ترجمة معاني سورة الرحمن باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
آية رقم 1
ﭷ
ﭸ
1. Аллоҳи меҳрубон.
آية رقم 2
ﭹﭺ
ﭻ
2. Қуръонро ба инсон таълим дод (ва барояш тиловат, ҳифз ва фаҳми маънои онро осон гардонид.)
آية رقم 3
ﭼﭽ
ﭾ
3. Инсонро офаридааст
آية رقم 4
ﭿﮀ
ﮁ
4. ва барои баён сохтани мақсадаш ба ӯ сухан гуфтан омӯзондааст, (то аз дигар махлуқот фарқ карда шавад.)
آية رقم 5
ﮂﮃﮄ
ﮅ
5. Офтоб ва моҳтоб ба ҳисоби муайян (дақиқ) дар ҳаракатанд.
آية رقم 6
ﮆﮇﮈ
ﮉ
6. Ва ситорагон дар осмон ва дарахтон дар замин медонанд Парвардигорашонро ва саҷдааш мекунанд. (Ва сар фуруд меоранд ба амри Холиқашон барои масолеҳи бандагонаш.)(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/828
آية رقم 7
ﮊﮋﮌﮍ
ﮎ
7.Ва осмонро болои замин барафрохт ва дар замин тарозуи адлро муайян кард (ва бандагонашро амр кардааст,)
آية رقم 8
ﮏﮐﮑﮒ
ﮓ
8. то дар тарозу таҷовуз (хиёнат) макунед.
آية رقم 9
ﮔﮕﮖﮗﮘﮙ
ﮚ
9. Вазн карданро ба адолат риъоя кунед ва аз тарозу мазанед!
آية رقم 10
ﮛﮜﮝ
ﮞ
10. Ва заминро барои мардум паҳн кард, то дар он ҷойгир шаванд.
آية رقم 11
ﮟﮠﮡﮢﮣ
ﮤ
11. дар он меваҳост ва дарахтони дорои ғилоф (пӯсти) хурмост.
آية رقم 12
ﮥﮦﮧﮨ
ﮩ
12. Ва дар он донаҳои баргдор ва райҳон аст барои шумо ва чаҳорпоёни шумо.
آية رقم 13
ﮪﮫﮬﮭ
ﮮ
13. Пас, кадом як аз неъматҳои динӣ ва дунявии Парвардигоратонро (эй гурӯҳи ҷин ва инсонҳо) дурӯғ мешуморед?(1)
1. Чи хуб ҷавоб додаанд ҷинҳо ҳангоме, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои онҳо ин сураро тиловат мекарданд, пас ҳар вақте ки ин оятро мехонданд, ҷинҳо мегуфтанд: "Эй Парвардигори мо чизеро аз неъматҳоят дурӯғ намешуморем, пас аз они Туст ҳамд ва сано." Инчунин бояд банда ҳар вақте ки бар ӯ хонда шавад неъматҳои Парвардигораш онро иқрор кунад ва Парвардигорашро шукр ва сано гӯяд. Тафсири Саъдӣ 1/828
آية رقم 14
ﮯﮰﮱﯓﯔ
ﯕ
14. Аллоҳ таъоло инсонро (Одам алайҳис салом) аз гили хушкшудае чун сафол биёфарид.
آية رقم 15
ﯖﯗﯘﯙﯚﯛ
ﯜ
15. Ва ҷин (Иблис)-ро аз шӯълаи оташ офарид.
آية رقم 16
ﯝﯞﯟﯠ
ﯡ
16. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй гӯруҳи ҷин ва инсонҳо) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 17
ﯢﯣﯤﯥ
ﯦ
17. Ӯ субҳонаҳу ва таъоло Парвардигори ду машриқ ва ду мағриб: (Яъне офтоб дар фасли зимистон машриқу мағрибе дорад ва дар тобистон машриқ ва мағриби дигаре дорад. Пас ҳама зери тадбир ва халқияти Ӯст)(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/830
آية رقم 18
ﯧﯨﯩﯪ
ﯫ
18. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 19
ﭑﭒﭓ
ﭔ
19. Ду баҳрро дар баробари ҳам равона кардааст (ширин ва шӯр), то ба ҳам якҷо шаванд.
آية رقم 20
ﭕﭖﭗﭘ
ﭙ
20. Миёнашон пардаест, то ба ҳам омехта намешаванд, (балки ширин, ширин ва шӯр, шӯр боқӣ мемонад бо вуҷуди як ҷо будан).
آية رقم 21
ﭚﭛﭜﭝ
ﭞ
21. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 22
ﭟﭠﭡﭢ
ﭣ
22. Аз он ду баҳр ба қудрати Аллоҳ марвориду марҷон берун меояд.
