Ва касоне, ки ба онон китоби осмонӣ додаем, аз он чи бар ту нозил шудааст, шодмон мешаванд ва бархе аз гурӯҳҳо[-и аҳли китоб] бахше аз онро инкор мекунанд. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки ман дастур ёфтаам, Аллоҳро бипарастам ва ба Ӯ ширк наварзам, ба сӯйи Ӯ даъват мекунам ва бозгаштам ба сӯйи Ӯст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
36. Ва касоне, ки ба онҳо(1) китоби Таврот ва Инҷилро додаем ва ба муқтазои китобашон амал мекунанд аз он чӣ ба сӯи ту нозил шуда шод мешаванд. Ва аз он ҷамоати кофирон(2) касоне ҳастанд, ки бахше аз онро инкор мекунанд. Бигӯ: «Ман амр шудаам, ки танҳо Аллоҳи якторо бипарастам ва ба Ӯ ширк наёварам. Ба сӯи Ӯ даъват мекунам ва бозгашти ман ба сӯи Ӯст!
____________________
1. Ба монанди Абдулло ибни Салом, ки яҳудӣ буд ва Наҷҷошӣ, ки насронӣ буд. 2. Ба монанди ду роҳбари насорои Наҷрон Усайд ва Оқиб ва низ монанди Каъб ибни Ашраф.
____________________
1. Ба монанди Абдулло ибни Салом, ки яҳудӣ буд ва Наҷҷошӣ, ки насронӣ буд. 2. Ба монанди ду роҳбари насорои Наҷрон Усайд ва Оқиб ва низ монанди Каъб ибни Ашраф.
الترجمة الطاجيكية
وَٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يَفۡرَحُونَ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَۖ وَمِنَ ٱلۡأَحۡزَابِ مَن يُنكِرُ بَعۡضَهُۥۚ قُلۡ إِنَّمَآ أُمِرۡتُ أَنۡ أَعۡبُدَ ٱللَّهَ وَلَآ أُشۡرِكَ بِهِۦٓۚ إِلَيۡهِ أَدۡعُواْ وَإِلَيۡهِ مَـَٔابِ
Аҳли китоб аз он чӣ бар ту нозил шуда, шодмонанд. Ва аз он ҷамоъат касоне ҳастанд, ки баъзе аз онро инкор мекунанд. Бигӯ: «Ман амр шудаам, ки Худои якторо бипарастам ва ба Ӯ ширк наёварам. Ба сӯи Ӯ даъват мекунам ва бозгашти ман ба сӯи Ӯст!
Tajik - Tajik translation