سورة الطارق

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني سورة الطارق باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الناشر

مجمع الملك فهد

آية رقم 1
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад ба осмон ва ситорае, ки шабонагоҳ пайдо мешавад.
آية رقم 2
2. Ва ту чӣ донӣ, ки ситорае, ки дар шаб пайдо мешавад, чи ҳаст?
آية رقم 3
3. Ситораи дурахшоне ҳаст, ки торикии шабро мешикофад.
آية رقم 4
4. Касе вуҷуд надорад, магар ки бар ӯ фариштае вакил карда шудааст барои навиштани амалҳои ӯ.
آية رقم 5
5. Пас одамӣ, ки рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор мекунад, бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст?
آية رقم 6
6. Аз оби мании ҷаҳандаи ночиз офарида шудааст,
آية رقم 7
7. ки аз миёни устухони пушти мард ва устухони синаи зан берун меояд.
آية رقم 8
8. Бегумон, Аллоҳ ба бозофариниши ӯ тавоност,
آية رقم 9
9. рӯзе, ки розҳои ниҳон ошкор мешаванд. Ва амали солеҳ аз амали фосид ҷудо мегардад.
آية رقم 11
11.   Савганд ба осмони бозборанда!
آية رقم 12
12.   Савганд ба замине, ки дар он шикофиҳо ҳаст аз онҳо гиёҳҳо мерӯянд.
آية رقم 13
13.   Бегумон, Қуръон сухани равшан ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.
آية رقم 14
14.   Ва он ҳазл нест!(1)
1. Ба ҷуз Аллоҳ барои махлуқ сазовор нест ба ғайри Аллоҳ қасам ёд кунад, зеро, ки ин амали ширк аст.
آية رقم 15
15.   Бегумон, ононе ки паёмбар саллалллоҳу алайҳи ва салламро бовар намекунанд ҳилае меандешанд, то Қуръон ва расулро дурӯғ бароранд ва ботили худро таъйид намоянд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\920
آية رقم 16
16.   Ва Ман низ чорае меандешам, то ҳақро нусрат диҳам, агарчӣ кофиронро нописанд ояд.
آية رقم 17
17.   Пас кофиронро мӯхлат деҳ, андак мӯхлаташон деҳ! Ва дар фуруд омадани азоб ба онҳо шитоб макун!
تقدم القراءة