آية رقم 23
ﭤﭥﭦﭧ
ﭨ
23. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 24
ﭩﭪﭫﭬﭭﭮ
ﭯ
24. Ва аз они Ӯст киштиҳои равоншаванда монанди кӯҳ дар баҳрҳо.
آية رقم 25
ﭰﭱﭲﭳ
ﭴ
25. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 26
ﭵﭶﭷﭸ
ﭹ
26. Ҳар чӣ ки бар рӯи замин аст аз махлуқот, фонӣ (тамом) шуданист.
آية رقم 27
ﭺﭻﭼﭽﭾﭿ
ﮀ
27. Ва дар охир рӯи Парвардигорат, ки соҳиби бузургиву инъом аст, боқӣ мемонад.(1)
1. Дар ин оят исботи сифати руйи Аллоҳу таъоло омадааст, ки лоиқ ба худаш мебошад, бемисл ва бемонанд.
آية رقم 28
ﮁﮂﮃﮄ
ﮅ
28. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 29
29. Мепурсанд ҳоҷатҳои худро аз Аллоҳ, ҳар чизе, ки дар осмону замин аст. Ҳар рӯз Ӯ дар корест: Азиз мекунад ва хор мекунад, медиҳад ва манъ мекунад ҳар касеро, ки хоҳад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/830
آية رقم 30
ﮒﮓﮔﮕ
ﮖ
30. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 31
ﮗﮘﮙﮚ
ﮛ
31. Ба зудӣ барои ҳисобу ҷазои шумо амалҳое, ки дар дунё кардаед эй инсу ҷин, мепардозем! Пас гунаҳгоронро азоб мекунем ва тоъаткоронро савоб
медиҳем.(1)
медиҳем.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/830
آية رقم 32
ﮜﮝﮞﮟ
ﮠ
32. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 33
33. Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки бигрезед аз қазо ва қадари Ӯ аз гӯшаву канораҳои осмонҳову замин, пас бигрезед! Вале натавонед гурехт, магар бо доштани қудрат ва ҳуҷҷате аз ҷониби Аллоҳ.(1)
1. Чи гуна метавонед кард, ҳол он, ки молики фоида ва зарари худ нестед? Тафсири Саъдӣ 1/830
آية رقم 34
ﯔﯕﯖﯗ
ﯘ
34. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 35
35. Бар шумо шӯълае аз оташ фиристода шавад ва миси гудохташуда бар саратон рехта шавад, пас, ҳаргиз натавонед якдигарро ёрӣ кард. (Эй гурӯҳи ҷин ва инс).(1)
1. Тафсири Табарӣ 23/48
آية رقم 36
ﯢﯣﯤﯥ
ﯦ
36. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 37
ﯧﯨﯩﯪﯫﯬ
ﯭ
37. Пас чун дар рӯзи қиёмат осмон бишикофад онгоҳ монанди гули сурх, ҳамчун равған гудохта шавад.
آية رقم 38
ﯮﯯﯰﯱ
ﯲ
38. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 39
39. Пас он рӯзи қиёмат ҳеҷ инсон ва ҷинне аз гуноҳаш пурсида намешавад, то гуноҳаш маълум гардад, зеро Аллоҳ таъоло гуноҳашонро медонад.
آية رقم 40
ﯼﯽﯾﯿ
ﰀ
40. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 41
ﰁﰂﰃﰄﰅﰆ
ﰇ
41. Фариштагон гунаҳкоронро аз қиёфаи чеҳраашон мешиносанд ва аз мӯи пеши сар ва пойҳояшон мегиранду пас ба дӯзах мепартоянд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/831
آية رقم 42
ﭑﭒﭓﭔ
ﭕ
42. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 43
ﭖﭗﭘﭙﭚﭛ
ﭜ
43. Ба он гунаҳкорон (аз рӯи сарзаниш ва таҳқир) гуфта шавад: Ин ҳамон ҷаҳаннамест, ки гунаҳкорон дар дунё дурӯғаш мепиндоштанд.
آية رقم 44
ﭝﭞﭟﭠﭡ
ﭢ
44. Байни он (дӯзах) ва оби гарми ҷӯшон давр мезананд, гоҳо дар он азоб карда мешаванд ва гоҳо нӯшонида мешаванд аз ҳамим.(1)
1. Ҳамим, обест бениҳоят ҷушонида, ки рудаҳоро канда мекунад). Тафсири Табарӣ 23\54
آية رقم 45
ﭣﭤﭥﭦ
ﭧ
45. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 46
ﭨﭩﭪﭫﭬ
ﭭ
46. Ва барои касе, ки аз истодан дар ҳузури Парвардигораш тарсидааст, ду биҳишт аст.
