ترجمة معاني سورة نوح باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
آية رقم 1
1.Мо, ҳароина, Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем ва ба ӯ гуфтем, ки қавми худро пеш аз он ки азоби дардовар бар сарашон фуруд ояд, бим деҳ.
آية رقم 2
ﮇﮈﮉﮊﮋﮌ
ﮍ
2.Нӯҳ гуфт: «Эй қавми ман, ман ҳароина, бимдиҳандаи ошкоро ҳастам шуморо аз азоби Аллоҳ, агар Ӯро нофармонӣ кунед.
آية رقم 3
ﮎﮏﮐﮑﮒ
ﮓ
3.Ва ҳамоно ман фиристодаи Аллоҳ ҳастам ба сӯӣ шумо, пас Ӯро ягона бипарастед ва аз азоби Ӯ битарсед ва аз ман итоъат кунед, дар он чизе, ки шуморо амр ё манъ мекунам.
آية رقم 4
4.Аллоҳ гуноҳонатонро биёмурзад ва шуморо дар умратон, то муддати муъайяне, ки дар илми Аллоҳ аст мӯҳлат диҳад, ҳароина, он аҷали Илоҳӣ чун ба сар ояд, дигар таъхир нашавад, агар шумо инро медонистед, ҳамоно ба сӯи имон ва тоъат ҳаракат мекардед».(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/888
آية رقم 5
5. Гуфт Нӯҳ: «Эй Парвардигори ман, ман ҳароина, қавми худро шабу рӯз ба сӯи Ту даъват кардам.
آية رقم 6
ﮱﯓﯔﯕﯖ
ﯗ
6. Пас даъвати ман онҳоро ба сӯи имон зиёда накард дар онҳо, ҷуз гурехтану нафрат аз имонро.
آية رقم 7
7. Ва албатта, ман, ҳар бор, ки онҳоро ба сӯи Ту даъват кардам, то Ту онҳоро биёмӯрзӣ, ангуштҳо дар гӯшҳои худ карданд, то даъвати ҳақро нашунаванд ва ҷома дар сар кашиданд, то, ки маро набинанд ва давомат карданд бар куфри худ ва такаббур карданд аз қабули имон, такаббур кардани сахт.
آية رقم 8
ﯧﯨﯩﯪ
ﯫ
8. Пас, барояшон ошкоро даъват кардам.
آية رقم 9
9. Боз, ҳароина, дар ҳама ҳол ҳам ба овози баланд ва ҳам бо овози паст барояшон даъват кардам.
آية رقم 10
ﯴﯵﯶﯷﯸﯹ
ﯺ
10. Сипас гуфтам ба қавмам: «Аз Парвардигоратон омӯрзиши гуноҳоятонро кунед ва ба сӯи Ӯ аз куфри худ тавба кунед. Албатта, Ӯ таъоло омӯрзандаи тавбаи бандагонаш аст.
آية رقم 11
ﭑﭒﭓﭔ
ﭕ
11. Агар тавба карда аз Ӯ омӯрзиш талаб кунед, мефиристад Аллоҳ таъоло бароятон боронҳои резандаро пай дар пай.
آية رقم 12
12. Ва молу фарзандонатонро зиёд мекунад ва бароятон бӯстонҳо биёфаринад, то, ки аз меваҳояш фоида баред ва дарёҳо то, ки аз обаш зироъат ва молҳоятонро об бидиҳед.(1)
1. Тафсири Табарӣ 23/633
آية رقم 13
ﭠﭡﭢﭣﭤﭥ
ﭦ
13. Шуморо эй қавм чӣ шудааст, ки аз бузургӣ ва азамати Аллоҳ наметарсед.
آية رقم 14
ﭧﭨﭩ
ﭪ
14. Ва ҳамоно шуморо ба гунаҳои мухталиф биёфарид.(1)
1. Яъне, Нутфа баъд аз он хуни лард баста, баъд аз он пораи гӯшт, баъд аз он гӯшт ва устухон. Тафсири Табарӣ 23/635
آية رقم 15
15. Оё намебинед, ки чӣ гуна Аллоҳ ҳафт осмонро табақа - табақа болои ҳам биёфарид?
آية رقم 16
16. Ва моҳро дар ин осмонҳо равшанӣ ва хуршедро барои аҳли замин чароғашон гардонид.
