سورة التكاثر

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني سورة التكاثر باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الناشر

مجمع الملك فهد

آية رقم 1
1. Ба ғафлат кашид шуморо аз итоъати Аллоҳ фахр кардан ба бисёрии молу фарзанд,
آية رقم 2
2. то ба гӯрҳо расидед ва дар он ҷо дафн шудед.
آية رقم 3
3. На, ин тавр не, нашояд ки молҳоятон шумоёнро ба ғафлат андозад ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳаёти охират бароятон беҳтараст.
آية رقم 4
4. Сипас ҳазар кунед, ки ба зудӣ оқибати ба дунё машғул шуданатонро хоҳед донист,
آية رقم 5
5. На, ин тавр нест, агар аз рӯи яқин медонистед, ҳатман тезӣ мекардед бар наҷот додани нафсҳоятон аз ҳалокӣ.
آية رقم 6
6. Албатта, ҷаҳаннамро хоҳед дид.
آية رقم 7
7. Сипас ба чашми яқинаш хоҳед дид, бидуни шак.
آية رقم 8
8. Сипас дар он рӯз шуморо аз тамоми неъматҳои дунявӣ бозхост мекунанд.
تقدم القراءة