯ эй Паёмбар: «Албатта, ҳамаро аввалин ва охирин фарзандони Одам,
آية رقم 50
50.   бегумон дар ваъдагоҳи он рӯзи муайян (қиёмат) ҷамъ карда шаванд.(4)
1. Тафсири Табарӣ 23/133
آية رقم 51
51.   Спас шумо, эй гумроҳони роҳи ҳидоят,
дурӯғшуморандагони ваъда ва азоби Аллоҳ,
آية رقم 52
52.   ҳатман аз дарахти заққум(1) хоҳед хӯрд.
1. Яъне, бадтарин дарахт. Тафсири Саъдӣ 1/834
آية رقم 53
53.   Ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард.
آية رقم 54
54.   Ва бар болои он оби ҷӯшоне, ки ташнагиро намешиканад, хоҳед нӯшид,
آية رقم 55
55.   Ва монанди шутурони мубтало ба бемории ташнагӣ менӯшед.
آية رقم 56
56.   Он чизеро, ки дучор мешаванд аз азоб, зиёфатест, ки тайёркарда шудааст барои онҳо дар рӯзи қиёмат.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/834
آية رقم 57
57.   Мо шуморо эй одамон аз нестӣ ба ҳастӣ офаридем, пас чаро аз нав зинда шуданро бовар намекунед?(1)
1. Тафсири Табарӣ 23/136
آية رقم 58
58.   Оё шумо мебинед он чи (оби маниро), ки мерезонед дар баччадони зан?
آية رقم 59
59.   Оё шумо он маниро ба сурати инсон меофаринед ё Мо офаринандаем?
آية رقم 60
60.   Мо муайян кардем дар миёни шумо маргро ва ҳаргиз оҷиз карда шуда нестем,
61.    аз ин, ки тағйир диҳем халқияти шуморо дар рӯзи қиёмат. Ва шуморо ба сурате, ки аз он бехабаред, аз нав биёфаринем.
آية رقم 62
62.    Ва ҳамоно шумо хуб донистед, ки Аллоҳ таъоло нахустин бор шуморо аз нестӣ офарид, пас чаро қудрати Аллоҳро ба ёд намеоред бар ин, ки ӯ қодир аст шуморо дубора халқ мекунад?(1)
1. Тафсири Табарӣ 23/138
آية رقم 63
63.    Дар он чизе, кишт мекунед, андешидаед?
آية رقم 64
64.    Оё шумо мерӯёнедаш аз замин ё Мо рӯёнандаем?
آية رقم 65
65.    Агар мехостем, ҳароина он зироъатро гиёҳи хушку дарҳамшикаста мегардонидем, ки аз он фоидае намедидед, пас дар ин ҳол, таъаҷубкунон мегӯед:
آية رقم 66
66.    Албатта мо зиёнкардаву азобкардагонем,
آية رقم 67
67.    балки мо аз ризқу рӯзӣ бенасиб мондагонем.
آية رقم 68
68.   Оё дар обе, ки менӯшед, андешидаед?
آية رقم 69
69.   Оё шумо онро аз абр фуруд овардаед сӯи замин, ё Мо фуруд орандагонем?
آية رقم 70
70.   Агар мехостем, ин обро шӯр мегардонидем, ки аз он фоидае намедидед. Пас, чаро шукри Парвардигоратонро бар фуруди ин оби ширин намегӯед?
آية رقم 71
71.   Оё дар оташе, ки аз шохҳои дарахт меафрӯзед, андешидаед?
آية رقم 72
72.   Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем?
آية رقم 73
73.   Мо он оташеро, ки меафрӯзед ҳушдоре аз дӯзах ва барои манфиъати мусофирони роҳгузар матоъе сохтем.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/835
آية رقم 74
74.   Пас ба покӣ ёд кун эй Паёмбар номи Парвардигори бузургатро!
آية رقم 75
75.   (Савганд ёд карда мегӯяд Аллоҳ таъоло:) Савганд ба ҷойгоҳи фӯру рафтани ситораҳо дар ғурубгоҳи осмон!
آية رقم 76
76. Ва ин ҳароина, хеле савганди бузург аст, агар бидонед.
آية رقم 77
77. Адбатта, ин Қуръоне, (ки ба Муҳаммад нозил шудааст,) Қуръони бузургу гиромиқадр ва фоидаовар аст.
آية رقم 78
78. Дар китобе нигаҳ дошта шудааст, ки аз чашми халқ пӯшида аст (ва ин китоби пинҳон Лавҳи Маҳфузаст, ки дар назди Аллоҳ ва фариштагон манзалати бузург дорад.)
آية رقم 79
79. Даст намерасонад ба Қуръон, магар фариштагони гиромиқадре, ки Аллоҳ таъоло онҳоро аз офату гуноҳон пок гардонидааст. (Ва инчунин даст намерасонад Қуръонро магар касоне, ки пок ҳастанд аз ширк, ҷанобат ва бе таҳоратӣ.)(1)
1. Тафсирм Бағавӣ 8/23
آية رقم 80
80. Ин Қуръони карим, нозилшудааст аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён. (Пас он ҳақ аст.)
آية رقم 81
81. Оё нисбати ин калом сустӣ ва бепарвоӣ мекунед?
آية رقم 82
82.   Ва ба ҷои шукри неъматҳое, ки Аллоҳ ба шумо додааст, шумоён онро дӯруғ мебароред ва кофир мешавед?(1)
1. Дар ин оят инкор аст барои онҳое, ки бепарвоӣ мекунанд ба амрҳои Қуръон ва эътибор намедиҳанд ба даъвати он.
آية رقم 83
83.   Пас, чаро ҳангоме, ки ҷон ба ҳулқум мерасад тавоноии бозгардонидани онро надоред.
آية رقم 84
84.   Ва шумо дар ин ҳангом ҳозирастеду менигаред? (Албатта наметавонед!)
آية رقم 85
85.   Ва Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед.
آية رقم 86
86.   Пас агар метавонед ин ки дар баробари аъмолатон ҷазо дода намешавед,
آية رقم 87
87.   агар рост мегӯед, он руҳро боз гардонед. (Ҳаргиз наметавонед!)
آية رقم 88
88.   Пас, чун мурда аз муқаррабони даргоҳи Илоҳӣ бошад,
آية رقم 89
89.   пас барои ӯст ҳангоми маргаш раҳмату осоишу гули хушбӯй ва биҳишти пурнеъмат дар охират.
آية رقم 90
90.   Ва аммо агар мурда аз ёрони рост (аҳли саъодат бошад),
آية رقم 91
91.   пас гуфта мешавад ба ӯ: Салом ва амон бод ба ту аз ҷониби ёрони рост (аҳли саъодат).
آية رقم 92
92.   Ва аммо агар мурда аз дурӯғшуморандагони баъсу гумроҳони роҳи ҳидоят бошад,
آية رقم 93
93.   пас ӯро ба оби гарму ҷӯшони дӯзах меҳмонӣ кунанд.
آية رقم 94
94.   Ва саранҷоми ӯ дарафтодан ба дӯзах аст.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/836
آية رقم 95
95.   Албатта ин хабарҳое, ки эй Паёмбар ба ту зикр кардем, ҳама росту дуруст аст!
آية رقم 96
96.   Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй ва Ӯро пок шумор аз он чи золимон мегӯянд!
تقدم القراءة