آية رقم 17
ﭼﭽﭾﭿﮀ
ﮁ
17. Ва Аллоҳ асли шуморо аз замин бирӯёнид.(1)
1. Яъне: Одам алайҳиссаломро аз хок офарид. Тафсири Бағавӣ 8/231
آية رقم 18
ﮂﮃﮄﮅﮆ
ﮇ
18. Боз шуморо баъд аз маргатон ба он бозмегардонад ва боз рӯзи баъс аз он берун меоварад.
آية رقم 19
ﮈﮉﮊﮋﮌ
ﮍ
19. Ва Аллоҳ заминро чун фарше бароятон сохт,
آية رقم 20
ﮎﮏﮐﮑ
ﮒ
20. то бар роҳҳои паҳновари он биравед».
آية رقم 21
21. Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳамоно қавми ман нофармонии ман карданд
ва бечорагони онҳо пайравӣ карданд пешвоёни гумроҳашонро, ки молу фарзандаш ҷуз ба зиёнашон наяфзуд.(1)
ва бечорагони онҳо пайравӣ карданд пешвоёни гумроҳашонро, ки молу фарзандаш ҷуз ба зиёнашон наяфзуд.(1)
1. Яъне, дар дунё гумроҳашон карданд ва дар охират азобашон карданд. Тафсири Табарӣ 23/638
آية رقم 22
ﮡﮢﮣ
ﮤ
22. Ва макру ҳила карданд сардорони куффор пайравони худро - макри бузурге.
آية رقم 23
23. Ва гуфтанд: «Парастиши маъбудони худро, ба ҷои Аллоҳи ягонае, ки Нӯҳ ба сӯи он даъват мекунад, тарк накунед. Ва парастиши Вадд ва Сувоъ ва Яғус ва Яъуқ ва Насрро тарк макунед!(1)»
1. Ин номи бутҳояшон буд, ки ба ҷои Аллоҳи ягона онҳоро парастиш мекарданд. Дар ҳақиқат номҳои мардони солеҳашон буд, пас ҳар вақте ки ин мардон фавтиданд, шайтон ба қавмҳои онҳо ваҳй кард, ки сурат ва ҳайкалҳои онҳоро бикашанд. Ва ҳар вақте ки ба суратҳо менигаранд, дар тоъат тезӣ мекунанд. Пас чун он қавм фавтиданд ва муддате гузашт ва қавми дигаре ба ҷои онҳо омад, шайтон ба онҳо васваса карда гуфт, ки гузаштагонатон сурат ва ҳайкалҳоро ибодат мекарданд ва бо воситаи онҳо таввасул меҷӯстанд ба даргоҳи Аллоҳ, Тафсири Саъдӣ 1/889. Ин аст ҳикмат аз ҳаром будани ҳайкалҳо ва ҳаром аст биное афрохтан бар болои қабрҳо, зеро бо гузашти замон метавонад ибодатгоҳе шавад барои нодонон.
آية رقم 24
24. Ва ҳамоно он пайравон бисёре аз мардумро бо зиннат додани роҳҳои гуноҳ гумроҳ карданд. Баъд аз он Нӯҳ алайҳиссалом гуфт: Эй Парвардигори мо маяфзой ба он ситамкорони саркаш магар дуриро аз ҳақ!».
آية رقم 25
25. Ба ҷазои гуноҳонашон ба тӯфон ғарқа карда шуданд, пас ба оташи даргирандаву сӯзонанда дохил карда шуданд, пас ба ҷуз Аллоҳ барои худ ёваре наёфтанд, ки аз онҳо азобро дур кунад.
آية رقم 26
26. Ва Нӯҳ алайҳиссалом баъди ноумед шуданаш аз қавмаш гуфт: «Эй Парвардигори ман, бар рӯи замин ҳеҷ як аз кофиронро магузор, ки ҳаракат кунад.
آية رقم 27
27. Ҳамоно, агар ту онҳоро бигузорию ва ҳалокашон накунӣ, бандагонеро, ки ба Ту аз роҳи ҳақ имон овардаанд, гумроҳ мекунанд ва фарзандоне таваллуд намекунанд, магар фоҷиру кофир.
آية رقم 28
28. Эй Парвардигори ман, марову падару модарамро ва ҳар киро бо имон ба хонаи ман ворид шавад ва низ мардони мӯъмину занони мӯъминро биёмӯрз ва ситамкоронро дар дунёву охират ҷуз ба ҳалокаташон маяфзой!»
تقدم القراءة