آية رقم 47
ﭮﭯﭰﭱ
ﭲ
47. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 48
ﭳﭴ
ﭵ
48. Ин ду ҷаннат соҳиби шоху навдаҳои бешуморанд (яъне, сермева ва серсояанд).
آية رقم 49
ﭶﭷﭸﭹ
ﭺ
49. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 50
ﭻﭼﭽ
ﭾ
50. Дар он ду ҷаннат, ду чашмаи об ҷорист.
آية رقم 51
ﭿﮀﮁﮂ
ﮃ
51. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 52
ﮄﮅﮆﮇﮈ
ﮉ
52. Дар он ду ҷаннат аз ҳар гуна мевае ду навъ аст(1).
1. Ҳар навъ лаззат ва ранги дигаре дорад.
آية رقم 53
ﮊﮋﮌﮍ
ﮎ
53. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 54
54. Ва барои онон, ки аз Парвардигорашон тарсиданд: ду ҷаннат аст, ки дар он ба некӯи зиндагӣ мекунанд, такя зада бар бистарҳое, ки астараш аз ҳариру абрешими соф бошад ва меваҳои он ду биҳишт дар наздикашон бошанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/831
آية رقم 55
ﮚﮛﮜﮝ
ﮞ
55. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 56
56. Дар он кохҳо ҳуроне бошанд чашм фурӯшиста(1) ки пеш аз шавҳаронашон дар ҷаннат дасти ҳеҷ инсон ва ҷин ба онҳо нарасидааст.
1. Яъне, фақат ба шавҳарони худ нигаранд.
آية رقم 57
ﮩﮪﮫﮬ
ﮭ
57. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 58
ﮮﮯﮰ
ﮱ
58. Гӯё, он ҳурон, (яъне ҳамсарон дар ҳусну ҷамол) монанди ёқуту марҷон бошанд.
آية رقم 59
ﯓﯔﯕﯖ
ﯗ
59. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 60
ﯘﯙﯚﯛﯜ
ﯝ
60. Оё подоши касе, ки дар дунё амали нек кардааст, ҷуз некӣ кардан ба ӯст? Ва он некӣ дар охират ҷаннат аст.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/831
آية رقم 61
ﯞﯟﯠﯡ
ﯢ
61. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 62
ﯣﯤﯥ
ﯦ
62. Ва ғайри он ду биҳишт, боз ду биҳишти дигар аст.
آية رقم 63
ﯧﯨﯩﯪ
ﯫ
63. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 64
ﯬ
ﯭ
64. Ин ду ҷаннат сабз ва хурраманд, ҳатто аз ғояти (шиддати) сабзӣ моил ба сиёҳианд.
آية رقم 65
ﯮﯯﯰﯱ
ﯲ
65. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 66
ﯳﯴﯵ
ﯶ
66. Дар он ду ҷаннат, ду фаввораи обе аст, ки ҳеҷ гоҳ обаш канда намешавад.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 7/457
آية رقم 67
ﯷﯸﯹﯺ
ﯻ
67. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 68
ﯼﯽﯾﯿ
ﰀ
68. Дар он ду биҳишт, меваҳои гуногун ва дарахти хурмо ва анор ҳаст.
آية رقم 69
ﰁﰂﰃﰄ
ﰅ
69. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 70
ﭑﭒﭓ
ﭔ
70. Дар он биҳиштҳо занони нексирату зеборӯй ҳастанд.
آية رقم 71
ﭕﭖﭗﭘ
ﭙ
71. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 72
ﭚﭛﭜﭝ
ﭞ
72. Ҳурони нигаҳдошта дар хаймаҳо.
آية رقم 73
ﭟﭠﭡﭢ
ﭣ
73. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯг мешуморед?
آية رقم 74
ﭤﭥﭦﭧﭨﭩ
ﭪ
74. Дасти ҳеҷ инсон ва ҷин пеш аз онҳо дар дунё ба онҳо нарасидааст.
آية رقم 75
ﭫﭬﭭﭮ
ﭯ
75. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед?
آية رقم 76
ﭰﭱﭲﭳﭴﭵ
ﭶ
76. Дар ҳоле, ки болиштҳои сабз ва бистарҳои некую зебо такя задаанд.
آية رقم 77
ﭷﭸﭹﭺ
ﭻ
77. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯт мешуморед?
آية رقم 78
ﭼﭽﭾﭿﮀﮁ
ﮂ
78. Бисёр бузург ва пурбаракот аст номи Парвардигори ту, он соҳиби бузургии комил ва икромкунандаи дӯстонаш мебошад!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/831
تقدم القراءة