ترجمة معاني سورة الغاشية باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
آية رقم 1
ﭽﭾﭿﮀ
ﮁ
1. Эй Расул, оё хабари қиёмат, ки бо сахтиҳояш одамонро фаро мегирад ба ту расидааст?
آية رقم 2
ﮂﮃﮄ
ﮅ
2. Чеҳраҳои кофирон дар он рӯз ба азоб хор хоҳанд буд
آية رقم 3
ﮆﮇ
ﮈ
3. талошкардаву ранҷдида,
آية رقم 4
ﮉﮊﮋ
ﮌ
4. оташи сӯзон ба он мерасад,
آية رقم 5
ﮍﮎﮏﮐ
ﮑ
5. аз чашмаи бисёр гарм нӯшонда мешаванд,
آية رقم 6
ﮒﮓﮔﮕﮖﮗ
ﮘ
6. онон хӯрокеро ҷуз хори талх надоранд,
آية رقم 7
ﮙﮚﮛﮜﮝﮞ
ﮟ
7. ки на фарбеҳ мекунад ва на гуруснагиро аз байн мебарад.
آية رقم 8
ﮠﮡﮢ
ﮣ
8. Чеҳраҳои мӯъминон дар он рӯз хуррам ва тоза хоҳанд буд.
آية رقم 9
ﮤﮥ
ﮦ
9. Ва аз кӯшиши худ ва амале, ки дар дунё кардаанд, дар охират розӣ хоҳанд буд,
آية رقم 10
ﮧﮨﮩ
ﮪ
10. дар биҳиште олимақом,
آية رقم 11
ﮫﮬﮭﮮ
ﮯ
11. ки дар он ҷо ҳеҷ сухани беҳуда нашунавӣ
آية رقم 12
ﮰﮱﯓ
ﯔ
12. ва дар он чашмасорҳо равон бошанд
آية رقم 13
ﯕﯖﯗ
ﯘ
13. ва дар он ҷо тахтҳои баланд ва олӣ аст
آية رقم 14
ﯙﯚ
ﯛ
14. ва кӯзаҳое ниҳода барои нӯшандагон
آية رقم 15
ﯜﯝ
ﯞ
15. ва болиштҳое дар канори ҳам чида
آية رقم 16
ﯟﯠ
ﯡ
16. ва фаршҳои нафиси паҳнкарда.
آية رقم 17
ﯢﯣﯤﯥﯦﯧ
ﯨ
17. Оё кофирон ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шудааст?
آية رقم 18
ﯩﯪﯫﯬ
ﯭ
18. Ва ба осмон, нигоҳ намекунанд, ки чӣ гуна бардошта шудааст?
آية رقم 19
ﯮﯯﯰﯱ
ﯲ
19. Ва ба кӯҳҳо, наменигаранд, ки чӣ гуна барқарор гардидаанд?
آية رقم 20
ﯳﯴﯵﯶ
ﯷ
20. Ва ба замин, наменигаранд, ки чӣ гуна густурда шудааст?
آية رقم 21
ﯸﯹﯺﯻ
ﯼ
21. Пас панд деҳ эй Расул, ки ту панддиҳандае ҳастӣ. Ва ғамгин мабош аз он касоне, ки ҳақро қабул надоранд!
آية رقم 22
ﯽﯾﯿ
ﰀ
22. Ту бар онон фармонраво нестӣ, то ононро ба имон овардан маҷбур кунӣ.
آية رقم 23
ﭑﭒﭓﭔ
ﭕ
23. Магар, он кас кӣ рӯй гардонд аз панду насиҳат ва кофир шуд ва бар куфраш давомат
кард.
кард.
آية رقم 24
ﭖﭗﭘﭙ
ﭚ
24. Аллоҳ бо бузургтарин азоб ӯро азоб мекунад.
آية رقم 25
ﭛﭜﭝ
ﭞ
25. Албатта бозгашташон баъди марг ба сӯи Мост.
آية رقم 26
ﭟﭠﭡﭢ
ﭣ
26. Онгоҳ ҳисоби онон бар ӯҳдаи Мо аст.
تقدم القراءة