ترجمة معاني سورة الأعلى باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
آية رقم 1
ﮟﮠﮡﮢ
ﮣ
1. Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун, чунон ки лоиқи бузургии Ӯст,
آية رقم 2
ﮤﮥﮦ
ﮧ
2. он Зоте, ки офарид махлуқотро ва устувор дошт.
آية رقم 3
ﮨﮩﮪ
ﮫ
3. Ва он Зоте, ки андоза муъайян кард. Сипас ҳама халқро ба он чӣ муносиб мешаванд, роҳ намуд.
آية رقم 4
ﮬﮭﮮ
ﮯ
4. Ва он Зоте, ки чарогоҳҳоро рӯёнид,
آية رقم 5
ﮰﮱﯓ
ﯔ
5. сипас хушку сиёҳ гардонид.
آية رقم 6
ﯕﯖﯗ
ﯘ
6. Мо Қуръонро барои ту эй Расул хоҳем хонд ва ту дигар онро фаромӯш нахоҳӣ кард,
آية رقم 7
7. ғайри он чи Аллоҳ бихоҳад, ҳамоно Ӯ ошкору пинҳонро медонад.
آية رقم 8
ﯤﯥ
ﯦ
8. Ва дар кори ту ва дар ҳамаи умури динӣ ва дунявие, ки ба ту рӯ менамояд, осонӣ падид меоварем.
آية رقم 9
ﯧﯨﯩﯪ
ﯫ
9. Эй Расул, агар ба қавмат панд доданат фоида кунад, панд деҳ. Худро азоб мадеҳ дар панд додани шахсе, ки саркашӣ мекунад.
آية رقم 10
ﯬﯭﯮ
ﯯ
10. Ҳар касе, ки аз Аллоҳ метарсад, ба зудӣ панд хоҳад пазируфт.
آية رقم 11
ﭑﭒ
ﭓ
11. Ва бадбахттарин фард аз он панд дурӣ хоҳад гузид.
آية رقم 12
ﭔﭕﭖﭗ
ﭘ
12. Ҳамон кас, ки дар оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад.
آية رقم 13
ﭙﭚﭛﭜﭝﭞ
ﭟ
13. Онгоҳ дар он ҷо на бимирад, ки роҳат ёбад ва на зинда мешавад, ки фоида бинад.
آية رقم 14
ﭠﭡﭢﭣ
ﭤ
14. Ба дурустӣ, касе ки худро покиза дошт, наҷот ёфт.
آية رقم 15
ﭥﭦﭧﭨ
ﭩ
15. Ва растагор шуд, ҳар кӣ номи Парвардигори худро бар забон овард ва барои ризогии Ӯ намоз гузорид.
آية رقم 16
ﭪﭫﭬﭭ
ﭮ
16. Балки, шумо эй мардум, зиндагии ин ҷаҳонро аз неъматҳои охират афзал мешуморед?
آية رقم 17
ﭯﭰﭱ
ﭲ
17. Ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст.
آية رقم 18
ﭳﭴﭵﭶﭷ
ﭸ
18. Бегумон, ин суханҳо дар китобҳои пешина низ ҳаст,
آية رقم 19
ﭹﭺﭻ
ﭼ
19. китобҳои Иброҳим ва Мӯсо алайҳимассалом!
تقدم القراءة