Ва ҳангоме ки ба [чоҳи] оби Мадян расид, бар сари чоҳ гурӯҳе аз мардумро дид, ки [чаҳорпоёни худро] об медиҳанд ва наздики онон ду занро дид, ки [гӯсфандонашонро] канор мекашиданд [ва аз дигарон фосила мегирифтанд. Мӯсо] гуфт: «Шумо чи мекунед? [Чаро гӯсфандони худро об намедиҳед.] Онон гуфтанд: «Мо [ба рамаи худ] об намедиҳем, то ин чӯпонҳо бозгарданд [ва музоҳимамон набошанд]. Падарамон пирамарде куҳансол аст [ва тавоноии ин корро надорад]»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
23. Чун ба оби чоҳи шаҳри Мадян расид, гурӯҳе аз мардумро дид, ки чорпоёни худро об медиҳанд ва дар канори онҳо ду занро дид, ки гӯсфандони худро бозмедоранд ва ба чоҳ наздик намешаванд, Мӯсо гуфт: «Шумо чӣ мекунед, чаро гӯсфандони худро об намедиҳед?» Гуфтанд: «Мо онҳоро об намедиҳем, то он гоҳ ки чӯпонҳо бозгарданд ва бираванд, ки падари мо пири кӯҳансол аст ва тавоноии ин корро надорад.»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\614
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\614
الترجمة الطاجيكية
وَلَمَّا وَرَدَ مَآءَ مَدۡيَنَ وَجَدَ عَلَيۡهِ أُمَّةٗ مِّنَ ٱلنَّاسِ يَسۡقُونَ وَوَجَدَ مِن دُونِهِمُ ٱمۡرَأَتَيۡنِ تَذُودَانِۖ قَالَ مَا خَطۡبُكُمَاۖ قَالَتَا لَا نَسۡقِي حَتَّىٰ يُصۡدِرَ ٱلرِّعَآءُۖ وَأَبُونَا شَيۡخٞ كَبِيرٞ
Чун ба оби Мадян расид, гурӯҳе аз мардумро дид, ки чорпоёни худро об медиҳанд ва пушти сарашон ду занро дид, ки гӯсфандони худро бозмеронанд, Гуфт: «Шумо чӣ мекунед?» Гуфтанд: «Мо об намедиҳем, то он гоҳ, ки чӯпонон бозгарданд, ки падари мо пире бузургвор аст».
Tajik - Tajik translation